Шаммае аз рӯзгор ва осори Ғанӣ Абдулло

№8 (4428) 08.01.2022

Gani_abdulloКафи хоке, ки нигоҳи ҳамабин пайдо кард,

Дар замираш ҷигаролуда фиғон мебояд.

Иқбол

 Пас аз Инқилоби Октябр яке аз навъҳои адабӣ, ки дар ҷомеаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба таври фаврӣ аҳамият пайдо кард, асарҳои драмавӣ мебошанд. Дар асарҳои саҳнавӣ андеша, эҳсос, эҳтироси инсон ба воситаи зиддият, низоъ, моҷаро, амалиёт ва муколамаву монологи байни қаҳрамонҳо ба тамошобин расонида мешавад.

Дар Тоҷикистони шӯравӣ асосан аз солҳои 60-уми қарни ХХ жанри драма дар ҳаёти фарҳангии мардум мавқеашро устувор намуд. Дар он солҳо аксар нависандагон ва шоирони машҳур ба ин жанр рӯ оварда, баҳри ташаккул ва рушди он саҳм гузоштаанд. Яке аз онҳо Ғанӣ Абдулло мебошад.

Ӯ соли 1912 дар оилаи тоҷири соҳибном Абдуллоҷони Абдухолиқ дар шаҳри Самарқанд ба дунё меояд. Баъд аз дарёфти маълумоти мутавассита дар Донишкадаи адабиёти Академияи педагогии шаҳри Боку таҳсилро давом медиҳад ва аз ҳамон ҷо ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Душанбе мефиристанд. Ин боис мегардад, ки ҳаёти минбаъдаи Ғанӣ Абдулло ба шаҳри Душанбе ва миллати тоҷик пайваст гардад.

Ҳамин тавр, вай дар Комиссариати маорифи халқ ва шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ба кор шурӯъ намуд. Ӯ, ҳамчунин, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии шаҳри Душанбе, дар Иттифоқи нависандагон ва баъдан дар Театри академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси ходими адабӣ фаъолият намудааст.

Ғанӣ Абдулло аз овони наврасӣ ба адабиёту ҳунар таваҷҷуҳи хос дошт. Дар 19-солагӣ аввалин маҷмӯаи шеър­ҳояш «Курулиш сатрлари» «Сатр­ҳои нотамом»-ро соли 1931 дар Боку ба забони туркӣ дастраси хонандагон гардонид. Соли 1933 маҷмӯаи дуюми шеърҳояш бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Бо номи Ведудинг» ва соли 1935 маҷмӯаи «Садо» ва достони «Ду соҳил» ба чоп расиданд.

Он солҳо Ғанӣ Абдулло ба омӯзиши ҷараёнҳои адабӣ — эстетикӣ рӯ оварда, якчанд мақолаи илмӣ, ба монанди «Устоди бузурги мо» (дар бораи М. Горкий), «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ», «Дар бораи баъзе масъа­лаҳои драматургия» чоп намуд. Ҳамин ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ӯро ба эҷоди асарҳои драмавӣ раҳнамун сохт. Дар он давра асарҳои драмавӣ хеле кам буданду муҳити адабию фарҳангӣ ба драманависон ниёз дошт. Шояд фаъол набудани театрҳои касбӣ нависандаро вазифадор намуд, ки баҳри ташаккули ин жанр қаламфарсоӣ намояд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон солҳои 30-40-уми қарни ХХ аз сабаби собиқаи на он қадар бой доштан ба жанри драма камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд. Ғанӣ Абдулло вижагиҳои жанри драмаро дар заминаи асарҳои М. Горкий ва Ҷ. Икромӣ омӯхта, баҳри роҳ кушодан ба ташаккули он иқдом намуд. Аввалин пиесаи ӯ бо номи «Вахш» соли 1933 навишта шуда, соли 1934 бо номи «Водии бахт» рӯи саҳна омад.

Ғанӣ Абдулло соли 1935 бо ҳамқаламии Абдушукур Пирмуҳаммадзода асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб», соли 1937 ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода пиесаи «Хусрав ва Ширин» ва соли 1936 пиесаи таърихии «Шӯриши Восеъ»-ро навишта, барои ба саҳна гузоштан пешниҳод намуд. Аз ин рӯ, метавон Ғанӣ Абдуллоро яке аз поя­гузорони драматургияи тоҷик ҳисобид.

Ба назари мо рӯ овардани Ғанӣ Абдулло ба мавзӯъҳои таърихӣ ба бархе аз соҳибмақомони замон мувофиқ наомад. Театри тоҷик ба намоишномаҳои таърихӣ ниёз дошта бошад ҳам, ба баъзе сиёсатмадорони он вақт донистани таърихи гузашта писанд намеомад. Онҳо мехостанд, ки насли онрӯзаи шӯравӣ арзишҳои миллиро фаромӯш намуда, фарҳанги бегонаро мавриди тарғибу ташвиқ қарор диҳанд. Бинобар ин, фаъолияти эҷодии Ғанӣ Абдулло дар доираҳои тақдирсӯзи ҷомеаи шӯравӣ мавриди «таҳқиқ» қарор гирифта, аз зери ҳар нуқтаву ҳар вергули асарҳояш айбҷӯиву туҳматбофӣ оғоз гардид. Ҳамин буд, ки соли 1937 ӯву ҷумлаи ақрабояш ба ҳабс гирифта шуда, соли 1938 ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ин фоҷиа кам буд, ки ҳангоми дар маҳбас қарор дош­тани Ғанӣ Абдулло зидди ӯ як қатор мақолаҳои туҳматангез низ навишта шуд, ки ӯро ҳукми марг таҳдид мекард.

Аксари муҳаққиқони эҷодиёти Ғанӣ Абдулло сабаби ҳабс шудани ӯро ба пиесаи «Водии бахт» ва «Шӯриши Восеъ» нисбат медиҳанд. 22 октябри соли 1937 ба имзои Қ.  Аҳрорӣ, М. Юлдошев, 28 сентябр бо имзои «Ду рафиқ» мақола чоп шуда, Ғанӣ Абдуллоро «яке аз душманони ашаддии халқ ва Ҳокимияти Советӣ» эълон мекунанд. Зеро дар он рӯзгор касе, ки рӯ ба таърихи ниёкон меовард, барои режими шӯравӣ «душмани халқ» ҳисобида мешуд. Адибоне, ки аз таърихи халқ фосила меҷустанд, барои худро аз таҳдидҳои сиёсатмадорон эмин доштан, ба таҳияи туҳматномаҳои ҳамқаламон камар баста буданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ муаллифони мақолаҳои туҳматангез воқеиятро зери по карда, дар ҳаққи Ғанӣ Абдулло навишта буданд: «Душмани халқ Ғанӣ Абдулло дар «Водии бахт» ном асараш Ҳукумати Советӣ ва коммунистонро айбдор кардааст». Ва ё пиесаи «Восеъ» — ро «асари зиддисоветӣ» ҳисобида буданд. Ҳамчунин, дар қатори ӯ М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ низ дар зери фишори туҳматгарон қарор доштанд.

Адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнонов зимни пажӯҳиш порае аз он туҳматномаро овардааст: «Турсунзода бо Ғанӣ Абдулло ва Деҳотӣ чандин маротиба ба Самарқанд рафта, он вақтҳо ҳамаашон майхӯрӣ ва суҳбат кардаанд, Турсунзодаи дурӯя то ҳол аз ин хусус даҳан накушодааст». Ҳамин тариқ, ба Турсунзодаву Деҳотӣ низ хавфи «душмани халқ» шудан таҳдид мекард. Аз ҷумла, Самад Ғанӣ дар мақолаи «Оқибатҳои зараррасониро барҳам дода, ҳушёрии синфиро ба дараҷаи баланд бардорем» навишта буд: «Аксулинқилобчӣ Ғанӣ Абдулло «тамғаи драматургӣ»-ро ба гардан овехта, зарари бисёре расонид. «Водии бахт» ва «Восеъ» ном асарҳои зиддисоветии он ки фақат ба душманон фоида расонда метавонанд, бо ёрдами директори собиқи театр, душмани халқ Бобоҷонов ба саҳна гузошта шуданд. Душманони халқ Ш. Шоҳтемур, А. Раҳимбоев, Н. Махсумов, М. Расулӣ бардор — бардор карда, ба мукофотҳои баланд соҳиб кунонданд. Лекин мо то ҳол ҳам башараи эҷодии ин мурдорҳоро дар чашми омма кушода надодаем».

Бо вуҷуди азобу машаққати тоқатфарсо Ғанӣ Абдулло даҳ солро дар маҳбас сипарӣ намуда, соли 1947 ба озодӣ баромад. Аз рӯи мушоҳидаҳои адабиётшинос А. Абдуманнонов маълум мегардад, ки «Аввалин асаре, ки Ғанӣ Абдулло баъд аз баргаштан ба фаъолияти адабӣ навиштааст, песаи «Пеш аз субҳ» (соли 1949) буд, ки тақдири пурфоҷиаи мардуми тоҷикро дар даврони гузаштаи пеш аз Инқилоби Октябр тасвир мекард».

Баъди солҳои 60 — уми асри ХХ дар эҷодиёти Ғанӣ Абдулло давраи нав оғоз мешавад. Акнун ӯ мавзӯъҳои таърихӣ ва замонро хеле боэҳтиёт ва ба сиёсати рӯз мутобиқ намуда, эҷод мекард. Зеро дар даҳлезҳои Ҳукумат ва Иттифоқи нависандагон «душманони худшиносии миллӣ» ҳанӯз даврон меронданд. Вале ӯ ҳар асаре, ки эҷод менамуд, манфиати халқу миллатро ҳамеша дар мадди назар қарор медод. Барои ӯ эҳтироми халқу миллат аз ҳама гуна мукофоту ҷоиза беҳтар ва болотар буд.

Солҳои 80 ва ибтидои солҳои ­90-и қарни ХХ саҳнаи театри тоҷикро пиесаҳои таърихию замонавии Ғанӣ Абдулло ҳусну таровати тоза бахшиданд. А. Абдуманнонов он ҳодисаи фарҳангиро ба мушоҳида гирифта, Ғанӣ Абдулло ва асарҳои драмавии ӯро чунин баҳогузорӣ мекунад: «Як қатор пиесаҳое ки солҳои 60-уми садаи ХХ офаридааст, ба мавзӯи таърих марбутанд. Аз ҷумла, пиесаи «Тӯфон» (1964 — бо ҳамроҳии Шамсӣ Қиёмов), «Ҳуррият» (1964), «Абдулло Раҳимбоев» (1969) ва «Сарбозони инқилоб» (1970) ба ҳодисаю воқеаҳои Инқилоби Октябр бахшида шудаанд». Дар он асарҳо қисмати фарзандони тоҷик дар замони инқилоб хеле воқеъбинона ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Инчунин, як силсила драмаҳои таърихӣ, ки ба ҳаёту фаъолияти шоирону нависандагон ва шахсиятҳои барҷастаи давлатӣ бахшида шудаанд, ба монанди драмаи «Ҷомӣ ва Навоӣ», ба устод Садриддин Айнӣ «Шамъи маърифат», ба устод Лоҳутӣ «Мурғи саҳар» ва ба Ш. Шоҳтемур «Ситораҳои умед» эҷодиёти ӯро рангин сохтаанд.

Драматург Ғанӣ Абдулло дар баробари офаридани асарҳои драмавӣ ба тарҷума низ машғул шудааст. Аз ҷумла, асарҳои адибони машҳури рус А. Островский «Духтари бебисот», К. Симонов «Ҷавоне аз шаҳри мо», А. Корнейчук «Платон Кречет», А. Попов «Оила», асари адиби намоёни Ҳиндус­тон Робиндранат Такур «Қурбонӣ» ва ғайраро ба забони тоҷикӣ гардондааст, ки ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ то ҳол ба саҳна мегузоранд.

Дар зиндагиномаи Ғанӣ Абдулло ин нукта низ ҷолиб аст. Ӯ баъди ҳабси тӯлонӣ соли 1955 ба шаҳри Душанбе баргашт. Баъди як соли дигар бо вуҷуди он ҳама туҳмату азобҳояш, ки бадхоҳон дар ҳаққаш раво диданд, «14-уми августи соли 1956 аз ҷониби Трибунали ҳарбии округи Туркманис­тон таҷдиди назар шудани дафтари аъмол ва бегуноҳ донистанаш» ба ӯ қуввату илҳоми нав бахшид. Аз нав соли 1963 ба узвияти Ҳизби коммунист дохил шуд. Соли 1965 хидматҳои ӯро бо унвони «Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1972 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр намуданд.

Ӯ вакили Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ (1934) мебошад. Соли 1984 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Номи нек ва асарҳои безаволи ӯ дар саҳифаҳои дурахшони таърих ва фарҳанги тоҷик ба таври абадӣ ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибис­тиқлолии кишвар барои драматургони ҷавон асарҳои Ғанӣ Абдулло чун чароғи раҳнамо хизмат мекунанд.

Амирхӯҷа АБДУРАҲИМОВ,

номзади илми филология,

ходими калони шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИ ҶТ