«Антиваксер» кист ва чаро ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд?

№7 (4427) 06.01.2022

Антиваксерҳо нафаронеанд, ки ба қабули ваксинаҳо бар зидди COVID-19 муқобиланд. Мутаассифона, дар кишвар низ бархе бо сабаби ноогаҳӣ аз оқибатҳои беморӣ ва бовар кардан ба овозаҳои нодурусти баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё зарар доштан то ҳанӯз аз қабули ваксинаҳо худдорӣ мекунанд. Ин хабар барои онҳост.   

Бино ба иттилое, ки 29 ноябри соли гузашта «РИА Новости» бо истинод ба нашрияи «The Daily Mail» нашр кард, сокини Британияи Кабир, «антиваксер», ки дар маъракаи ваксинагузаронӣ бар зидди COVID-19 баромад менамуд, пеш аз марг аз ин амалаш сахт пушаймон гардидааст. Ӯ сокини 55-солаи шаҳри Малверн (вилояти Вустершир) Глинн Стил буда, аз эмгузаронӣ барои он даст кашид, ки ваксина дар ҳайвонот озмуда шудааст.

Охирҳои моҳи октябр санҷиши тестии ӯ ба коронавирус натиҷаи мусбат дод, ҳарчанд Глиннро танҳо аломатҳои шамолкашии одӣ нороҳат карда буданд. Вале пас аз муддате ҳолати ӯ бад гардида, 2 ноябр ҳамсараш Эмма маҷбур шуд, ба «Ёрии таъҷилӣ» занг занад. Бо сабаби норасоии мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» маҷбур шуд, шавҳарашро ба беморхонаи Вустершир расонад.

Табибон беморро дар шуъбаи эҳё ҷой дода, пас аз як ҳафта ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст намуданд, вале наҷот дода натавонистанд. Г.Стил 16 ноябр фавтид. Ҳамсараш Эмма мегӯяд, ки суханони охирини шавҳараш чунин буданд: «Ҳеҷ гоҳ худро чунин бад эҳсос накарда будам, мехостам маро ваксина кунанд».

Г. Стил пеш аз пайваст намуданаш ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ низ талаб намуд, ки ба ӯ ваксина гузаронанд, вале табибон гуфтанд, ки аллакай дер шудааст…

Ҳамсараш даъват ба амал овардааст, ки дигарон ҳатман ваксина қабул намоянд.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то охирҳои соли гузашта дар ҷаҳон беш аз 293 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфта, беш аз 5,45 миллион кас ҷон бохтаанд. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, дар Британияи Кабир 13,4 миллион шахс аз COVID-19 сироят ёфта, бештар аз 149 ҳазор нафар фавтиданд. Тавсияи олимону табибон ба ҳамаи онҳое, ки ҳанӯз бар зидди коронавирус ваксина қабул накардаанд, чунин аст: «Агар ҷон бароятон азиз аст, ваксина гиред!».

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»