Озмуни «Гӯрғулисароён»

№74(3375) 29.05.2015

Бо иқдом ва кумаку дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар дар маркази фароғатию фарҳангии «Мушфиқӣ»-и шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии ноҳия бахшида ба 100 — солагии гӯрғулисарои машҳури ҷумҳурӣ Ҳақназари Кабуд озмуни «Гӯрғулисароён» баргузор шуд. Дар озмун на танҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, балки аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сарояндаҳои ин достонҳои қаҳрамонӣ, далерию ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Тавре яке аз ташаббускорони ин иқдом Сафаралӣ Ҳалимов иброз намуд, мақсад аз гузаронидани чунин чорабинии фарҳангӣ гиромидошти гӯрғулисарои машҳури ҷумҳурӣ, муаллифи китоби силсиладостонҳои эпоси безаволи «Гӯрғулӣ» Ҳақназар Кабуд (ин китоб бо кӯшишу заҳмати фолклоршиноси машҳури ҷумҳурӣ Раҷаб Амонов таҳия ва чоп гардидааст) буд. Ҳамзамон пеши худ мақсад гузошта будам, ки ин достонҳои безавол туфайли ба саҳнаи ҳунар омадани сарояндагони ҷавони чунин достонҳои қаҳрамонӣ аз байн нараванд. Яъне, умри абадияти худро пайдо намоянд.

Воқеан Ҳақназари Кабуд яке аз шахсиятҳое буд, ки аксар достонҳои безаволи ин эпоси машҳури халқиро аз ёд медонист ва бо як санъату ҳунари хос онҳоро месароид. Аз ин рӯ, аксари достонҳои қаҳрамонии аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда писанди дӯстдорони фарҳангу ҳунар мегардиданд. Ӯ солҳои зиёд дар шаҳраки имрӯзаи ба номи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бохтар кору зиндагӣ ва эҷод намудааст. Ҳоло яке аз кӯчаҳои марказии шаҳрак номи ӯро дорад.

Қобили зикр аст, ки дар байни иштирокдорони озмун баробари пиронсолон насли миёнасол ва ҷавонон низ буданд. Иштирокчиён ва ғолибони озмуни «Гӯрғулисароён» аз ҷониби ташаббускорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Иштироки доираи васеи ҳаводорону тамошобинон аз он гувоҳӣ медод, ки хушбахтона, имрӯз ҳам дар байни мардум мухлисони ин гуна достонҳои қаҳрамонию диловарӣ хеле зиёданд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»