Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадами устувор ба сӯи барномаҳои стратегӣ

№13 (4433) 26.01.2022

Паёми Пешвои миллат, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, таҳлили соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро ҳамаҷониба фаро гирифта, водор месозад, ки барои ба даст овардани муваффақиятҳо ва пешравиҳои бештар саҳм гузорем.

Дарвоқеъ, солҳои соҳибистиқлолӣ рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, тадриҷан корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуданд. Хусусан, барои сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир 25000 иншоот, биноҳои истеҳсолию иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бунёд гардиданд, ки барои бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намудани сокинони кишвар мусоидат намуд.

Дар оғози соҳиб­истиқлолӣ се барномаи муҳими стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардид, ки барои некуаҳволии сокинони мамлакат равона шуданд. Ҳоло ин барномаҳо қисм ба қисм амалӣ шуда истодаанд.

Айни замон Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноаткунонии босуръати кишварро ба роҳ мондааст. Дар асоси ин ҳадаф Пешвои миллат солҳои 2022 — 2026 — ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Навсозии сохтории саноат, ки ба зиёдкунии ҳиссаи маҳсулоти дорои вазни қиёсии бештари арзиши иловашуда нигаронида шудааст, ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати фаъоли саноатии давлат арзёбӣ мегардад. Ба ин масъала дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.

Бо рушд ёфтани соҳаҳои алоҳидаи саноат ва коркарди захираҳои табиӣ, баровардани маҳсулоти тайёр ба бозори ҷаҳонӣ метавонад дар ояндаи наздик дар дохили ҷумҳурӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор боис гашта, ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат кунад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷумҳурӣ дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ гузаришро аз давлати аграрӣ ба давлати саноатӣ — аграрӣ амалӣ намуда, ҳоло талош дорад, ки саноатикунониро рушд дода, Тоҷикистонро ба давлати мутараққӣ ва дорои иқтисодиёти устувор мубаддал гардонад.

Дар назар аст, ки панҷсолаи оянда барои 500 ҳазор нафар ҷойи кор омода намудаву даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд гардад.

Пешвои миллат зимни суханрониашон масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва зиндагии арзандаи ­мардумро дар мадди аввал гузошта, таъсис додани ҷойҳои нави кор, ба андозаи муайян дар соҳаҳои алоҳида баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва идрорпулиҳоро дастур доданд.

 Дар ин ҷода, бист соли охир се ҳуҷҷати стратегӣ — паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

Ҳамчунин, дар Паём таъкид шуд, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молиявии давлат, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт. Зимнан, соли 2022-юм даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ ва рушди он дар ҳама соҳа, инчунин, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафҳои наздиктарин мебошанд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид.

Тоҳирҷон ХОЛОВ,

сармутахассиси шуъбаи молияи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон