Узви нави Маҷлиси миллӣ

Акнун масъулияти бештаре бар уҳда дорам

№20 (3166) 27.02.2014

(Бардоштҳо аз суҳбат бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев, доктори илмҳои техникӣ, профессор Имомёрбек Қаландарбеков)

DSC_1123 -Бояд иқрор шуд, ки то интихоб шуданам ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти тамоми иҷлосияҳои муштарак ва алоҳидаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароқи зиёд тариқи телевизион ва рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» тамошо ва мутолиа мекардам. Ҳар қонуни наве, ки ба соҳаҳои маориф, илм ва ҷавонон дахл дошта, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мешуд, дар донишгоҳ, умуман муассисаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва  таълимии ВМКБ тадриҷан амалӣ мекардем. Инак, шарафи баланде насибам гардид ва ман ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар баррасӣ ва ҷонибдории қонунҳои нав, ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ масъулияти бештаре хоҳам дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештаре карда, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти  баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад. Бинобар ин, мо раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ гардонида истодаем… …Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва хориҷ аз он таҳия намуда, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд». Вобаста ба ҳама талаботи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони сазовори соҳаи омӯзгорӣ ҳайати роҳбарият, профессорон, устодони  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев низ кӯшиш ба харҷ дода, шогирдони сазовори даврони навро ба камол мерасонанд, зеро донишгоҳ худ зодаи истиқлол аст ва ҳамагӣ бисту ду сол аст, ки арзи вуҷуд мекунад. Таърих борҳо исбот  намудааст, ки дар тамоми мамлакатҳои  соҳибтамаддун дар замони таҳаввулоти созандагӣ муассисаҳои  таълимӣ ҳамчун маркази муттаҳидкунандаи неруи зеҳниву ақлонӣ зуҳур намудаанд.  Донишгоҳи мо ҳамчун шарти муҳими инкишофи  ҷамъиятӣ бо рисолати пайванд намудани дирӯзу  имрӯз ва фардо  шогирдони имрӯзу ояндаро тарбия мекунад. Дар ин муддат донишгоҳи мо занҷири гусастаи ҳар водӣ ва дараи кӯҳистонро бо ҳам пайваст намуда, чун  машъалбардори маориф барои фурӯзон нигоҳ доштани чароғи маърифат хизмати босазо кардааст. Дар такомул, пешрафт ва тарбияи мутахассисон- олимони оянда ва мустаҳкам намудани  базаи моддӣ- техникии Донишгоҳи давлатии Хоруғ хизмати беназири нахустин ректори он, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хаёлбек Додихудоев, академик Мирганд Шаҳбозов, доктори илмҳои физикаву математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков хеле назаррас ва фаромӯшнашаванда аст. Солҳои аввал дар донишгоҳ ду факултет -гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ амал карда, дар соли нахустини таҳсил 200 нафар донишҷӯёнро ба оғӯш гирифт. Ба таълиму тарбияи онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла як нафар доктори илм ва шаш номзади илм, машғул буданд. Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Сардори давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи на чандон тӯлонии фаъолият ин боргоҳи илм ба маркази ҳақиқии илму маърифат табдил ёфт. Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев зиёда аз 3800 нафар ҷавонону духтарон аз навоҳии вилоят ба таҳсилу пажӯҳиш фаро гирифта шудаанд. Сохтори донишгоҳ рӯз то рӯз вусъат ёфта, алҳол дар ҳашт факултет аз рӯйи 41 ихтисос дар  шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯйи зинаҳои таҳсилоти олии бакалавр, магистратура ва мутахассис таҳсил ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи аспирантура 46 нафар мутахассисони ҷавонро ба таҳсил фаро гирифт. Дар донишгоҳ 21 кафедра амал менамояд, ки 280 нафар омӯзгорони соҳибихтисос ва ботаҷриба, аз ҷумла 12 нафар докторони илм ва 48 нафар номзадҳои илмро муттаҳид менамояд.

Қаландарбеков Имомёрбек 21 январи соли 1955 дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна  соли 1972 ба факултети сохтмони саноат ва граждании Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ) дохил шуда, онро соли 1977 бомуваффақият хатм намуд. Фаъолияти педагогӣ ва  илмиаш баъди хатми институт оғоз ёфтааст. Ӯ солҳои 1977- 1980 ассистенти кафедраи конструксияҳои оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1980- 1981 коромӯз- тадқиқотчӣ ва солҳои 1981- 1985 аспиранти Институти инженерию бинокории шаҳри Москва ба номи В.В.Куйбишев буд. Соли 1980 дар Институти инженерию бинокории шаҳри Москва ба номи В.В.Куйбишев рисолаи номзадиашро дифоъ кард. Минбаъд, солҳои 1985- 1988 муаллими калон ва солҳои 1988- 1993 дотсенти кафедраи  конструксияҳои оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1993- 1996 сардори шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи  М.Назаршоев, солҳои 1996-2000 мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, солҳои 2000- 2001 ҳамзамон проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, тиҷоратӣ ва тарбия, солҳои 2001 -2002 проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия, солҳои 2002- 2012 проректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев буд. Аз моҳи майи соли 2012 инҷониб ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев мебошад. Доктори илмҳои техникӣ (соли 2008), профессор (соли 2009). Узви вобастаи Академияи инженерии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2002). Профессор Имомёрбек Қаландарбеков бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2001) ва ордени «Шараф» дараҷаи II (соли 2004) мукофотонида шудааст. Имомёрбек Қаландарбеков 14 сентябри соли 2013 аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бояд зикр намуд, ки аз байни 48 нафар номзадҳои илм 36 нафар дастпарварони Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошанд. То имрӯз донишгоҳро зиёда аз даҳ ҳазор нафар донишҷӯён хатм намудаанд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Беш аз 5500 нафарашон номи бошарафи омӯзгорро соҳибӣ доранд. Қисме аз дастпарварони мо дар хориҷи кишвар ба таҳсил  ва кору тадқиқоти илмӣ машғуланд. Бешубҳа, ин мояи ифтихори роҳбарият ва устодони донишгоҳ аст. Ҳамаи ин муваффақиятҳои дар муддати кӯтоҳ ба дастомадаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, имкониятҳои донишгоҳро васеътар намуд. Донишгоҳ ҳоло дорои панҷ бинои таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ, лабораторияҳои таълимӣ, хобгоҳи чаҳорошёнаи замонавӣ, толорҳои барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ ва шабакаи Интернет мебошад. Барои ҷараёни  таълим дар ду баст ба 16 нафар донишҷӯй як адад компютер рост меояд. Хобгоҳи донишгоҳ бо як синфхонаи компютерии дорои шаш компютер ва толори хонишу китобхона таъмин мебошад. Китобхонаи  асосии донишгоҳ бо   105 000 нусха китобҳои илмӣ, техникӣ ва бадеӣ мукаммал гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи донишгоҳ масъалаи сохтмони «Шаҳраки  донишҷӯён»-ро ба нақша даровард, ки бо  пешниҳоди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки бо  дастгирии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар донишгоҳ барои солҳои таҳсили 2013- 2014 аз рӯйи 18 ихтисоси зарурӣ барои хоҷагии халқ қабули донишҷӯён ба роҳ  монда шуд. Акнун номгуйи ихтисосҳо ба 42 адад расид. Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархосту пешниҳодҳои моро ҳама вақт ҷонибдорӣ карда кумак мерасонад. Беҳдошти кору зиндагии устодони донишгоҳ ҳамеша зери назорат қарор дорад. Бо кумаки вазири маориф ва илм ва супориши раиси ВМКБ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  паркҳои техникӣ» барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони таҷрибаомӯзӣ дар ноҳияҳои вилоят барои донишгоҳ замин ҷудо шуд. Оянда мақсад дорем, ки дар ноҳияи Рӯшон маҳсулоти полезӣ, дар ноҳияи Дарвоз занбӯриасалпарварӣ, дар Ванҷ боғдорӣ ва ноҳияи Роштқалъа чорводориро ташкил намоем. Ноҳияи Шуғнон бошад, бо обҳои гарми табиӣ метавонад «Гармхона» ва Ишкошим макони осоишгоҳҳо гарданд. Робитаҳои илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо марказҳои илмии хориҷи кишвар сол то сол равнақ ёфта, устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар конфронсу симпозиумҳо ва семинарҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳову гузоришҳо баромад кардаанд. Бо ташаббуси шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон» аз 22 феврал то 3 марти соли 2013 ба шаҳри  Киеви Ҷумҳурии Украина сафари корӣ доштем. Ҳадаф аз ин сафар омӯзиш ва такмили таҷрибаи маорифчиёни Ҷумҳурии Украина доир ба  имтиҳонҳои ягонаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буд. Нахуст шиносоии мо бо кормандони Маркази мустақили баҳодиҳӣ оғоз ёфт. Ин марказ тӯли солҳои 2007- 2013 таҷрибаи зиёд андӯхтааст ва тарзи имтиҳонҳои нави дохилшавӣ ба мактабҳои олиро онҳо ба мо нишон доданд. Дар ин сафар бо раёсати Донишгоҳи миллии омӯзгории ба номи М.П.Драгоманова, ректори Донишгоҳи миллии Украина ба номи Т.Г.Шевченко, раёсати Донишгоҳи санъат ва дизайн,  ректори Донишгоҳи озоди Украина П.М.Таланчук вохӯриву мулоқотҳо анҷом додем. Сол то сол чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он талабот ба мутахассисони соҳаи гуногун меафзояд. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев талаботи вилоятро ба назар гирифта, бо дархост ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов муроҷиат кардем ва бо кумаки он кас барои солҳои таҳсили  2013- 2014-ум се ихтисоси нав, аз  ҷумла забони хитойӣ, информатика, ҳифзи наботот ва кори иҷтимоӣ ҷудо  намуданд. Барои он ки шубҳаҳо аз байн бардошта шаванд, дар давраи имтиҳонҳои қабул бо фармони ректор Комиссияи аппелятсионӣ ташкил шуд, ки аризаҳои аз тарафи довталабон воридшударо ҳаматарафа санҷида мебаромад. Дар давоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба Комиссияи аппелятсионӣ 29 ариза ворид гардид ва варақаҳои имтиҳонотии онҳо дар иштироки волидайнашон аз нав  санҷида шуданд. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамеша саҳмгузор буданд ва имрӯзҳо ҳам шарҳи қонунҳои нав аз ҷониби мутахассисони соҳа хуб ба роҳ монда шудааст. Соли равон дар назди мо -маорифчиён масъулияти бештаре истодааст: 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон  як рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, кӯшиш хоҳем кард, ки бо хониши хубу аъло ва дастовардҳои баланди илмӣ ин санаи фархундаро истиқбол гирем.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»