Тоҷикистон кишвари намунавии дорои «Иқтисоди сабз» хоҳад шуд

№12 (4432) 22.01.2022

DSC_8691Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21 ­декабри соли 2021 ироа гардид, хеле пурмуҳтаво буда, рушди мамлакат дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тайи панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то ду баробар зиёд карда шавад.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба ҳифзи олами набототу ҳайвонот, пок нигоҳ доштани обу замин ва ҳавои кишвар таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Чунончи, баҳори соли 1993 маъракаи ниҳолшинониро оғоз бахшида, сокинони мамлакатро ба ин кори хайру аз чанд ҷиҳат манфиатнок даъват намуданд.

Якум, дар он айёми ноором, ки баъзеҳо бар асари ҷанги шаҳрвандӣ аз зиндагӣ дилсард буданд, ниҳолшинонӣ шуълаи умед ба ояндаи нек маҳсуб меёфт. Дуюм, ниҳолшинонии Сарвари давлат аз он гувоҳӣ медод, ки посдоранда ва давомдиҳандаи анъанаи неки ниёкон ҳастанд. Зеро тоҷикон яке аз қадимтарин мардуми боғдору кишоварз маҳсуб меёбанд. Сеюм, ниҳолшинонӣ, дар баробари фаровонии маҳсулот, пурбаракат шудани дастархон, ширин гардонидани коми дигарон, инчунин, боиси зеботар гаштани диёр ва тоза шудани ҳавои кишвар мегардад.

Минбаъд якчанд пешниҳоди Сарвари давлат вобаста ба ҳифзи манбаъҳои об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфт. Пешвои миллат, инчунин, яке аз ҷонибдорони татбиқи «иқтисоди сабз» мебошанд. Дар ин хусус дар Паёмашон чунин иброз намуданд: «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд».

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ – энергетикӣ буда, қисми зиёди неруи барқ тавассути неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад. Ин нуктаро Сарвари давлат чунин баён намуданд: «Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об, истеҳсол гардида, Тоҷикис­тон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад».

Президенти мамлакат мужда доданд, ки дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди НБО «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат 4 ҳазор мегаватт афзоиш меёбад.

Яке аз манбаъҳои бузурги табиии энергия неруи офтоб ба шумор меравад. Ба гуфти олимон, соле ба замин 173 миллион гигаватт энергияи офтоб мерезад, ки аз талаботи сокинони сайёра ба энергия 10000 маротиба зиёд аст. Ҳоло дар боми бисёр хонаҳои кишварҳои Аврупо панел ва обгармкунакҳои офтобӣ насб шудааст. Сарвари оқилу дурандеши мамлакат аҳамияти ин манбаи бузурги энергияро чунин бозгӯйӣ намуданд: «Истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол, ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии се лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешавад».

Мувофиқи маълумоти омор, дар 20 соли охир истеҳсол ва тавоноии неругоҳҳои барқи шамолӣ дар ҷаҳон 75 маротиба афзудааст. Дар кишвар ноҳияҳои Мурғоб, Шамсиддини Шоҳин, Файзобод, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи обанбори Қайроққум барои бунёди неругоҳҳои шамолӣ бисёр қулай мебошанд.

Энергияи офтобро, инчунин, метавон ҳангоми кашидани оби зеризаминӣ бо мақсади кишоварзӣ истифода бурд. Чунин таҷриба дар кишварҳои арабӣ ва Ҷумҳурии Туркманис­тон васеъ истифода мешавад. Бо ин усул метавон дар ҷумҳурӣ садҳо гектар замини лалмиро обёрӣ кард.

Бартарии таҷҳизоти офтобию шамолӣ дар он аст, ки зимни истифода аз онҳо ба кашидани хатҳои барқу насби симчӯб ҳоҷат намемонад.

Пешвои миллат солҳои 2022 — 2026 — ро «Солҳои рушди саноат» эълон карда, зикр намуданд, ки то соли 2026 бояд 500 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфта, даромади аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шавад. Сарвари давлат дар ин самт истифода аз «энергияи сабз» — ро махсус таъкид намуда, чунин қайд карданд: «Дар самти рушди соҳаи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, таъмин гардида, дар ин замина, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад».

Зимни истифода аз «энергияи сабз» пайравӣ ба кишварҳои пешрафта самара­овар хоҳад буд. Масалан, 15 сол пеш шаҳрдории Барселонаи Испания қарор қабул намуд, ки мувофиқи он ширкатҳои сохтмонӣ уҳдадор шуданд то дар боми иморатҳои навбунёд таҷҳизоти офтобӣ насб намоянд. Бо ин усул тавассути обгармкунакҳои офтобӣ 60 фоизи талаботи сокинон бо оби гарм таъмин гардид. Барои насб накардани таҷҳизоти офтобӣ 30 миллион евро ҷарима муайян шудааст. Таҷрибаи мазкурро дар 35 шаҳри Испания ва дигар кишварҳои аврупоӣ қабул намуданд. Истифода аз чунин таҷриба дар кишвари мо низ муфид хоҳад буд. Зеро дар Тоҷикистон соле зиёда аз 300 рӯз офтобӣ аст. Мувофиқи маълумоти сомонаи «News renewables», аз соли 1980 нархи таҷҳизоти офтобӣ дар ҷаҳон 100 маротиба арзон шуда, ин раванд идома дорад.

Ҷумҳурии мо барои татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаҳои энергетикаву саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сохтмон имкони зиёд дорад. Бешубҳа, амалисозии нақшаю лоиҳаҳои пешбинишуда Тоҷикистонро ба кишвари намунавии дорои «иқтисоди сабз» табдил хоҳад дод.

Фазлиддин ИКРОМӢ,

муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон