Туризми дохилӣ. Чаро муносибат ба он набояд дуюмдараҷа бошад?

№152 (3632) 15.12.2016

DSC_1179Соҳаи туризм яке аз бузургтарин бахшҳои иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, босуръат рушд мекунад. Дар хусуси дурнамои соҳа ва заминаҳои қонунгузории он дар мамлакат бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён мусоҳиб шудем.

- Кишвари мо иқлими муътадил, манзараҳои зебову дилпазир, обҳои маъданию чашмаҳои гарм ва ёдгориҳои таърихию табиии зиёд дорад. Чӣ бояд кард, ки аз ин неъматҳо самаранок истифода барем?

- Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба манбаъҳои гуногуни ба рушди иқтисодӣ мусоидаткунанда ниёз дорад. Яке аз чунин манбаъҳо соҳаи туризм мебошад. Соли 2015 дар ҷаҳон даромади умумӣ  аз туризми байналмилалӣ ба 1,5 трлн. доллар  баробар гардид, ки 10 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳониро ташкил медиҳад.Ташрифи сайёҳони байналмилалӣ 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид. Туризми байналмилалӣ  соли гузашта ба Аврупо 509 млрд., ИМА -177 млрд., Испания — 65 млрд. ва Хитой — 57 млрд. доллар даромад овард. Умуман, 30 фоизи хизматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд.

Бо ин мақсад бояд шароитҳои мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз талаботи асосӣ ба ҳисоб меравад, ки алҳол ҷомеаи Тоҷикистон аз онҳо танқисӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар дастгирӣ менамоянд. Танҳо дар ду соли охир зарурати инкишофи ин бахши муҳими иқтисоди миллиро дар 35 мулоқоту суханрониҳо ва мусоҳибаҳои хеш иброз намуда, ба мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои дахлдор додаанд. Чунончӣ, Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.04.2013) чунин иброз намудаанд: «Барои боз ҳам афзоиш додани сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад, зеро Тоҷикис­тон имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд.Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии Буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад».

Дар ин самт, яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ чун Тоҷикистон,  рушди туризми дохилӣ ба ҳисоб меравад.

- Рушди туризми дохилӣ чӣ бартариҳо дорад?

- Туризми дохилӣ (ватанӣ) бо якчанд бартариҳо барои Тоҷикистон муносиб ва саривақтӣ маҳсуб меёбад.

Якум, захираҳои сайёҳӣ ва дастрасии онҳо. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати  камназир ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дорад.

Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳони хориҷӣ, балки барои шаҳрвандони мамлакат кашфношуда боқӣ мондааст. Шаҳрвандон аз таърих, тамаддун ва фарҳанги бойи миллати тоҷик пурра бархӯрдор нестанд. Аз ин рӯ, танҳо саёҳати дохиликишварӣ ин талаботро қонеъ гардонида метавонад.

Дуюм, завқи баланд ва хоҳиши ҷомеа ба сайру саёҳат. Халқи тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон ба пайдо кардани маълумоти зиёд аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар тариқи тамошои  ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ хоҳиши зиёд доранд.

Сеюм, донистани маҳал, забон, урфу одат ва муҳит. Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳали сафар ва урфу одатҳои онҳо танқисӣ мекашад. Барои туризми дохилӣ ин мушкилӣ ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф мезананд ва аз урфу одатҳои маҳалҳои якдигар бархӯрдор мебошанд. Дигар ин ки муҳит ва маҳалли сафар барои сайёҳ (шаҳрванд) шинос аст ва сайру саёҳати ӯ озодона сурат мегирад.

Чорум, дастрас будани арзиши саёҳат. Шаҳрвандон асосан аз нақлиёти заминӣ ва технологияи иттилоотии муносиб истифода мекунанд, ки барои онҳо дастрас ва нисбат ба саёҳати берунӣ хеле арзон мебошад. Инчунин, мавзеи сафар наздик аст, зарурат ба харҷи зиёд, аз ҷумла истифодаи нақлиёти ҳавоӣ пайдо намегардад. Бинобар хешутаборӣ ва дӯстӣ доштан, шаҳрвандон ҳангоми сафар бештар аз хонаҳои наздикон ва дӯстон истифода мекунанд.

- Барои фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти рушди туризми дохилӣ аз таҷрибаи кадом кишварҳо истифода бурдан беҳтар аст?

- Батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти туризми дохилӣ таҷрибаи нахустин набуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бо василаҳои гуногун ба меъёр дароварда шудааст. Мисол, дар Ирландия Қонун «Дар бораи туризми миллӣ» (2003), дар Ҷопон Қонун «Дар бораи заминаҳо барои дастгирии туризми миллӣ» (2006), дар Хитой Қонун «Дар бораи туризми шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой» (2013), дар ИМА Қонун «Дар бораи туризми маҳаллии амрикоӣ» (2015) қабул гардида, меъёрҳои гуногунро бобати рушди туризми миллӣ татбиқ менамоянд.

Дар баробари ин, татбиқи муносибатҳоро дар самти ташаккули қонунгузорӣ ва низоми туризми дохилӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи минтақавӣ тақозо менамоянд. Аз ҷумла: Қонуни моделӣ «Дар бораи фаъолияти сайёҳӣ (дар таҳрири нав)» (қарори Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ аз 16.04.2015, №42-14), Қонун «Дар бораи заминаҳои фаъолияти сайёҳӣ дар Федератсияи Россия». Дар моддаи 6 Қонуни моделӣ муқаррар шудааст, ки:«Самтҳои афзалиятноки батанзимдарории давлатии соҳаи туризм ин дастгирӣ ва рушди туризми дохилӣ, воридотӣ, корӣ, осоишгоҳӣ, рӯйдодӣ, иҷтимоӣ ва худфаъол мебошад». Мутаносибан ин муқаррарот моро чун узви ИДМ водор месозад, ки дар самти туризми дохилӣ тадбирҳои судманд андешем.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, туризми дохилӣ ҳамчун ташкили саёҳат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, муқаррар шудааст. Аммо қонуни соҳавӣ асосан муносибатҳоро дар самти ҷалби сайёҳони берунӣ танзим менамояд.

- Асосноккунии молиявии туризми дохилӣ чӣ тавр сурат мегирад?

- Туризми дохилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ буда, аз Буҷети давлатӣ маб­лағи зиёд талаб намекунад. Дар баробари ин, ҷанбаҳои идорӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотии ин навъи фаъолият дар доираи имкониятҳои умумии барои соҳаи туризм муқарраргардида амалӣ шуда истодаанд ва дар ин муносибат бо дарназардошти таҳлили боло зарур мегардад, ки соҳаи туризм ба ду самт: дохилӣ ва берунӣ ҷудо шуда, дар алоҳидагӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, туризми дохилӣ метавонад имкониятҳои зерини молиявиро фароҳам орад:

- имконоти инфрасохтори туризмро такмил дода, маблағи зиёдеро аз ҳисоби ҷалби (ташрифи) сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёт ворид намояд;

- ҷиҳати ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ маблағи (саҳми) иловагии соҳибкоронро ба соҳа ҷалб созад;

- шахсони воқеӣ, бахусус истиқоматкунандагони мавзеъҳои сайёҳиро водор созад, ки ташкили (маблағгузории) хизматҳои мувофиқ ва муносиби сайёҳиро ба роҳ монанд ва ба ин васила даромади зиёд ба даст оранд;

- доираи соҳибкорон ва дигар гурӯҳи субъектҳоро барои амалӣ намудани хизматрасонии пулакии сарироҳӣ водор созад;

- истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқӣ, аз қабили наққошон, чӯбтарошон, сангтарошон, рассомон, дӯзандагон ва ғайраро барои омода намудани маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ ва ба фурӯш баровардани онҳо фаъол гардонад;

- субъектҳои соҳибкорӣ зиёд гашта, ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам гардида, воридоти андоз ба давлат меафзояд.

- Кадом ибтикор метавонад ин равандро тавсеа бахшад?

- Бо дарназардошти таҳлилҳои боло ба танзими ҳуқуқӣ даровардани муносибатҳо ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии муносиб дар самти рушди туризми дохилӣ ба мақсад мувофиқ аст. Аз ҷумла, таҳия ва татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» дар роҳи ноил гардидан ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди туризми дохилӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани маърифати ҷомеа оид ба фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла ба даст овардани даромад аз ин навъи фаъолият ва қабули сайёҳон, иттилоотонии  ҷомеа, бахусус наврасон ва ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳон дар кишвар, ҳавасмандсозии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои машғул гардидан ба туризми дохилӣ ва маъмул гардидани муносибатҳо ҷиҳати ташкили туризми хонагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ғайра мусоидат мекунад

Бо ин мақсад як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баҳри таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи туризми дохилӣ» тасмим гирифтанд. Бо қарори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз 21 декабри соли 2015  №147 дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони масъули вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андоз, Академияи илмҳо, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Агентии миллии иттилоотии «Ховар» ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризм Гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалияи кишварҳои пешрафта дар самти рушди туризми дохилӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, бо мақсади таҳлил ва арзёбии вазъият 7- 8 апрели соли ҷорӣ сафари омӯзишии Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Панҷакент доир гардид. 24 сентябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки васеи субъектҳо дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба баррасии лоиҳаи такмилёфтаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонун иборат аз 11 боб ва 67 модда бо фарогирии муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ дар самти рушди туризми дохилӣ омода шуд.

Итминон дорам, ки қабули қонуни мазкур ба ғанишавии Буҷети давлатӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «Садои мардум»