Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо Алимирзамин Гаввам оглу Аскаров

№144 (4406) 30.11.2021

200584700030_7102725 ноябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскаровро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти дипломатӣ оғоз кардани сафири Озарбойҷонро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умед карданд, ки барои тақвияти муносибатҳои байни ҳар ду давлати  дӯст иқдомҳои зарурӣ пеш мегирад.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Озарбойҷонро низ баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати сӣ соли гузашта таъкид  намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат масъа­лаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

www.majmilli.tj