Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

№9 (4429) 11.01.2022

4 — 6 январи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиёни вилояти Хатлон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикис­тон Неъматулло Холбойзода ва Зафар Файзуллозода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни баромад вакилон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳ дода, иброз доштанд, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон дастоварди бузурги таърихӣ буда, он ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон даст додааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба саволҳои интихобкунандагон роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ посухҳои мушаххас доданд.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии ­босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Ин буд муҳтавои мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Файзулло Машраб, Раънохон Бобоҷониён, Сарвиноз Маҷидзода ва Шодиён Муҳаммад дар ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ ва Бохтари вилояти Хатлон бо интихобкунандагон.

Зикр гардид, ки тайи бист соли охир дар кишвар беш аз ду ҳазор корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳ вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди кишвар барои панҷ соли оянда буда, дар он ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян шудаанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло доир ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат маълумот дода, бо ишора ба эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» гуфт, ки таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

- Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ нигаронида шуда, ба василаи он беҳтар намудани неруи зеҳнию инсонии кишвар мадди назар дошта шудааст, — гуфт вакил.

Инчунин, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат вобаста ба аҳамият ва нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»