Дар арзҳои дӯстӣ

Ҳадаф таҳким бахшидани робитаҳост

№13 (4433) 26.01.2022

СафирСокинони кишвари дӯсти Ҳиндустон 26 январ ҷашни бузурги миллӣ

– «Рӯзи ҷумҳурӣ» — ро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ мусоҳиб шудем.

- Муҳтарам сафир, соли равон ба барқарор шудани робитаҳои дипломатии Тоҷикис­тону Ҳиндустон 30 сол пур мешавад. Вобаста ба ин санаи муҳим кадом чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд?

- Имсол дар баробари 30 — солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвари дӯст, инчунин 75 — солагии Истиқлоли­яти Ҳиндустон таҷлил мегардад. Баҳри хотирмон гузаштани ин санаҳои муҳим чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд.

Қарор буд, ки 26 январи соли равон сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷашни Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок кунанд. Мутаассифона, бо сабаби авҷи пандемияи COVID — 19 ин сафар лағв шуд. Аммо 27 январ ҳамоиши «Ҳиндустон — Осиёи Миёна» ба таври онлайн баргузор мегардад, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Соли 2021 аз ҷиҳати ташрифоти дуҷониба дар робитаҳои Ҳиндустону Тоҷикистон соли бобарор буд. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндус­тон Субраманиям Ҷайшанкар се маротиба ба Тоҷикистон омад. Инчунин, вазири мудофиа ва котиби амнияти миллии Ҳиндустон низ ба Тоҷикистон сафар дошт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ба Ҳиндустон сафар карданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтаем, ки якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «30 соли ҳамкориҳо» — ро ба нашр расонем.

Моҳи ноябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор навъ маркаҳои почтаро бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 — солагии Истиқлолияти Ҳиндустон муаррифӣ кардем.

Соли сипаришуда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи ҷудокунии грант барои амалисозии лоиҳаи рушди ҷамоатҳо имзо намудем, ки ҳар як лоиҳа 1,5 миллион долларро дар бар мегирад.

Зимни иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муколамаи «Ҳиндус­тон — Осиёи Марказӣ» ду санади нав, яке «Ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндус­тон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикис­тон», дигаре санади ҳамкорӣ миёни Академияҳои дипломатии ҳар ду кишвар ба имзо расид.

- Соли сипаришуда ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндус­тон чӣ қадар буд?

- Аз моҳи апрели соли 2020 то марти соли 2021 ҳаҷми савдо миёни кишварҳо 54 миллион долларро ташкил дод, ки ин аз нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ хеле зиёд аст. Яъне, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, ба монанди паҳншавии пандемия ва набудани роҳи наздики мошингард, ба зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат ноил гаштем.

Давоми моҳҳои апрел — октябри соли ­гузашта ҳаҷми робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ба 22 миллион доллар расид. Умед дорем, ки соли ҷорӣ ин рақам 45 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Илова бар ин, дар даҳ моҳи охир Ҳиндустон дар доираи механизми Ковакс ба Тоҷикистон 700000 вояи ваксина ройгон дастрас намуд. Ҳоло бо маблағгузории Ҳиндустон сохтмони роҳи «Дарвозаи ғарбии Душанбе — маҳаллаи Чортут» идома дорад. Боварӣ дорам, ки ин роҳ моҳҳои сентябр — октябри соли равон бо сифати баланд ба истифода дода хоҳад шуд.

- Ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Мутаассифона, ҳамкориҳои парламентии ҳар ду кишвар ҳоло чандон фаъол ба назар намерасад. Лекин дар доираи ташрифи вазири корҳои хориҷии Ҳиндус­тон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи марти соли 2021) ва сафари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон (моҳи декабри соли 2021) ҳар ду вазир бо сарварони парламенти кишварҳо мулоқот намуда, хоҳони таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ шуданд.

Ба наздикӣ дар парламенти Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис меёбад. Умед дорем, ки дар ин ҷода низ шоҳиди пешравиҳо хоҳем шуд.

- Робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши туризм, тандурустӣ ва маориф чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?

- Ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳоло дар Тоҷикистон 1400 донишҷӯи ҳиндус­тонӣ таҳсил мекунанд. Дар доираи «Барномаи пешниҳоди стипендияҳо (ICCR)» то ба ҳол 360 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Ҳиндус­тон таҳсил карданд. Инчунин, дар доираи «Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC)» 1500 нафар тоҷикистонӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат донишу малакаро дар Ҳиндустон такмил додаанд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ робитаҳо сол то сол қавитар мегарданд. Шаҳрвандони зиёд ҳар сол аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон барои муолиҷа мераванд. Дар як қатор беморхонаҳои Тоҷикистон низ табибони ҳиндустонӣ беморонро табобат мекунанд. Инчунин, аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон доруҳои аз лиҳози сифат ва нархи дастрас бартаридошта ворид мешаванд.

Аммо новобаста ба кӯшишҳои ҳар ду ҷониб ҳоло ҳамкориҳо дар бахши туризм чандон пеш нарафта истодаанд. Ин якчанд сабаб дорад. Сабаби якум, пандемия мебошад, ки рафтуомадро маҳдуд карда, ба соҳаи туризм зарба зад.

Ҳоло бо сабаби каме беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ бисёр хатсайрҳо дубора барқарор шуда истодаанд. Дар Ҳиндустон шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд дар фасли тобистон ба Тоҷикистон омада, аз обу ҳавои кӯҳистони он баҳра баранд. Давомнокии парвози ҳавопаймои хатсайри Деҳлӣ — Душанбе ҳамагӣ 2 соату 15 дақиқа аст.

Вобаста ба рушди ҳамкориҳо бо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманд доштем. Умед дорем, ки дар ин ҷода комёб мешавем.

- Парвози мустақими ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе — Деҳлӣ кай барқарор мешавад?

- Ҳоло моҳе як бор парвози чартерӣ миёни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амалӣ шуда истодааст. Чанде пеш ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки парвози мустақимро ҳафтае як бор ба самти Душанбе — Деҳлӣ ба роҳ монем. Бо беҳтар шудани вазъи эпидемикӣ парвоз ба самти мазкур барқарор мешавад.

- Ҳиндустон яке аз кишварҳоест, ки то ин дам ба Афғонистон кумаки зиёди иқтисодию иҷтимоӣ расонидааст. Оё расонидани кумакҳо ҳоло ҳам идома дорад?

- Ҳиндустон бо Афғонистон муносибати хеле қавию таърихӣ дорад. Барои Ҳиндустону Тоҷикистон дидани он вазъияти душворе, ки дар Афғонистон хукмрон аст, дарднок мебошад. Ҳукумати Ҳиндустон, новобаста ба он ки дар Афғонистон кӣ сари қудрат аст, ба мардуми ҷафокашида ёрии беғаразона мерасонад.

Чанде қабл барои кумак ба халқи Афғонис­тон Ҳукумати Ҳиндустон 50000 тонна гандум ҷудо намуд, ки тавассути бандари Чобаҳор ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Илова бар ин, Ҳиндустон барои пешгирии COVID — 19 ба Афғонис­тон дорую ваксинаи ройгон фиристод.

Ҳиндустон тайи 20 соли охир дар Афғонис­тон лоиҳаи зиёдро амалӣ намуд. Ба истифода додани обанбори Салмо, сохтани бинои нави парламенти Афғонистон, бунёди якчанд мактабу беморхона, амалишавии лоиҳаҳои рушди ҷамоаҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тоза, коркарди замин, бунёди роҳи мошингарди Заранҷ — Дилоромрӯд ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Ҳар сол аз Афғонистон 1000 нафар ҷавон, тибқи квота, ба донишгоҳҳои Ҳиндустон дохил мешаванд. То ин дам тавассути барномаҳои гуногун 40000 нафар афғонистониҳо дар Ҳиндустон таҳсил кардаанд.

- Барои рушди ҳамкориҳои Ҳиндустону Тоҷикистон боз чӣ тадбирҳоро амалӣ карданиед?

- Соли равон бахшида ба 30 — солагии барқароршавии робитаҳои дипломатии Ҳиндустону Тоҷикистон гурӯҳи фарҳангӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон меояд. Инчунин, дар назар аст, ки аз Тоҷикистон низ чунин ҳайат ба Ҳиндустон сафар намояд.

Баҳри густариш ёфтани робитаҳои Ҳиндус­тону Тоҷикистон ҳамкории вазорату кумитаҳоро вусъат додан лозим аст. Ғайр аз ниҳодҳои давлатӣ, барои мустаҳкамшавии робитаҳои дуҷониба олимону рӯзноманигорон ва шаҳрвандони алоҳида низ саҳми босазо мегузоранд, ки ба ҳамаи онҳо изҳори сипос мекунам. Дунё бо сулҳу дӯстӣ обод мешавад. Ба гуфтаи вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»