Шудгоркунаки аҷоиби Тифоқшоевҳо

№55 (3040) 08.05.2013

Мардуми деҳаи баландкӯҳи Бароҷ аз қадимулаём бо оқилию доноӣ, таҷрибакорию меҳнатдӯстиашон дар Шоҳдара ном баровардаанд. Кишоварзӣ шуғли дӯстдоштаи ин мардум буда, ягона хоҷагии тухмипарварии ноҳияи Роштқалъа низ дар ҳамин деҳа вуҷуд дорад. Профессор, доктори илмҳои кишоварзӣ Қозимамад Абдуламонов дар соҳаи генетика ва селексияи зироатҳои ғаладонагӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур буда, зодаи ҳамин деҳа аст.

Ихтирооти нави техникаи кишоварзии падар ва писар- Қиматшо ва Маҳмадшо Тифоқшоевҳо бошад, хеле тааҷҷубовар аст. Онҳо ба монанди култиватор аз ҳар гуна оҳан таҷҳизотеро сохта, ба тракторашон васл намудаанд, ки бо як гузаштан ҳам заминро мулоиму шудгор мекунаду ҳам барои обмонӣ ҷӯяк мекашад. Ин таҷҳизот барои шудгори заминҳои ноҳамвори кӯҳӣ махсус гардонида шуда, онро бо харҷи ками сӯзишворӣ ва сифатнок ба иҷро мерасонад.

Дар маъракаи имсолаи киштукори баҳорӣ ин шудгоркунаки таҷрибавӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳия истифода шуда, меҳнати кишоварзонро осон намуд.

Онҳо ният доранд, ки то баҳори соли оянда норасоиҳои ночизи таҷҳизоти ихтироъкардаашонро бартараф намуда,онро ба истифодаи васеи мардум омода созанд. Кош, ин иқдом аз тарафи  сохтор-ҳои мутасаддии соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ ёбад.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ,«Садои мардум»