Мо алоқаманди таъсиси бозори минтақавии энергетикӣ ҳастем

№144 (4406) 30.11.2021

51710317058_768baca7d0_oСуханронии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни Саммити 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣҲИ)

Туркманистон, 28 ноябри соли 2021

Муҳтарам ҷаноби Раис,

ҳамкорони гиромӣ,

хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехостам Туркманистони бародарро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) табрик бигӯям.

Ба Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳаммедов, барои даъват ва сатҳи баланди ташкили нишасти имрӯза дар шаҳри зебоманзари Ашқобод сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям.

Бовар дорам, мулоқоти кунунӣ, ки дар Рӯзи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад, қадами муҳиме дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни кишварҳои мо хоҳад гардид.

Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар доираи созмон аҳамияти хос зоҳир менамояд.

Кишварҳои аъзои созмон аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин, имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархӯрдоранд.

Истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, ҳамчунин, таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаи мо хидмат намояд.

Шароити мусоиди тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳаракати озоди одамон ва роҳҳои нақлиётиву транзитӣ фароҳам оварда шуда, ҳамкориҳои фарҳангиву башарии миёни кишварҳои мо масири рушди бомаромро касб намуданд.

Ҳамагири COVID-19, бешубҳа, ба густариши иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонид.

Саъю кӯшишҳое, ки ба мақсади рафъи оқибатҳои ҳамагирӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон сурат мегиранд, далели равшани зарурати ҳамкориҳои зичи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи сар задани буҳронҳои глобалӣ мебошанд.

Ҳамкорони гиромӣ!

Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад.

Имрӯз ҳиссаи кишварҳои аъзои СҲИ дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди чил фоиз аз ҳаҷми умумии он қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, тиҷорати байниҳамдигарӣ дар доираи созмон ҳамагӣ ба ҳашт фоиз аз ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии аъзои он баробар аст. Ин нишондиҳанда, бешубҳа, ҷавобгӯи имконият ва иқтидорҳои мавҷуда намебошад.

Ба мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар чорчӯбаи созмон пешниҳод менамоем, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар ҳамагири ҷоригардида, ҳамчунин, монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.

 Созишномаи тиҷоратии ЭКОТА, ки солҳои зиёд мавриди ҳамоҳангӣ қарор дорад ва бояд ба афзоиши тиҷорат дар дохили созмон мусоидат намояд, мутаассифона, ҳанӯз амал намекунад.

Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват менамоем, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи ЭКО таҳия намоянд.

Таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба ин, тавсеаи шабакаи даҳлезҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзо аҳамияти хосса дорад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир намоем.

Идомаи коркарди тарҳҳо оид ба рушди даҳлезҳои нақлиётиву транзитии заминӣ дар доираи ЭКО муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар ин зимн, ҳамлу нақли санҷишии молҳоро соли гузашта ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз тариқи даҳлези «Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон» қадами ҷиддӣ медонем.

Ҳамкорони гиромӣ!

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои пешрафти иқтисодӣ ва рушди босубот дар минтақаи созмон аҳамияти хос дорад.

Мо алоқаманди иштироки фаъол дар татбиқи тарҳҳои мавриди коркард оид ба пайвастшавӣ ва ташаккули шабакаҳои энергетикии минтақавӣ, бахусус, таъсиси бозори минтақавии энергетикӣ, ҳастем.

Мехоҳам аҳамияти татбиқи пурра ва саривақтии тарҳи бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи «CASA-1000» -ро таъкид намоям.

Тоҷикистон, чунонки маълум аст, захираҳои азими энергияи тозаи таҷдидшавандаро дорад. Наздики наваду ҳашт фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Аз лиҳози истеҳсоли энергияи «сабз» дар таносуби фоизӣ, Тоҷикистон ба гурӯҳи шаш кишвари пешбари ҷаҳон шомил мебошад.

Пешниҳод менамоем, ки Котиботи созмон ҷиҳати коркарди Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи он иқдом намояд. Чунин стратегия метавонад ба татбиқи тарҳҳое, ки ба истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда ва рушди иқтисоди «сабз» нигаронида шудаанд, мусоидат намояд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно ба густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои созмон дар соҳаи саноат манфиатдор боқӣ мемонад. Дар ин ҷода зарур мешуморем, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ҳамчунин, коркарди василаҳои маблағгузории корхонаҳои хурду миёна таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз вазифаҳои рӯзмарра ба шумор меравад, ҳамкориҳои фаъоли кишварҳои аъзои созмонро тақозо менамояд.

Бо дарназардошти зарурати бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагири COVID-19, ниёзмандӣ ба чунин ҳамкорӣ муҳимияти бештарро касб мекунад.

Пешниҳод дорем, то Котиботи созмон ҷиҳати таҳияи санади дахлдор, ки ҳамоҳангии талошҳои кишварҳои аъзоро дар мавриди таъмини амнияти озуқаворӣ дар назар дошта бошад, ташаббус намояд. Дар ин росто, коркарди «Нақшаи дарозмуддати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзи»-ро дар доираи созмон муҳим медонем.

Кишварҳои мо дар баробари таҳдидҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонанд. Хушксолиҳои пай дар пайи солҳои охир боиси оқибатҳои таъсирбахш дар соҳаи кишоварзӣ гардидаанд. Бинобар обшавии босуръат, ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон қариб ба сеяк андоза кам шудааст. Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч ва дигар падидаҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонанд, афзоиш ёфтаанд.

Бо дарназардошти ин омилҳо, муҳим медонем, ки дар доираи созмон ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Умед дорам, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва мушаххас сохтани санаи «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби шарикони мо дар созмон ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.

Ҳамкорони гиромӣ!

Яке аз соҳаҳои ҳамкории минтақавӣ, ки бар асари ҳамагирии COVID-19, зарари бештар дидааст, соҳаи сайёҳӣ мебошад. Рафъи оқибатҳои манфии ин бемории сироятӣ, барқарор намудани туризми хориҷӣ ва дохилӣ дар минтақаи мо таҳкими ҳамкориҳоро миёни кишварҳои аъзо дар ин соҳа тақозо менамоянд.

Ба мақсади саҳмгирӣ дар ҳалли ин вазифаҳо дар доираи созмон моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Душанбе – пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалӣ оид ба рушди агротуризм баргузор гардиданд.

Пешниҳод менамоем, ки Котиботи созмон ба татбиқи чораҳое, ки ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои сайёҳии минтақа бар нафъи рушди устувори кишварҳои мо нигаронида шудаанд, мусоидат намояд. Дар баробари ин, масъалаҳои вобаста ба ғанигардонӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву башарӣ миёни кишварҳои мо бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Мо аз тавсеаи бомароми фаъолияти лоиҳавии созмон қаноатмандем ва дар робита ба ин зарурати тавсеаи фаъолияти муассисаҳои махсуси онро таъкид менамоем.

Дар баробари ин, ба роҳ мондани муколамаи васеъро бо дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ниҳодҳои молиявӣ ба мақсади ҷалби кумакҳои техникӣ ва молиявӣ барои коркард ва татбиқи барнома ва тарҳҳо дар минтақаи созмон муҳим медонем.

Дар ин замина, мехостам аҳамияти Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳамкориҳо бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 9 сентябри соли равон қабул шуда буд, зикр намоям.

Тоҷикистон азм дорад, то минбаъд низ дар фаъолияти созмон дар ҳамаи шаш самти афзалиятнок, ки дар санади бунёдии «Дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ — 2025» дарҷ гардидаанд, ширкат дошта бошад.

Ҳамкорони гиромӣ!

Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар тамоми қаламрави созмон ба манфиати шукуфоии мардумони мо ҷонибдорӣ мекард ва мекунад.

Мо аҳамияти Афғонистонро ҳамчун ҳалқаи ногусастанӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва транзиту нақлиёт дар чаҳорчӯби созмон пурра дарк мекунем.

Пешбурди минбаъдаи нақшаҳои дар ин самт пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз муътадил гардидани вазъи низомиву сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобастагӣ дорад.

Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳар чӣ зудтари ҳукумати фарогирро дар кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд.

Афғонистон имрӯзҳо дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад.

Вобаста ба ин расонидани кумаки гуманитариро ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии башарӣ зарур медонем.

Бар ин боварам, ки корҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи созмон дар давраи пешомади раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба таври созанда идома хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Президент Шавкат Миромонович Мирзиёевро ба муносибати интиқоли давраи раисӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик мегӯям.

Дар фарҷоми сухан мехостам бори дигар ба Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳаммедов барои ­пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос ­намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.