Аз моҳи январи соли 2016 дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» кор мекунад
Соли таваллуд 25 майи соли 1972
Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор
Миллат тоҷик
Маълумот олӣ, соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос филолог, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Унвони илмӣ надорад
Кадом забоҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби се фарзанд
Суроға шаҳри Душанбе, кӯчаи Федин, хонаи 8/2, ҳуҷраи 1
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1988-1990 колхозчии хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Фархор
Солҳои 1990-1991 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС
(11-12) соли 1991 Мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор
Солҳои 1991-1992 Шунавандаи шуъбаи тайёрии ДДМТ
Солҳои 1992-1993 Масъули чопи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
Солҳои 1993-1995 Хабарнигори рӯзномаи «Нидои ранҷбар»
Солҳои 1995-1997 Сардори шуъбаи маъмурии Ширкати синамо ва видеои ҷумҳурӣ «Тоҷиккино», шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1999 Хабарнигори рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор
Солҳои 1999-2000 Хабарнигор, котиби масъул ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзи Ватан», шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2005 Мухбири калон, муовини аввали котиби масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият», шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2006 Муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон
Солҳои 2006-2015 Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Солҳои 2015-2016 Муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Аз 27 январи соли 2016 то ҳоло Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»