Модар хоб дид. Хоби кобус ва дардолуд. Хобе, ки дилашро ба ларза оварду саросема сар аз бистар бардошт ва аз тиреза ба берун нигарист. Мабодо хобаш рост бошад…
Хоб дид, ки як гӯшаи шаҳрак оташ гирифт. Мардум масти хоб буданд. Фақат писари ӯ-Абдуғанӣ ва чанд ҷавони ношиноси ҳамсоли ӯ бо неруи мардона ва бо ҷасорати рустамона мехостанд пешорӯи балои азим сипар шаванд. Дарёи оташ лаҳза ба лаҳза меафзуд, мавҷҳои даҳшатнокаш талотум мекарданд. Дарё фағона мезаду уштурлум менамуд. Гӯши фалакро кар мекард. Ҳайратовар он буд, гӯши мардуми маҳалла кар шуда буд. Наъраи мастонаи дарёи оташро намешуниданд ва барои маҳви он сар аз хоб намебардоштанд. Абдуғанӣ ва дӯстони ӯ барои хомӯш кардани оташ заҳмат мекашиданд. Дид, ки оташ бо ҳамон бузургиву тавоноӣ атрофу акнофро ба комаш фурӯ бурд. Абдуғании ӯ ҳамроҳи як тан аз дӯстони ба модар ношиносаш миёни дарёи оташ бедарак шуд. Бо алам фарёд зад. Аз фарёди ӯ дару девори хона ларзид. Он қадар ашк рехт, ки бештар аз борони баҳории диёраш. Ашкборонаш ба писари сарбозаш ёрӣ дод. Машъали оташро паст кард. Баъд садои ҷавонони ношинос дарёвор ба гӯшаш рехт. Онҳо машъалаи оташро хомӯш карда буданд, вале дигар байнашон писарашро надид. Шитобзада ба суроғи ҷигарбанд аз ҷо баланд шуд…
Шаҳрак ба сукут рафта буд. Садое ба гӯш намерасид. Чароғҳои бешумори ду бари роҳ кӯчаро нурборон мекард. Аз зӯрии тарс баданаш меларзид. Бо азоб беруни хона баромад. Осмон ба рағми шабҳои пешин софу беғубор буд. Ситораҳои бешумор аз он баландӣ ҷониби модар мастонаву беғамона чашмак мезаданд. Таҳорат карду ба хона даромад. Болои ҷойнамоз қарор гирифт. Ду ракаат намоз хонд ва лаб ба ниёиш кушод. Зери лаб пичиррос зад:
- Парвардигори бузургу тавоно, ҷигарбандамро сиҳату саломат ба наздам баргардон. Нангу номусаш бидеҳ. Тоҷикистони азизи моро аз ҳама балои заминиву осмонӣ нигаҳдор бош. Умри Пешвои миллатро арчаи сабз гардон!
Ҳис кард, ки касе китфонашро оғӯш карда истодааст. Коҳилона тоб хӯрд ва писари маъюбаш Абдулазизро дид, ки қатори вай хомӯшона ашк мерезад. Дубора фиғон андарунаш зӯза кашид ва оҳи оташбор шикофи синаашро сӯхту берун омад.
Абдулазиз имсол ба хонаи ёздаҳ қадам гузошт. Бачаи зебову боақл аст. Ақлаш ба ҳама чиз мерасад, аммо тақдир ӯро аз гӯшу забон маҳрум кардааст. Се-чор сол пештар падару модар ҳарчанд кӯшиш карданд, ки ӯро ба мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ баранд, натавонистанд. Касе ҳарфашонро гӯш накард. Ба тақдир тан доданд.
«Занак, беҳуда ранҷ мекашӣ, — бо алам гуфт Давлат, — гапи мардуми камбағал кай арзиш дошт?»
Ва Абдулазиз дар хона монд. Забонаш лолу гӯшаш гарон. Табибе ӯро муоина кард ва гуфт:
«Таги забонаш гӯшти зиёдатист. Агар онро бурида гиранд, бача гапзан мешавад».
Дасткӯтоҳӣ имкон надод, ки Абдулазизро ҷарроҳӣ кунанд. Маблағи зиёд лозим будааст. Ӯ наметавонад ҳарфе ба забон биёрад, вале лаҳзае, ки рӯҳи модар заҷр мекашад, писарак инро пеш аз дигарҳо эҳсос мекунад. Бо чашми дил мебинаду бо гӯши дил мешунавад. Модарро ба оғӯш мекашад ва хомӯшона қатори ӯ ашк мерезад. Имшаб низ ҳамин гуна буд. Модар болои ҷойнамоз сари писарашро ба оғӯш кашид. Бо овози паст зери лаб рубоӣ хонд. Рубоиҳои пур аз дард. Гӯё писарашро алла мегуфт ва дилашро холӣ мекард. Абдулазизро дар ҳамон ҳолат хоб бурд. Шояд аллаи модарро шуниду ҳама чизро фаромӯш кард…
Дубора берун аз дар шуд. Дили модар бадбахтиеро ҳис карда буд…
Зуҳро имсол ба хонаи чилу панҷ қадам гузошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қатори дигарҳо ранҷ кашид. Аз соҳибистиқлолии кишвар се сол гузашта буд, ки ӯро хонадор карданд. Давлат ҷавони бад набуд. Ҷавони ҳалиму меҳрубон, аммо баъди хонадор шудан иҷборан ба сафар баромад. Пайи бурдаи нон ба Россия мардикорӣ рафт… Шукр, ки баъди як-ду сол дунё ором гирифт. Пешвои миллат тавонистанд мардуми парокандаро сарҷамъ кунад ва шаҳрҳои сӯхтаро обод. Зиндагӣ маҷрояшро дигар кард. Дар оила чор фарзанд ба дунё омад. Писари калониро Аброр ном гузоштанд. Абдуғанӣ фарзанди дуюми хонавода буд. Баҳори соли 2000-ум буд. Табиат бо ҳама тавоноияш чеҳраи арӯси солро аз ғурфа берун овард. Машотагон арӯсро он тавр ороста буданд, ки дили бинанда гум мезад. Аз тамошои ҷамоли он чашм сер намешуд. Тифл дар ҳамон рӯзҳо ба дунё омад. Ба он хотир Абдуғанӣ номаш гузоштанд, ки Худованд хонаводаро бо қадами мубораки ӯ ғанӣ гардонад. Аз муҳтоҷиву дастнигарӣ наҷот диҳад.
Абдуғанӣ аз бачагӣ ҷасуру нотарс, қобилу коргар буд. Соле, ки ба мактаб рафт, модар аз шодӣ ҷойи нишаст наёфт. Эҳсос мекард, ки байни фарзандонаш ӯ дигар аст. Дар мактаб хуб мехонд. Ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳраки Ғарм таълиму тарбия гирифт.
Баъди хатми мактаб ариза навишту ихтиёрӣ ба аскарӣ рафт. Зуҳро зориву тавалло кард, ки имсол нарав. Хандид, модарашро ба оғӯш кашид ва мисли одамони калонсол гуфт: «Очаи ҷон, майдондорӣ ҳунари ҳар кас нест. Хизмати ҳарбӣ ҳам мактаб асту ҳам майдон. Он ҷо мардон обутоб меёбанд ва ҳунари майдондорӣ меомӯзанд. Дуоям деҳ». Давлат ҷониби писарашро гирифт: «Очаш, садди роҳи ҷавонмард нашав. Дилашро машикан. Аз роҳ нагардон. На ҳар кас дилу гурда дорад, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан биравад».
Зуҳро саҳни ҳавлӣ чарх мезад. Дасташ пеши кор намерафт. Дилаш пешомади бадеро гувоҳӣ медод. Садои ширину гуворои Абдуғанӣ ӯро ҷониби хеш хонд:
«Салом, очаи ҷон. Гирдачаву кӯлчаҳои фиристодаатро гирифтам. Шукр, ки модар дорам. Ҳеҷ кас дар дунё ба мисли ту нони лазиз намепазад. Ба бачаҳои ҳамхизматам тақсим кардам. Бачаҳо аҳсан гуфтанд. Ками дигар монд, очаи ҷон. Паҳлу мегардӣ, ки муҳлати хизмат поён меёбаду мо ба дидори якдигар мерасем. Шукр, Ватан тинҷу ободай».
Ба ёд овард, ки ду рӯз пеш ба писараш нон фиристод ва баъди як рӯз Абдуғанӣ занг заду миннатдорӣ кард…
Офтоб аз паси кӯҳ сар кашид ва бо чеҳраи мушаъшаъ ба олам рӯшанӣ ва ба баданҳо гармӣ бахшид. Зуҳро дар ҳолати бехудӣ ба хона даробаро мекард. Ҳаққу ҳамсоя назди ҳавлиаш ҷамъ шуданд. Давлатро берун хонданд. Шавҳараш бо сари хам ба хона даромад. Рангаш кандагӣ буд. Баъд падарарӯсаш омад. Амаки Аскар аз дар даромаду ба рӯи келин нанигарист. Қомати ин мард, ки як умр пушти рама дар кӯҳу пушта гашта буд, мисли шамшод росту зебо буд, аммо имрӯз ба назари Зуҳро чунон намуд, ки ӯ хеле пир шудааст ва қоматаш хам зада буд…
Баъд… баъд Абдуғанӣ омад, балки ӯро оварданд. Болои тахти равон хобида буд. Ҳамроҳаш одамони калоншаванда, роҳбарони ноҳияву намояндагони мақомоти қудратӣ. Чизе нафаҳмид. Дар ангора пиндошт, ки идомаи хоби дидааш аст…
Рӯзи гузашта дар маркази ноҳия тӯй буд. Он қадар одам ҷамъ шуда буд, ки ҷои сӯзанзанӣ набуд. Раставу кӯчаҳои шаҳракро бо шиору овезаҳо ва расмҳои гуногун зиннат доданд. Рӯзи қабули Конститутсияи кишвар буд. Абдуғанӣ ҳар сол ҳамроҳи ҳамсинфонаш дар ин рӯз ҷамъ меомаданд ва онро ид мекарданд. Ба модараш мегуфт, ки «Конститутсияи кишвар-шаҳодатномаи иқболи тоҷик аст». Ин суханро ба вай омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ гуфта буд.
Баъди баргузории иди муқаддас шабҳангом дастае аз ватанфурӯшону хоинони миллат оромии кишварро халалдор карданд. Ташнаи хуни инсон буданд. Ташнаи хуни бародарону падарони хеш. Замоне ки дастаи хунхори ватанбезор ба дидбонгоҳи якум наздик шуд, аскарбачаҳо ғарқи хоб буданд. Ғофилгир шуданд. Хоинони бегонапарвар аз ғалаба сармаст ҷониби дидбонгоҳи дуюми Ишқобод роҳ пеш гирифтанд.
Сарбози қаторӣ Абдураҳим Халилов зодаи деҳаи Оби Лурти ноҳияи Нуробод аст. Ӯ он шаби фалокатбор паҳлуи Абдуғанӣ буд. Ӯ бо супориши фармондеҳон ба Рашт омад…
«Лаҳзае, ки «бонги изтироб» шуд, ақрабаки соат 320 дақиқаи вақти маҳаллиро нишон медод, — қисса мекунад Абдураҳим. — Шитобзада роҳро бастем ва бо амри фармондеҳ ба хандақ даромадем. Мунтазири пешомад будем. Панҷ-шаш дақиқа гузашт, ки мошинҳо намудор шуданд. Аз ҷониби ноҳияи Шаҳритус омаданд. Масофа то паноҳгоҳ на камтар аз сӣ метр буд. Капитан Мустафозода ҳамроҳи афсари дигар ба пешвози меҳмонони нохонда баромад. Нафаре аз мошин фаромаду гуфт:
- Роҳро кушоед, ба шумо кор надорем.
- Не, — гуфт Мустафозода, — аз мошинҳо фароед.
- Кӯдаки бемореро ба беморхона мебарем. Мошинҳо зану кӯдак доранд, — садо баланд кард марде, ки аз мошини аввал фаромад.
Ин лаҳза аз мошини дувум зане дар даст кӯдак поин шуд.
- Ҳама аз мошин фароянд, — аз нав омирона амр кард капитан.
Марди фаромада гумон кард, ки дар дидбонгоҳ ду посбон аст. Ӯ намедонист, ки мо дар муқобили онҳо сангар гирифтаем. Ба тарафи ду-се меҳмони аз ӯ дуртар рӯ гардонду бо овози баланд гуфт:
- Сар мекунем?
Капитан ва афсари ҳамроҳаш аз ҳарфи онҳо рамуз гирифтанду фаврӣ худро ба паноҳгоҳ партофтанд. Болои сари мо борони тир рехт. Бо амри Мустафозода дастаи мо низ ба ҷанг даромад. Мошини охиринро бачаҳо бо гранатамёт нобуд карданд. Мошини аввал аз тири мусалсали Абдуғанӣ аз кор баромад. Капитан амр кард, ки ҷониби мошинҳои дар байнбуда тир напарронем, он ҷо занону кӯдаконанд. Абдуғанӣ се маротиба ҷояшро иваз кард. Мардона наъра мезаду душманро бо мусалсалаш тирборон мекард. Тираш тамом шуд. Лаҳзаи охир паҳлуи ман қарор дошт. Тирдонро иваз кард. Як зум атрофро оромӣ фаро гирифт. Абдуғанӣ оҳиста сар боло кард. Вазъро аниқ кардан мехост. Ҳамин лаҳза садои тир баланд шуд. Ӯ оҳиста нолиш карду ба даруни хандақ афтод…
Ҷанг тақрибан сӣ — сиюпанҷ дақиқа идома ёфт. Мо ду ҳамхизматро аз даст додем. Абдуғанӣ Давлатов зодаи Рашту Наимҷон Сайолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров».
Абдураҳим бо садои гирифта қисса мегӯяд, ман ба чашмони тари ӯ менигарам ва мегӯям:
- Абдураҳим, агар душман бори дигар чунин рафтор кунад, ту дар муқобилаш чӣ кор мекунӣ?
- Роҳ намедиҳем, ки хоинону душманони Тоҷикистони азиз оромиии кишвар ва осудагии мардуми онро халалдор кунанд. Ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда мегӯям, барои Ватан ҳар кадомамон мисли Абдуғанӣ фидокору далер бошем. Ҳеҷ гоҳ аз майдони корзор фирор накунем…
Зуҳро инро баъдтар шунид. Дигарҳо барояш ҳикоя карданд. Аммо он лаҳза аз худ бурун рафта буд. Абдуғаниро болои тахти равон дид. Дид, ки ҳанӯз аз бари гарданаш хун мезаҳад. Дигар чизеро ёд надорад…
Модар ҳама чизро аз даст дода буд. Бехудона фарёд мезад. Ҳаққу ҳамсоя, хешу ақрабо, худиву бегона тасаллияш гуфтанд, вале гӯшҳояш қулф зада буданд. Чизеро намешунид ва касеро намедид.
Ҳамроҳи сарулибосаш халтаи сафариашро оварда буданд ва гоҳе халтаро кушоданд, пораи ноне аз даруни он берун афтод. Чашмони ҳамаро ашки шӯр тар кард. Модарро занги телефони Абдуғанӣ ба ёдаш омаду дубора фиғонаш фазои ҳавлиро пур кард.
Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон сухан гуфт ва баъд намояндаи аз Душанбе омада. Гуфтанд, ки муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён аст. Ҷавонмарди суханвару ботаҳаммул будааст. Бо ҳарфҳои зебо ва андарзҳои бародарона модари аз худрафтаро ба олами ҳастӣ хонд. Пандаш гуфт. Қиссаи қаҳрамонии фарзандашро ҳикоя кард. Гуфт, «Абдуғанӣ фарзанди арзандаи миллат аст. Обрӯ ва эътибори чунин ҷавонони диловари ватандӯст ҳамеша болост. Корномаи фарзанди далерро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Бояд модар ифтихор кунад, ки чунин фарзанди қаҳрамон дорад…»
Зуҳро ба олами ҳастӣ баргашт ва дид, ки саҳни ҳавлӣ ва сари кӯча мардуми зиёд омадаанд. Онҳо омадаанд, ки ба ӯ изҳори ҳамдардӣ кунанд. Одамони баобрӯ ва мансабдорони баландмартаба, генералҳову афсари зиёди баландрутба. Ҳама ба хотири фарзанди ӯ омадаанд. Даст ба гиребон бурду шукрона кард. Шукрона кард, ки ҷигарбандаш фардест, ҳазорон нафар барояш афсӯс мехӯранд ва аз корномааш ҳарф мезананд. Шукрона кард, ки ҷигарбандаш ба хотири оромии Тоҷикистони азиз ва осудагии сокинони он ҷони ҷавонашро дареғ надошт. Шукрона кард, ки фарзандаш ҷавонмарди бо ору номус ва ватандӯст ба камол расид.
Такя ба сутун нишасту нигоҳи хастааш ба нуктае банд гардид. Шояд байни меҳмонони бешумор Абдуғаниро медид, ки пайи қабули меҳмонони хеш равуо дорад….
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»