10-уми октябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон аз кишварҳои ҳамдигар, гуфтушунидҳои дӯстона, инчунин, санадҳое, ки дар рафти ин боздидҳо ба имзо расидаанд, барои рушди минбаъдаи муносибатҳо заминаи устувор гузоштанд ва роҳу усулҳои татбиқи қарордодҳои имзошударо муайян намуданд. Ин раванди хушоянд то имрӯз идома мепазирад,- зикр кард М. Зокирзода. — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду халқу давлат муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шудааст. Мо аминем, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар фаъолияти босамари худ ин рисолатро ба ваҷҳи писандида анҷом хоҳанд дод.