7-январи соли 2025 бо мақсади афзоиши минбаъдаи содироти масолеҳи сохтмонӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар дар шаҳри Душанбе мағозаи масолеҳи сохтумонии “Ӯзбекистон“ ифтитоҳ гардид.
Қурбонзода Исоҷон Ятим, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ иштирок намуда, аз наздик бо маҳсулоти мағоза шинос шуданд.
- Соли 2024 ба Тоҷикистон бо маблағи 115 миллион доллари амрикои масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта шуд. Инчунин, маҳсулоте, ба монанди омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва семент, профилҳо, қубурҳо ва маҳсулоти пластмассӣ, ДСП ва маҳсулоти шишагӣ содир карда шуданд,-гуфт Меҳроҷ Ботиров, сардори идораи фаъолияти иқтисодии хориҷии масолеҳи сохтмонии Ӯзбекистон.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ Садои мардум”