Суҳбатҳои телефонӣ

№89 (3726) 25.07.2017

33123046446_e2c84f96bb_o22 июли соли 2017 гуфтугӯйи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабис­тони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ, ҳамчунин ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ, мубодилаи афкор намуданд.

Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар карданд.

Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро даъват намуданд, ки дар замони барояшон муносиб бо боздиди расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Суҳбат дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

24 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон, манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан ­судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори андеша намуданд

 www.president.tj