Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Нгуен Суан Фук

№47 (3997) 27.04.2019

Нгуен Суан Фук26 апрел дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот карданд, ки зимни он масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору суҳбати онрӯзаро имкони хубе барои баррасии вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ намуданд.

Аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳамкории кишварҳо дар 27 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро дар ин муддат ҳамгироии кишварҳо раванди рушди бонизому бемайлонро касб намуд.

Таъкид гардид, ки метавон барои расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи кишварҳо ва халқҳо аз муколамаи сатҳи олӣ, сафарҳои ҷавобии сарони давлатҳо, машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, таъсиси сафоратхонаҳо, фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин, дигар имкониятҳо, ба таври самаранок истифода бурд.

Барои мусоидат ба рушду густариши бештари робитаҳо пешниҳод карда шуд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, алоқа, варзиш, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, инчунин илму фарҳанг, ки айни ҳол дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, ҳар чӣ зудтар ба имзо расанд.

Масъалаҳои ҳамгироии ҷонибҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, фарҳанг, туризм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ баррасӣ гардиданд.

www.president.tj