Ҷаннат аз парҳезгорон аст

№88 (3568) 09.07.2016

Омӯзиши аҳодиси набавӣ имконият медиҳад, ки инсон бисёр масъалаҳои печидаро ҳал намояд ва дар зиндагӣ корҳои хайреро ба анҷом расонад, ки ба манфиати ҷомеа бошад. Зеро дар ҳадисҳои Расули Акрам (дуруд ба равони покаш) қонунҳои нонавиштаи одамиятро дарёфт намудан осон аст.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асари машҳури  Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил Ал-Бухороӣ «Саҳеҳи Ал-Бухорӣ» бо забони тоҷикӣ ба табъ расидааст ва мардуми ҷӯянда имконияти ошноӣ бо ҳадисҳои Расули Акрам (дуруд ба равони покаш)-ро доранд.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз як идда дини мубини ислом, каломи Худованд ва аҳодиси набавиро ба манфиати хеш истифода мебаранд, аммо уламои муҳтарам, ки аз мазҳаби Имоми Аъзам таълим мегӯянду амонатдори пайғамбаранд, «муҳри хомӯшӣ бар лаб зада», дар муқобили ин тоифа ҳарфе ба забон намеоранд.

Аз хизмати Сарвари давлат ёдовар шавем, ки дар ин даврон ба хотири дифоъ аз дини мубини ислом ва суннатҳои миллӣ корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки дар садсолаҳои охир касе накарда буд.

Мехостам дар ин мақола атрофи чанд ҳадиси Пайғамбари ислом ибрози назар намоям. Пайғамбар (дуруд ба рӯҳи покаш бод) фармудаанд: «Ҷаннат аз парҳезгорон аст». Барои дарки ин фармудаи Пайғамбари ислом лозим меояд, ки мо ибтидо ба маънои ҳар вожаи он сарфаҳм биравем. Чун мухотаб ин ҷо вожаи «парҳезгорон» аст, зарур аст оид ба маънии луғавии он сухан бигӯям.

Маънии вожаи «парҳез»-ро дар луғат 1.худдорӣ кардан аз хӯрдани ғизо ва мева, 2.худдорӣ кардан аз коре, қаноатмандӣ, 3. порсоӣ, тақво гуфтаанд. Ва маънии вожаи «тақво»-ро худотарсӣ шарҳ додаанд.

Яъне, аз ҳадиси мазкур он маънӣ бармеояд, ки Пайғамбари ислом ҷаннатро ба онҳое ваъда кардааст, ки рӯзгори покиза доранд ва аз ҳар гуна рафтори бад худдорӣ менамоянд. Аз хӯрдани ҳаққи дигарон, зулму ситам ба мардум, ҳарфи дурӯғ, тороҷ намудани моли ҷамъият худро канор мегиранд. Бо меҳнати ҳалол нон мехӯранд ва барои соҳиб шудан ба некномӣ талош менамоянд, аз озори мардум ва фиреб ҳазар менамоянд, пайи ободию созандагӣ меҳнат мекунанд.

Шахсе, ки ин фармударо ба ҷо меорад, ӯро «парҳезгор» меноманд. Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маънӣ фармудаанд:

Чу парҳезгорӣ шавад пешаат,

Бувад хайрхоҳӣ дар андешаат.

Хайрхоҳи мардум будан ва некукорӣ кардан аз сифатҳои беҳтарини инсон аст. Ба ин маънӣ дар ҳадиси дигари худ Расули Акрам (дуруд ба равони покаш) ишора намудаанд: «Накукорони дунё накукорони охиратанд.»

Пайравони мазҳаби зардуштия, ки ниёгони мо аз он пайравӣ менамуданд, дар китоби худ «Авесто» инсонро ба «Рафтори нек,  гуфтори нек ва пиндори нек» раҳнамун кардаанд.

Аз китоби осмонӣ «Инҷил» иқтибосеро мехоҳам барои хонандаи азиз оид ба масоили мазкур пешниҳод кунам:

«Исо алайҳиссалом убур мекард паҳлуи деҳае. Марди сару по бараҳнае дар бар ҷомаҳои фохир, давон-давон омад ва рӯ ба рӯи расули Худо афтид, сар ба саҷда бурд ва гуфт:

- Ай устоди неку, чӣ кунам то вориси ҳаёти ҷовидон бошам?

Гуфт:

- Аҳкомро медонӣ: зино макун, қатл макун, дуздӣ макун, шаҳодати дурӯғ мадеҳ, дағобозӣ макун, падару модари худро ҳурмат дор».

Аз ин маънӣ бардошта метавонем, ки одами ҳақиқӣ ҳамонест, ки аз корҳои бад парҳез ва ба нафъи ҷомеа ва кишвари худ самимона меҳнат мекунад. Ба қавли шоири бузурги асри ХIХ Тошхоҷаи Асирии Хуҷандӣ:

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Мақсад аз ин навишта танҳо шарҳи аҳодиси набавӣ нест, балки ифшои нуқсону камбудиҳоест, ки имрӯз аз тарафи гурӯҳҳои мухталифи одамон дар ҷомеаи мо сар мезананд ва бархе аз «донандагони ислом» фармудаҳои Худованд ва пайғамбари ӯро ба манфиати як гурӯҳ ва ё худ истифода мебаранд.

Шахсоне, ки даъвои аҳли илм будан доранд, бояд аз гаравидани мардум ба мазоҳиб ва ҳаракатҳои иртиҷоии гуногун пешгирӣ кунанд. Дар ин маврид пайғамбари Ислом дар ҳадиси худ фармудаанд: «Ман бар умматам аз пешвоёни гумроҳкунанда бимнокам».

Мо имрӯз шоҳиди воқеаҳои даҳшатноке ҳастем, ки ҳар рӯз тариқи телевизион намоиш медиҳанд. Садҳо бегуноҳ кушта мешаванд ва онҳоро аз номи дини мубини Ислом қатл мекунанд. Баъзе ҷавонони сода ба ҳарфи пешвоёни одамхори худ бовар доранд.

Аз он дар тааҷҷубам, ки беш аз ҳафтод сол аст мусалмонони Фаластин пайи наҷоти хокдони бобоии худ мубориза мебаранд ва то имрӯз мусалмоне аз кишваре ба кумаки онҳо лашкар накашидааст. Аммо дар кишварҳои Ироқу Сурия мусалмон ба синаи мусалмон тир мезанад. Зани мусалмонро шикам чок мекунанд, тифли норасидаро бо сарнайза пора мекунанд.

Аз мисолҳои боло равшан аст, ки агар мо аз соири рафтору кирдори нолоиқ парҳез кунем, ба ободонӣ машғул бошем, барои сулҳу оромии кишвар пайкор кунем, ваҳдатро таҳким бахшем, Худованд ҷаннатулмаъворо насибамон мегардонад.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»