Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намудани Шарифзода Ю. Т.

№58 (4798) 08.05.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Юсуф Тоиралӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 6 майи соли 2024, № 817