«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳамчун шоҳиди бевоситаи рӯзҳои тираю тори солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон, ки бо хиёнату ҷинояти саркардагону аъзои ташкилоти террористии наҳзати ислом ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, бо қатъият мегӯям, ки бо ҳама шикасту рехт, бохту талафот миллати хушбахтем. Бо гузашти солҳо ва сабақи ҳодисаҳои Ироқ, Сурия, Яман, Либия ва Афғонистон шукр менамоям ва орзуи онро мекунам, ки дар кишварҳои дар гирдоби ҷангафтода ҳар чӣ зудтар сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ тантана кунад.
Шояд рӯи қоғази сафед овардани он рӯзгори пуртаҳлука чандон мушкил набошад, вале барои дарки пурраи он ҷасорату ҷавонмардӣ ва имони комил лозим аст.
Дуруст аст, ки солҳо мегузаранд ва бо мурури вақт воқеаҳои гузашта ба таърих кӯч мебанданд. Тарбияи насли аз даҳшати он айём то андозае бехабар дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносиии миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати тоҷикон, он қарзу вазифаи ҷонии ҳар як шахси миллату ватанпарвар мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 осон имзо нашудааст. Он ба маҷрои дурусту рушду такомули минбаъдаи кишвар мусоидатгар шуд.
Муболиға нест, ки он вақт бақои давлату миллати тоҷик зери суол рафта буд. Ҳақиқати таърихиро таҳриф кардан имкон надорад, мисле ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлат ҳадду андоза надорад. Бо хулосабарорӣ аз вазъи муташанниҷи ҷаҳони имрӯза, ба ботлоқи ҷаҳолату нестӣ фурӯ рафтани давлатҳои бо масоҳат ва нуфуси аҳолӣ ба маротиб бузургтар аз Тоҷикистон, наёфтани роҳи ҳалли қазия арзишу қимати он хизматҳоро болотар бурда, сокинони кишварро мебояд зиракии сиёсиро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст надиҳанд.
Сулҳу ваҳдат миллате дорад, саодатёр ҳаст,
Бо дилу бо дидаи дар зиндагӣ бедор ҳаст.
Ганҷу сарватҳо зиёд бошад дар рӯи замин,
Ваҳдати миллат, валекин ганҷи нотакрор ҳаст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»