Академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи фарзонафарзандони миллат, шахсияти бузург, олими бонуфуз, муаррихи беназир ва яке аз сарварони тавонои сиёсии кишвари тоҷик шинохта ва эътироф гардидааст. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба заҳмату хизматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров чунин изҳор намуда буданд: «Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии тамоми мардуми олам гардидаанд».
Барои ҳамагон маълуму возеҳ аст, ки муаррихи барҷаста Бобоҷон Ғафуров дар замони бақои давлати шуравӣ баъд аз адиби забардасти адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба таври хеле фароху густурда ва арзандаю назаррас ба пажӯҳишу таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик пардохтаанд. Яъне, муаррих ва муҳаққиқи беназири миллат Бобоҷон Ғафуров дар замони зиндагии хеш, дар як марҳилаи нави рушду такомули илму фарҳанги миллат, маҳз мавзуи тоҷику тоҷикшиносиро рушду тавсеа бахшиданд, зеро он солҳои мураккабу тақдирсоз баррасӣ намудани ин мавзуи ниҳоят ҳассосу муҳим тақозои ҷиддии давру замон буд ва нахустин маҳсули эҷоди самарбору назарраси ин марҳалаи душвори таърихи миллат интишори асари шоистаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» маҳсуб меёбад. Ростӣ, ин асарро бидуни ҳаяҷону эҳсосоти махсус мутолиа намудан ғайриимкон аст ва сараввал, бо ҳидояти устодон аз солҳои донишҷӯӣ ин асари таърихиро гаштаю баргашта мутолиа мекардем ва пеш аз ҳама, барои чунин иқдоми бузург, меҳру муҳаббати самимиашон нисбати таърихи куҳани халқи тамаддунофари тоҷик, заковату дониши табиӣ, ҷасорату масъулияти бузург ва хизматҳои наҷибу бузургашон назди миллат арҷ мегузоштему барояшон офарину аҳсан мехондем.
«Таърихи мухтасари халқи тоҷик», ин китоби арзишманди Бобоҷон Ғафуров бори аввал соли 1947 дар шаҳри Сталинобод нашр гардида, баъдан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия се маротиба ба нашр мерасад. Асари мазкур ҳатто ба дарёфти Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пешбарӣ гардидааст, ки ин аз арзиши баланди илмию сиёсии китоби мазкур гувоҳӣ медиҳад.
Бобоҷон Ғафуров бо интишори ин асар бо асноду далели муътамад собит намуданд, ки миллати тоҷик яке аз куҳантарин бошандагон ва соҳибону ворисони аслии ин марзу бум ва ин сарзамин мебошанд. Зимни мутолиаи асар боз он нукта бештар таваҷҷуҳангез буд, ки асари мазкур таърихи на танҳо тоҷикони ҷумҳурӣ, балки тамоми ҳаммиллатони моро, ки дар гӯшаю канори дунё ба сар мебаранд, фарогир аст.
Муаррихи забардаст Бобоҷон Ғафуров ҳамеша пайи ҷустуҷӯйҳои илмӣ-эҷодӣ қарор доштанд ва назди худ мақсад гузошта буданд, ки барои таърихи гузаштаи халқи азизи худ дар ниҳоят як шоҳасари мукаммале таълиф намоянд. Пас аз омӯзиш ва ранҷу заҳматҳои зиёд ин шоҳасар офарида шуд ва соли 1972 китоби безаволи «Тоҷикон» дар Москва нашр гашт. Яъне, олими тавоно ва арбоби намоёни давлатӣ Бобоҷон Ғафуров ба мақсади неку бузурги хеш ноил гардиданд.
Офаридану эҷоди ин шоҳасар, албатта, кори саҳл набуд ва нашри китоби безаволу беназири «Тоҷикон» барои ҳаммиллатону ҳамдиёронамон як рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад.
Зимни мутолиаи асар фикру хаёлҳои мухталиф касро ноаён думболагир мешаванд ва ба дуриҳои дур мебаранд. Қабл аз ҳама, кас ба андеша меравад, ки оё дар он замони тоқатфарсо, марҳалаи мураккабу ноумедӣ, даврае, ки ба ном идеяи интернатсионализм шуури аксар роҳбарони дар догмаю карахтӣ қарордоштаро комилан иҳота карда буд, дар заминаи эҳёи таърихи миллат ва худшиносии миллӣ ташаббусҳо нишон додан оё имкон дошт? Магар дар чунин замони тираю тор, айёме, ки ба касе тараҳҳум раво дониста намешуд, аз тарафи роҳбари мақоми аввали мамлакат рӯйи даст гирифтани омӯзишу баррасии мавзуи таъриху тақдири миллат оё худ як корнамоӣ ва қаҳрамонии ҳақиқӣ набуд? Он замон инсонҳои бегуноҳи зиёдеро бо туҳматҳои бардурӯғи «миллатчӣ» ва «хоини давлат» бадарғаю маҳбас намуда, бо азобу қинкунӣ аз байн мебурданд. Яъне, он солҳо танҳо як идда сарварони воқеан ватандӯсту халқпарвар метавонистанд бо як ҷасорати махсус ба иҷрои чунин иқдомоти нек бипардозанду камари ҳиммат банданд, зеро он айём афкори муфид, сухани нафъовар ва ташаббусҳои созанда на танҳо дастгирӣ намеёфт, балки ба таври ҷиддӣ саркӯб мешуд.
Мебояд гуфт, ки «Тоҷикон», ин шоҳасари безавол аввалин пажӯҳиши дақиқу саҳеҳ ва ниҳоӣ роҷеъ ба таърихи куҳани халқи мо буд ва ин асар он айём ҳамчун нури дурахшони хуршеди оламтоб умеду бовариро ғайриихтиёр дар қалбҳои ҳаммиллатони мо аз нав эҳё намуд. Акнун дар зеҳну ниҳоди мардуми тоҷик эҳсоси гуворои ватандорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ вусъату равнақи тоза пайдо намуд. Яъне, интишори ин асари беҳамто дар ҳамон вазъи ниҳоят муташанниҷу замони тақдирсоз аз эҳсоси баланди ватанпарварӣ, миллатдӯстӣ, нотарсию далерӣ ва масъулиятшиносии баланди академик Бобоҷон Ғафуров гувоҳӣ медиҳад.
Устод Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми шоиста, пеш аз ҳама, номи миллати тоҷикро ҷовидона гардонданд ва шоҳасари «Тоҷикон» нахустин китоби тадқиқотии хеле мукаммалу фарох оид ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дониста шуд. Мо акнун метавонем бидуни ягон тардиду шубҳа таҳқиқи амиқи таърихи қадимаи халқамонро аз ин шоҳасар шурӯъ намоем ва омӯзишу мутолиаи ин асари таърихӣ на танҳо фаҳмишу донишамонро нисбати таърихи халқамон афзун месозад, балки моро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, қадршиносӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани расму оин ва маросиму анъанаҳои неки ниёгон тарбия менамояд. Мутолиаи ин асари таърихӣ моро ташвиқу талқин менамояд, ки аз ниёгони худ дарсу сабақ бигирем, гузаштагони худро хуб бишносем, ба ҳодисаю воқеаҳо баҳои ҳаққонӣ диҳем, барои миллат содиқона хидмат намоем, баҳри ҳифзи ному нанги миллат ҷонфидо бошем ва дар пешрафту тараққии кишвари худ саҳмгузорӣ намоем. Дар ин ҳошия мутафаккире барҳақ чунин фармудааст: «Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаю воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем».
Мо, ворисони миллат, имрӯз хуб медонем, ки теъдоди асарҳои фарзонафарзанди миллат Бобоҷон Ғафуров беш аз чаҳорсад ададро ташкил медиҳад, вале китоби безаволи «Тоҷикон» воқеан ҳам асари нотакрору бунёдист ва бешубҳа, садсолаҳои дигар барои халқу миллати мо ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ, асноди боэътимоду роҳнамо хидмат хоҳад намуд.
Бале, имрӯз бо як ифтихору сарафрозӣ иброз медорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат, аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Роҳбари давлат ба маснад нишастан саъю талош намудаанд, ки фарҳангу таърихи пурғановати ин миллати куҳанбунёдро ҳамаҷониба эҳё намоянд ва маҳз, бо ибтикорот ва ташаббусҳои созандаю самаровари ӯ анъанот, расму оинҳои миллӣ, фарҳангу маданияти миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқи ҳамаҷониба пайдо намуд. Бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр намудани арбоби намоёни давлатӣ, муаррихи барҷаста ва олими забардасти миллат, сиёсатмадори зиндаёд, шодравон Бобоҷон Ғафуров низ яке аз сифатҳои неки қадршиносии Роҳбари заковатманду дурандеши кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Боз ҳам сурурбахшу хотирмон он буд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми қаблиашон дастур доданд, то китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро чун бузургтарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллӣ бо теъдоди зиёд чоп карда, ба ҳар як хонадони мардуми кишвар дастрас намоянд.
Мехоҳам андешаҳои хешро бо як гуфтаи инсонпарваронаю наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қадру манзалати нотакрори аллома Бобоҷон Ғафуров ҳусни хотима бахшам: «Устод Бобоҷон Ғафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор дорад. Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» бо санадҳои илмӣ анҷом додааст».
Ш. Ҳусейнзода,
«Садои мардум»