Инсоният дар тӯли ҳаёт ба бисёр нобаробарию нокомиҳо дучор гардида, бо вуҷуди ҷонбозиҳо ва қурбониҳои зиёдро дидан, бо такя ба ақли солиму хиради олӣ тавонист хусумату бадбинӣ, кинаву адоват ва носозгориву ноҷӯриҳоро аз байн бибарад ва дасти оштиву мусолиҳаро ба ҳам диҳад. Сабақи таърих ҳушдор медиҳад, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷангу низоъҳои дохилӣ, ки аксаран аз ҷоҳталабию манфиатҷӯӣ ва ниқорталабию худхоҳӣ сарчашма мегиранд, доимо бояд ҳушёру зирак бошем.
Чунончи, бо вуҷуди мусибату ноҷӯриҳои зиёд кашмакашиҳои сиёсиву ноадолатиҳои замон гардидан, бо гузашти садсолаҳо тоҷикон тавонистанд зери парчами ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарию роҳнамоӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асл баргарданд.
Хушбахтона, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳаи охири асри гузашта пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва миллати куҳанбунёду фарҳангии тоҷик ба зиндагии шоиста баргашта, корҳои ободонию бунёдкориро пеша намуд.
Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва рушди онҳо оғоз бахшем.
Ваҳдат ва сулҳи тоҷикон ҳамчун омили муттаҳидсозандаи мардуми Тоҷикистон барои сокинони мамлакат шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Миллати тоҷик ҳамчун мардуми сарбаланду баномус дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфт, худро шинохт ва ҳоло парчами зафар болои сар бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои бадастовардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Бузургтарин хизмати Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадам гузорем.
Зимнан, ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Он шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат ҳукмфармост, он давлат рушду тараққӣ ёфта, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.
Зиндагӣ собит намуд, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи Ватан, инчунин бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.
Кишваре, ки аз рӯзи азал пайваста барои расидан ба зиндагии шоиставу арзанда, ба истиқлолияти воқеӣ ва худшиносии миллӣ талош дошт ва дар гузашта мушкилоти зиёдро аз сар гузаронид, тавонист монеаҳоро рафъ ва соҳиби давлатдории миллӣ гардад. Дар як муддати кӯтоҳ харобиҳо ба ободӣ табдил ёфта, садҳо корхонаву иншооти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз карданд. Тавассути шоҳроҳҳои замонавӣ ҳама гӯшаву канори мамлакат ба ҳам пайваста, рафтуои бемамонияти сокинон таъмин гардид.
Подоши ин ранҷу заҳматҳо буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар ҷаҳон маъруфият касб карда, бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкорона эҳтироми зиёдро соҳиб гардиданд.
Саҳми Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун кафили суботу оромӣ, эҳёгари фарҳангу маданият, фарди тамаддунофар ва бунёдгузори ваҳдату ягонагии сокинони Тоҷикистон ниҳоят бузург мебошад. Барои кулли тоҷикону Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан аст, ки Сарвари давлати тоҷикон дар мушкилтарин рӯзу моҳҳо ва солҳои душвор, ки тақдири сулҳи тоҷикон ҳал мегардид, аз душвориҳо ва таҳдидҳо ба ҳаёти хеш наҳаросида, мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони мухолифин дар кишвари ноором — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон анҷом медоданд.
Барои хизматҳои бузург ва саҳми арзишманд дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва муносибату ҳамкориҳои дӯстона байни мардум ва кишварҳо талошу кӯшишҳои созандаву бунёдкорона Роҳбари давлат бо унвону нишони олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳонӣ қадршиносӣ гардиданд. Соли 2005, дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ — медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризояти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоят сарфароз гардиданд. Дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шахсиятеанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф шуданд.
Ҳамчунин, барои саҳми арзанда гузоштан дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Ҷаноби Олӣ сазовори «Ситораи тиллоӣ»-и Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ гардиданд ва аз аввалин сиёсатмадоранд, ки ин мукофоти олиро соҳиб шуданд.
Дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти беназири таърихӣ олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ ҳувайдост. Ҳамин гуна хислатҳо ва табиати бузурги инсонист, ки ҷомеаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро дӯст дошта, ба ранҷу заҳмат ва хизматҳои беназирашон арҷ мегузорад.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар охири асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид. Дар замоне ки Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз давлатҳои ташаббускору дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми назаррасу ҳалкунандадошта баромад мекунад, ҳар яки мо вазифадор ҳастем дастовардҳои бузурги сиёсӣ — иқтисодӣ ва илмӣ — фарҳангиро, ки тӯли солҳо соҳиб гашт, ҳифз намоем.
Мусаллам аст, ки истиқлолияти комил ва рушди бемайлони ҳар як давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Бинобар ин, истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа пойдор хоҳад буд, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он нуфузи бештар дошта, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби онҳо дуруст ба роҳ монда шавад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлолияти воқеӣ мушкиливу ноҷуриҳои зиёд домангири кору фаъолияти идораву сохторҳои амалкунандаи мамлакат гардиданд. Зеро қувваҳои иртиҷоӣ бо ҳар роҳу восита мехостанд ба раванди дигаргунсозиҳои ҳаёт, ки барои рушду нумӯъ ва тараққиёти кишвар равона шуданд, халал ворид кунанд. Дар натиҷа, гурӯҳҳои ҷиноятпешаву ашхоси зархарид бо мақсади ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар даст ба ҷиноятҳои вазнин зада, ба раванди сулҳу субот монеъ мегардиданд. Новобаста ба вазъияту мушкилиҳои бавуҷудомада, ба туфайли сиёсати оқилона ва фаъолияти сермаҳсули роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳ оташи ҷанги дохилӣ хомӯш ва вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Набояд фаромӯш кард, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ — иҷтимоӣ, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои хатарноку даҳшатзо, пуршиддату вазнини рӯҳию ҷисмонӣ ва таъминоти ночизи моддӣ — техникӣ вазифаҳои хизматиашонро софдилонаю сарбаландона иҷро мекарданд. Дар ин даргириҳо зиёда аз чор ҳазор нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба савганди касбиашон содиқ монда, баҳри таъмини қонуният ва ҳифзи шарафу ҳимояи Ватан ҷонашонро аз даст доданд.
Ҷиҳати пешрафт ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бо дарназардошти талаботи замон, дар якчанд соли охир шуъбаву хадамоти нав таъсис дода шуд, ки алҳол натиҷаҳои кори онҳо назаррасанд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ нигоҳ доштани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо дастгирӣ ва кумаки бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо бо техника ва воситаҳои кории ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бо ифтихор таъкид мекунам, ки саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар таъмини оромию осоиштагӣ, ризояти миллӣ, таҳкиму барқарории сохти конститутсионӣ ва давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат хеле назаррас мебошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба сифати сипари оҳанини давлат дар барқарории сулҳу субот, ҳифзи ҳаёту манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа мавқеи назаррас доранд. Пайомади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ ва рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Танҳо дар сурати мавҷуд будани ваҳдату муттаҳидӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мениҳад. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президенти мамлакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, меваҳои ширину фаровон ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо тоҷикону тоҷикистониён ифтихор мекунанд.
Соли 2019 ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё меҳмонони олимақом аз 27 давлати дунё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Чорабинии мазкур 15 июни соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид, ки дар он сарони нуҳ кишвар (Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Туркия, Эрон, Шри — Ланка), инчунин сарвазирон ва вазирони корҳои хориҷии 18 кишвари дигари аъзои МҲТБО ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Форуми байналмилалии муттаҳидкунандаи кишварҳои қаламрави Осиё ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он мустаҳкам гардонидани муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиё ба мақсади таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ собит намуд, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳофар ва созандаву бунёдгузор мавқеи баландро соҳиб гардидааст.
Аз пазироӣ, меҳмоннавозӣ, шукӯҳи баргузорӣ ба мавқеи Ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории саммити мазкур сарварони давлатҳо баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки воқеан, Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар сиёсати берунаи ҷаҳони муосир ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Баҳои намояндагони давлатҳои хориҷӣ ба роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боиси ифтихор буда, сокинони мамлакатро водор месозад, ки таҳти сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, дар ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидӣ барои ободӣ ва рушду тараққиёти кишвари азизамон талошу кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Абдураҳмон Аламшозода,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал — лейтенанти милитсия