«Чил ҳунари як мард»

№69-70 (4809 - 4810) 31.05.2024

IMG_0001Бо чунин унвон дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон зиндаёд Раҳмондӯсти Қурбониён маҳфил доир шуд. Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии Театри намунавӣ-минётураи «Оина» баргузор гашт, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовинони вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Одилзода, Давлат Сафар, ҳунармандон ва дӯстдорони санъати театру кино ширкат доштанд.

Раҳмондӯсти Қурбониён, ки умри хешро дар театру синамо сипарӣ намуда буд, аз чеҳраҳои мондагори фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Ӯ дар рушди театру кинои тоҷик саҳми нозудуданӣ дошт.

Дилбар Одилзода фаъолияти эҷодии ҳунармандро фарох арзёбӣ кард. Аз ҷумла гуфт: «Раҳмондӯсти Қурбониён «Ба як мард чил ҳунар кам»-ро шиори худ карда, ба сифати ҳунарпешаи театру кино, коргардон, овозхон, тақлидкор фаъолият намудааст. Ӯ дар эҳё ва саҳнавӣ намудани суннату анъанаҳои мардумӣ нақши бориз дорад. Дар беш аз сад саҳнача, спектаклҳои театрию телевизионӣ нақш бозида, дар хондани сурудҳои ҳаҷвӣ, бадеҳа ва тақлид истеъдоди баланд дошт. Ба синамо аз солҳои аввали донишҷӯӣ ворид шуда, соли 1962 дар филми «Коваи оҳангар»-и Борис Кимё­гаров нақши нахустини худро иҷро намуд».

Тавре дар чорабинӣ зикр шуд, Раҳмон­дӯсти Қурбониён пас аз хатми мактаби миёна ба студияи актёрии назди Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дохил шуда, онро соли 1964 хатм кардааст. Соли 1974 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нозукиҳои касби коргардониро аз худ намуд. Соли 1964 ба Театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба кор рафта, сипас ба ҳайси роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳияи Фархор, роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Москва, ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб, коргардони Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кард. Солҳои 1992-2010 ҳунарпеша ва коргардони Театри намунавӣ -  минётурии «Оина» буд. Дар таҳияи барномаҳои театрикунонидаи сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Наврӯз саҳми созгор гузоштааст.

Дар кино тамошогарон ӯро бештар аз филми «Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ мешиносанд. Ҳамчунин, дар филмҳои «Братан» ва «Қош ба қош»-и Бахтиёр Худойназаров, «Сароби биҳишт»-и Юнус Юсуфов, «Муҳаббат»-и Умед Мирзоширинов, «Пуштаи хандақпеч» ва «Баҳори як кӯча»-и Саидҷон Қодирӣ, «Баррачаи хаёлӣ»-и Абдулҳай Зокиров, «Сазои вафо»-и Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Чарх»-и Шаҳзод Раҷабов, «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов ва чандин филмҳои дигар нақш бозидааст.

Заҳматҳояш бо унвонҳои Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шудааст.

Агарчи имрӯз ҷисман миёни мо нест, аммо бо номи неку нақшҳои офаридааш дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд.

Ф. ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»