Дар ӯ ҳам гармии оташ ва талхии дуд аст

№64 (4647) 15.05.2023

Без имени-15-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми чирадаст Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Дастархони сурх» оғоз гардид. Дар он беш аз 100 асари солҳои охир эҷоднамудаи рассом ба маъраз гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, доктори илмҳои таърих Л. Додхудоева ва устоди Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Р. Раҷабова оид ба сабки эҷоди Далер Миҳтоҷов андешаҳояшонро баён намуданд.

«Дастархони сурх» номгузорӣ гардидани намоиш бесабаб нест. Рассоми мавриди назар ба ранги сурх таваҷҷуҳи хоса беандоза дорад. Дар эҷодиёти ӯ ранги сурх шоҳи рангҳост. Бахту шодӣ, андуҳу ғам, нуру рӯшноӣ асту тирагӣ, таъми тарбуз дораду меваҳои шаҳдбор, садбарги шукуфон асту барги хазон, рухсораи зебои ёр асту хуни шаҳидон.. Ӯ дар ифодаи ҳама гуна эҳсосот аз ин ранг моҳирона истифода мебарад. Ба қавли шодравон Лоиқ Шералӣ, «дар ӯ ҳам гармии оташ, дар ӯ ҳам талхии дуд аст».

Мавзӯи офаридаҳои рассом таърихи кишвар ва табиати афсонавии он, бузургони миллат ва гармиву сардии зиндагист, ки  «Рӯзи сурх», «Набзи зиндагӣ»,«Асри тиллоӣ», «Ворисон», «Фасли рангҳо», «Фишор» ва «Истиқлол» аз қабили онҳост.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»