Майдони «Истиқлол» — рамзи Ваҳдат

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

306568886_7983309468406805_1248893281879051676_nДар майдони тозабунёд, ки дар қалби Тоҷикистон — Душанбеи гулпӯш, ҳудуди 30 гектар домон густурдааст, бурҷи «Истиқлол» бо 121 метр баландӣ қомат афрохтааст.

Ҳар чизе, ки дар ин майдон ва дар ин бурҷ мавҷуданд, рамзу ҳикмате дорад. Аввалин чизе, ки баробари ворид шудан ба майдон рӯҳияи касро болида месозад, селаи кабӯтарони сафед мебошад, ки дар тамоми дунё ҳамчун рамзи сулҳ шинохта шудаанд.

Маҷмаа рамзи дарахти ҳаёт аст. Реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя — рамзи устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсоният мебошанд. Қисми поёнии он 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр тӯл кашидааст, ки мазмуни дар соли 1991 ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро дорад.

Атрофи маҷмааро аз берун 14 деворнигорае, ки ифодагари ҳунари волои санъати тас­вирии халқи тоҷик мебошанд, зеб медиҳанд.

Деворнигораи Тоҷикистони навин моро ба Қасри Арбобу Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард, сохтмони НБО «Роғун» — бузургтарин иншооти аср ва дигар дастоварди давлатдории навин ошно месозад.

Ошёнаи аввали бурҷ ба фазои ошёна рӯҳи миллӣ бахшида, дар он ҳунарҳои миллӣ ба маъраз гузошта шудаанд, ки аз соҳибҳунарии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Диққати ҳар бинандаро фарҳанги наҷиби либоспӯшӣ, кандакорӣ, кундал, чакан, ороиш дар санг ба худ мекашад.

Дар ошёнаи дуюми бурҷ Осорхонаи таърихии Душанбе созмон ёфтааст. Меъморон ин ошёнаро мувофиқ ба талаботи замона бунёд карда, бо риояи унсурҳои миллӣ зинат додаанд.

Тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ – Асосгузори давлати Сомониён хеле ҷолиб аст. Тахт, ки пурра бо усули кандакорӣ оро ёфтааст, далели он аст, ки тоҷикон аз азал мардуми тахтнишину соҳибтоҷу соҳибдавлат буданд. Болои тахтро тоҷ оро додааст. Тоҷ аз тилло сохта шуда, онро сангҳои қиматбаҳо аз қабили алмос, ёқути кабуд ва лаъли Бадахшон зеб медиҳанд. Рӯи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фар, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзишуда оро ёфта, ба тоҷи заррин пайваст мебошад ва ин ишора ба эҳёи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аст. Аз ду тарафи тахт шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгиранд, ки намунаи онҳо аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Қисми қафои тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти қадим — Врахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз санг­ҳои қиматбаҳо сохта шудааст. Атрофи тахт 7 калиди тиллоии рамзӣ аз 7 шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун, Ҳулбук ва нусхаи намунаҳои заррини санъати волои Хазинаи Амударё гузошта шудаанд.

Манзараи дигаре, ки дар ин атроф таваҷҷуҳи касро ба худ мекашад, 3 варақаи заррини аз тилло сохташуда мебошад. Дар ин варақаҳо, ки онҳоро занҷира бо ҳам мепайвандад, аксҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаккокӣ шудаанд, ки басо рамзист.

Таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷикро дар 14 акс метавон мушоҳида намуд.

Дар ин макон аз баландии 94 метр тавассути 4 дурбини калонҳаҷм Душанбе — пойтахти азизамонро, ки солҳои охир зеби дунё шудааст, метавон тамошо кард.

Хулоса, иншооти мазкур яке аз шоҳкориҳои замони соҳибистиқлолӣ ва самараи ваҳдати миллӣ мебошад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»