Ошиқи ноком

№6 (3486) 13.01.2016

(Ҳаҷвия)

Мустафо ба Сафро ошиқи шайдо шуда буд. Аммо инро барояш ҳеҷ баён карда наметавонист. Аз наздаш бо баҳонае борҳо гузашт. Сафро бошад, ба ӯ илтифот надошт.

Мустафо дид, ки Сафро ба ӯ ҳатто як табассумро дареғ медорад, аз алам як рӯз дасти ман не, дасти Маҷнун гӯён аз деҳа фирор кард. Бо пайроҳаи барояш шинос, рӯ ҷониби кӯҳи азими болои деҳа, ки қуллаи он тамоми  сол барфпӯш буд, боло баромад.

«Маҷнун» дар дашту регзори сӯзон аз фироқи «Лайлӣ»-аш ашк мерехт, ба васфаш чун булбул  менолид. «Маҷнун»-и ноком маҳаллеро интихоб кард, ки на дашту биёбон, балки дарахту себарга, оби софи кӯҳии фаровон дошт. Дар марғзор назди суфасанги бузург қарор гирифт.

Болои он баромада, атрофро тамошо кард. Илҳомаш омад ва ба сурудан сар кард. Чун артистони ҳиндӣ як даст зери гӯш, дасти дигарро чун шамшер ба пеш алвонҷ дода, ҳар чӣ медонист месуруд. Хаёлаш ҳозир аз паси харсанг ё арчаи сарсабз «Лайлӣ»-аш баромада, сари овозашро мегирад. Аммо аз санг садо буду аз «Лайлӣ» бераҳмаш не.

Аз рақсу сурудхонӣ монда шуд. Ҳаво ҳам гарм  мешуд. Ҳис кард, ки гурусна мондааст.

«Маҷнун дар он дашту биёбон чӣ мехӯрд? Аз афташ обу хӯрокашро зери регзор захира мекард», — бо худ меандешид ӯ.

Ба бахти ин ошиқи ноком дарахтони ҷангал меваи зиёд доштанд. Ӯ аз дулона, себи ёбоӣ, бодом ва ҳар чизе, ки хӯрдан  мумкин буд, доманашро пур карда, зери дарахти чормағз, ки сояи ғафс дошт, нишаст.

Баъди тановул, гуруснагиаш каме таҳ нишаст ва ӯро хоб бурд. Дар хобаш Сафро аз паси суфасанг бо гулдаста пайдо шуд. Лаҳзае атроф дар назари ӯ гулпӯш гашт. Сафро бо табассуми ширин сӯяш қадам мезад. Бо овози фораму гуворо суруд мехонд. Ҳарчанд гӯш кард нафаҳмид, ки маъшуқааш бо кадом забон месарояд.

Оҳиста — оҳиста ба ӯ наздик мешуд.  Рӯ ба рӯяш  нишаста, гулдастаро барояш тақдим кард. Хам шуда, рухсораҳои ӯро чалап- чалап ба бӯсидан даромад.

Дасташро оҳиста боло карда, хост баногӯшашро навозиш кунад.

Аммо дасташ ба гӯши дарози сермӯй бархӯрд.

«Ё тавба, ин гӯши кӣ бошад?» — бо ҳаяҷон мегуфт бо худ. Чашмони хоболудашро оҳиста кушод. Симои маъшуқааш ҳамоно аз назар  нопадид гашт ва рӯ ба рӯяш як махлуқи фукдароз пайдо шуд, ки аз  чашмонаш оташ меборид. Мустафо дасташро аз гӯши ин ҷонвар гирифт. Каме ба худ омада, фаҳмид, ки рӯ ба рӯяш гург истода, лабу рухсораашро мелесад.

Вақти хоб бурданаш гург пайдо мешавад. Дар лабу лунҷи Мустафо боқимондаи себ, дулона часпида буданд. Гург бо иштиҳо онҳоро лесидан мегирад.

Мустафо, ки ҳушёр шуда буд, бо тамоми қувва фарёд зад. Аз ин садои ногаҳонӣ гург бо ҳарос ду — се қадам қафо рафт.

Мустафо фурсатро муносиб ёфта, тоб хӯрда, бо пайроҳа рӯ ба гурез овард. Намедавид, балки парвоз мекард. Гумонаш ҳозир гург ба панҷаҳои тезу қавиаш ӯро ба замин мехобонад. Аз тарс ба қафо нигоҳ намекард. Мехост ҳар чӣ тезтар аз ин ҷо дур равад. Ҳамоно медавиду медавид. Ба назди ҷӯйча, ки пайроҳаро бурида, поён сӯи деҳа ҷорӣ буд, расид.

Бо панҷаҳояш ба сару рӯяш оби сард  пошида, як – ду қулт нӯшид. Баъди чанд қадам роҳ рафтан ба замин афтид.

***

Шораҳмати шикорчӣ субҳи содиқ ба қуллаи барфпӯш баромад. Имрӯз шикораш барор кард. Чанд кабк гирди камараш овезон бо ягона пайраҳа ба деҳа бармегашт. Аз сайди кардааш хурсанд буд ва камони  шикориашро на ба китф, балки чун таёқи чӯпонӣ пушти гардан гирифта, бовиқор зери лаб сурудеро замзама мекард. Ба ҷӯйча расида, сару рӯяшро шуста, об нӯшид.

Аснои  фуромадан дид, ки касе беҳаракат хобидааст.

Зуд хам шуда, ӯро ба пушт гардонд.

«Мустафо, писари Бобокалон – ку! Ин ҷо танҳо чӣ кор мекунад?» -  бо худ мегуфт шикорчӣ. Ӯ даст ба раги гардани Мустафо гузошт «Хайрият, зинда, аммо дар оташ месӯзад, табаш баланд шудааст».

Мустафоро ба деҳа овард. Ба падару модараш гуфт, ки ӯро аз роҳи кӯҳӣ бо ҳамин аҳвол ёфтааст.

Падару модар низ гуфтанд, ки  аз пагоҳӣ ӯро мекобанд.

Хурсанд шуданд, ки писарашон пайдо шуд.

Шикорчӣ гуфт, ки ӯ таби баланд дораду духтурро даъват кунанд.

Духтур барои паст шудани ҳарорат дору  гузаронда, чанд ҳаб дод, ки то ба худ омадан диҳанд.

Шабҳо аз дод задану ҳазён гуфтани Мустафо падару модараш фаҳмиданд, ки ӯ сахт тарсидааст. Муллои деҳа низ сари болини Мустафо чанд маротиба дуо хонд. Пас аз як ҳафта ба худ омад. Ба саволи падару модараш, ки ба ӯ чӣ шудааст, ҷавоб намедод. Аз кардааш шарм дошт.

Падару модар аз рафиқаш Давлатбек хоҳиш карданд, ки аз Мустафо сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданашро пурсон шавад.

Мустафо аввал розӣ нашуд, баъд бо шарте ки  Давлатбек ин  сирро ба касе намегӯяд, буду шуди воқеаро нақл кард.

- Дар ҳақиқат ту девона шудаӣ,- гуфт Давлатбек. — Медонӣ Сафро аз ту чанд сол калон аст? Баъди як – ду сол мисли дигар духтарҳо ӯро тӯй карда, ба дигар деҳа мебаранд.

- Барои ошиқ синну сол фарқ надорад! – гуфт файласуфона Мустафо.

- Исто, ки ҳамон «Лайлӣ»-ат аз ишқи ту хабар дорад?

- Не. Натавонистам ба ӯ изҳор кунам. Шарм кардам.

- Хуб кардӣ, ки натавонистӣ. Ақаллан мӯйлаб надорӣ. Ту куҷою Сафро куҷо?

Дӯсташ Давлатбек тавре ваъда карда буд, сирри Мустафоро ба касе нагуфт, ба ҷуз падару модар ва ҳамсолони худ. Ҳамин кифоя буд, ки хурду калони деҳа аз сару савдои Мустафо огоҳ шаванд.

- Бечора «Маҷнун», мегуфтанд бо киноя ҳамсинфонаш. «Лайлӣ»-и беинсофе. Боре ба Маҷнунаш илтифот накард»,- пичинг мезаданд духтарон.

Ин қиссаро Сафро шунида, бозавқ хандид:

«Маҷнуни пинҳонкорро ман аз куҷо донам? Ку як бор пешам ояд».

Аммо «Маҷнун»-и ноком бо дидани Сафро аз шарм намедонист худро дар куҷо пинҳон намояд.

Бо гузашти вақт қиссаи аҷиби ошиқии Мустафо фаромӯш шуд. Сафро қадрасу дилкаш ва Мустафо навхат мегаштанд. Навбати арӯсии Сафро ҳам фаро расид. Шаҳ аз деҳаи ҳамсоя будааст.

Дар тӯйи арӯсии Сафро Мустафо мардона хизмат кард. Назди дарвоза сачоқ дар китф ба дасти меҳмонон об мерехт. Аз назди меҳмонон табақу косаҳоро меғундошт.

-Ақли «Маҷнун» акнун  даромадааст, — бо шӯхӣ мегуфтанд ҳамсолонаш.

Баъди оши наҳор зери садои карнаю нақора Сафрою домод ба мошин нишаста, қишлоқро тарк  карданд. Мустафо бо ҳавас аз қафои онҳо нигарист.

- Лайлиат Маҷнунашро ёфту рафт. Акнун чӣ кор мекунӣ? — бо шӯхӣ гап  мепарронданд ҳамсолонаш.

- Ман Лайлиамро меёбаму ин ҷо меорам. Тӯйи калон медиҳам. Шумо хизмат мекунед, — ҷавоб дод Мустафо, ки аз шавқи ҷавонӣ чашмонаш медурахшиданд.

- Фақат эҳтиёт кун, ки Лайлиат гӯшдарози сермӯй набошаду лабу  лунҷатро чалап- чалап налесад,- гуфт  Давлатбек, ки аз қиссаи ошиқии ӯ бохабар буд. Мустафо аз шарм бо сари хам ба замин нигоҳ мекард.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»