Дидгоҳ

Оё масҷид хусусӣ буда метавонад?

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

Чунин ба назар мерасад, ки баъзеҳо ҳатто хонаи Худоро «соҳибӣ» карданианд

Men pray at the Haji Yacoub Mosque in Dushanbe. David TrillingАз рӯзҳои аввали мавҷудияти инсоният фарҳанги ҳар як халқият  арзиши нотакрорро доро буда, он бо мурури сол ва талаботи замон такомул ёфта истодааст. Тавре аз далелу арқоми таърихӣ бармеояд, фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ  тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ  ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

 Ҳамрадиф бо ин, фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи он метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд. Таассуфовар аст, ки баъзе «бузургон»-и «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» ҳазённомаи кадом як ташкилоти лоббистии аврупоиро бобати «то андозае маҳдуд будани озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ливо» намуда, «аз пашша фил сохтанианд». Чунин нафарон тафриқаандоз мебошанд. Худованди мутаъол дар ­«Қуръон»-и карим шахсони тафриқаандозро маҳкум намуда, паёмбари худ ва уммати исломро барои дурӣ ҷустан аз онҳо ҳидоят менамояд. Дар ин хусус «Қуръон»-и карим чунин мефармояд: «Дар ҳақиқат касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гурӯҳ — гурӯҳ гардиданд, ту ҳеҷ робитае ба онҳо надорӣ ва корашон танҳо ба Худост. Он гоҳ ба он чӣ анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард». Дар ҳадиси расули Худо низ омадааст: «Бар шумо ягонагӣ ва парҳезгорӣ аз тафриқа воҷиб мебошад». Биноан, моро зарур аст, ки дар муқобили чунин сафсатапароканиҳо устувор бошем. Алалхусус, дар шароите ки дар баъзе кишварҳои исломӣ раванди сиёсисозии ислом ва алангаи низоъҳои таърихиву мазҳабӣ авҷ гирифта, хатари тавсеаи он ба олами ислом таҳдид дорад, мо бояд тозагии мазҳаби худро нигоҳ дорем, зиракии сиёсиамонро тақвият бахшем ва ҳамеша ҳушёру зирак бошем.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ арзишҳои  динии худ­ро эҳё намоем. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикис­тон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва  коршиносон муайян намуданд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад.

Банда мусалмонам ва ба он назарам, ки афзоиши теъдоди масоҷид далели возеҳи таъмини озодии эътиқод ва шароити мусоид барои рушди фарҳанг ва ахлоқи динӣ мебошад. Ба шарте ки бунёди онҳо  василаи худнамоӣ набошад ва аз ҷониби нафароне, ки воқеан ҳам чунин имкониятро доранд, амалӣ гардад. Соҳибкореро медонам, ки тиҷораташ дар ҳоли рукуд ва фарзандаш бемор аст. Сарфи назар аз мушкилоти зикршуда, саҳмгузорӣ дар бунёди масҷидро ҳадафи хеш қарор додаву дар ин ҷода «собитқадам» аст. Нафари дигар бо таъмиру таҷдиди бинои фарсудаи масҷид намехоҳад шахсони барояш номақбул он ҷо намоз гузоранд. Вобаста ба амалкарди чунин ашхос ба ҷуз он ки онҳо ҳатто хонаи Худоро низ «соҳибӣ» карданианд, хулосаи дигар ба зеҳн намеояд.  Дигаре аз маблағҳои хайриявии бо ин мақсад ҷудошуда низ «ҳакбар» шуда, иддае барои бунёду таъмири масоҷид ба ҳайси «миёнарав» (табиист, ки ин ҳавасмандӣ бесабаб нест) «гадоӣ» мекунанд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки барои ҳар як кӯчаву паскӯча ва маҳалла аз рӯи риёву худнамойӣ бунёд намудани масоҷид ва ҷойҳои ибодатӣ метавонад эҳтимоли тафриқаандозиро байни мусалмонон зиёд намояд. Ҳавасманд намудани шаҳрвандон ба бунёди мактаб набояд «ихтиёрӣ — маҷбурӣ» бошад. Шоистаи зикр аст, ки ин раванд (манзурам бунёди мактабҳо) аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд  амалӣ шуда, ҳоҷат ба «ҳавасмандгардонӣ»-и  нафаре нест. Агар касе бо амри дил ба ин кори хайр иқдом намояд, ба ҳеҷ ваҷҳ бохт нахоҳад кард. То ҷое огоҳӣ дорам, рисолати дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусалмон. Ин нукта дар «Қуръон»-и  карим, ки бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба бо забони тоҷикӣ дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха чоп шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид, чунин омадааст: «Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед». Дар робита ба ин масъала ҷои дигар таъкид шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед». Эътироф бояд кард, ки қиёс ва натиҷагирӣ аз рушди фазои эътиқоди динӣ нигаронкунанда аст. Ифротгаройӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, суиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт беш аз пеш зирак бошем. Маҳз бо сабабҳои фавқуззикр айни замон баъзе кишварҳои мусалмонӣ ба майдони бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо табдил ёфтаву мардуми бегуноҳ дар азобанд. Дар кишвари мо барои мардум тамоми шароит муҳайёст, ки озодона фаризаҳои диниро ба ҷо оранд. Касе ба масҷидравию намозгузорӣ, рӯзадорӣ ва ҳаҷравии онҳо монеъ намешавад. Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад. Биноан,  зарур ва ногузир аст, ки мо арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, аз онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ самаранок истифода намоем.

Мушоҳида мешавад, ки баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба ин масъала дуруст дарк накарда, мехоҳанд фарҳанги бой ва рангоранги гузаштаву имрӯзаи халқи моро дар чорчӯбаи арзишҳои динӣ маҳдуд созанд ё онро бо арзишҳои эътиқодӣ комилан муқобил гузоранд, ки ин иштибоҳи маҳз аст. Банда низ бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусалмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтаву ин раванд муттасил аст. Мушкили дигар дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад.

Эътироф бояд кард, ки  масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини  нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд.

Каломи осмонии Худованди якто — «Қуръон»-и азимушшаън муъминонро огоҳ кардааст, ки ба гуфтаҳои фосиқону мунофиқон бовар накунанд. Чунончӣ, Худованд дар ояти 6 сураи «Ҳуҷурот» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед».

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии мост, ки ин дини покро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгаройӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки барои мо инкишоф додани ҳувияти ягонаи миллӣ сарчашма ва омили муҳими пешравии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»