Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт

№9 (4271) 23.01.2021

(Ёде аз вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдӣ Авазов)

Абди АвазовАз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

- Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз куҳна нагардад?

- Гуфт:

- Номи нек.

Хушбахтона, дар ҷомеа ҳастанд шахсиятҳое, ки умри бобаракатро баҳри рушду шукуфоии Ватан сарф карда, номи наку боқӣ гузоштанд. Яке аз онҳо собиқ раиси хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Восеъ, Устоди пахтаи Тоҷикистон Абдӣ Авазов мебошад, ки дар байни роҳбарони хоҷагиҳои пахтакори кишвар шахсияти обрӯманд ва маъруф маҳсуб меёфт.

Бо супориши яке аз рӯзномаҳои ҷумҳурӣ тасмим гирифтем, ки ба ифтихори 90-солагии собиқ Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон, ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шодравон Ҷаббор Расулов мақола ба табъ расонем. Огаҳӣ доштам, ки Ҷаббор Расулов бо Абдӣ Авазов муносибати дӯс­тона ва иртиботи корӣ дорад. Бо ин мақсад барои дидорбинӣ ва суҳбат ба суроғаи Абдӣ Авазов рафтем.

Ӯро дар замини назди ҳавлиаш ҳамроҳии наберагон машғули кор ёфтем. Вай моро хуш пазироӣ намуду бо рӯйи арақшору дастони лойолуд ҳамроҳамон ба ҳавлӣ даромад. Чун ба кати соядори рӯи ҳавлӣ нишастем, ба ӯ гуфтем:

- Кор гуфта овора нашавед, дар сояи давлати писарону набераҳо истироҳат кунед.

- Устухони ман, бародар, бо меҳнат шах шуда, обутоб ёфтааст. Лаҳзае бекор нишаста наметавонам, — посух дод, бобои Ҳоҷӣ Абдӣ.

Дурудароз бо ӯ суҳбат намудем. Суханони ширину қиссаҳои хотирмонашро шунидем. Гуфтаҳояш оҳанги инсондӯстонаю хайрхоҳона доштанд. Ӯро як шахси фозилу бомаърифат дарёфтем…

Абдии ҷавон соли 1936 дар собиқ ноҳияи Кангурт мактаби маҳви бесаводиро хатм намуд. Соле баъд ҳамроҳи пайвандон ба ноҳияи Арал (ҳозира ноҳияи Восеъ) кӯч баст. Рӯзона дар хоҷагӣ ҳамчун ҳисобчӣ кор мекарду шабона дар мактаб ба талабагон дарс медод.

Солҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосию миёнаи умумии ноҳияи Восеъ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд.

Соли 1941 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро бо дипломи аъло хатм намуд. Даврони душвору вазнин буданд он солҳо. Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба мамлакати советӣ ҳуҷум кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) сар шуд. Абдӣ Авазов се маротиба ариза навишт, ки ӯро ба фронт фиристанд. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳия ба ӯ гуфтанд, ки омӯзгорон дар мактабҳо намерасанд, бинобар он, кадом вақте лозим шавад, он гоҳ даъват мекунем.

Абдӣ Авазов барои баланд бардоштани савияи дониш соли 1950 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ва соли 1955 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бомуваффақият хатм намуд. Дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди мактабу маориф хизматҳои босазо кард. Заҳматҳои пайвастааш аз назари Давлату Ҳукумат дур намонд. Соли 1961 ӯ сазовори унвони баланди Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон гардид.

Вақте ки вазъи мактабу маориф беҳтар шуд, роҳбарони ноҳия дониши баланд, қобилияти ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносиро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи муовини аввали раиси хоҷагии овозадори ба номи В. И. Ленин таъин намуданд. Ӯ, ки дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, ба воя расида буд ва дар соҳаи кишоварзӣ низ таҷрибаи бой дошт, худро ҳамчун роҳбари хубу кордон нишон дода тавонист.

Бо тавсия ва пешбарии пири деҳқонони Хатлонзамин, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев соли 1966 Абдӣ Авазовро раиси хоҷагии «Москва» таъин намуданд, ки яке аз хоҷагиҳои қарздору қафомондаи ноҳия ба ҳисоб мерафт. Ӯ тавонист тавассути роҳбарии оқилона, донишу малака ва таҷрибаи бойи андӯхта онро ба яке аз хоҷагиҳои пешқадаму номдори вилоят табдил диҳад.

Заминҳои кишти обии хоҷагӣ 2 ҳазор гектар ва заминҳои лалмӣ (дар мавзеи Олимтой ва Гулисой) 1,7 ҳазор гектарро ташкил медод. Хоҷагӣ ҳар сол наздики 10 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда, ба давлат месупорид. Баъд аз пахтакорӣ соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагӣ маҳсуб меёфт. Хоҷагӣ соҳиби се фермаи ширию молӣ, як фермаи гӯсфандпарварӣ ва як фермаи мурғпарварӣ буд. Ҳамин тариқ, «Москва» ба хоҷагии миллионер табдил ёфта, дар суратҳисоби бонки давлатӣ 25 миллион сӯм дошт, ки ба ҳисоби ҳозира ба 25 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

Дар давраи роҳбарии ин марди бохираду соҳибмаърифат ва кордон роҳҳои байни деҳаҳои хоҷагӣ мумфарш карда шуданд. Бо талошҳои пайвастаи ӯ иншооти маъмурию маишӣ, аз қабили се мактаби наву замонавӣ, ду боғчаи бачагонаи доимоамалкунанда, ҳаммом, бинои идораи маъмурӣ, кохи фарҳанг, беморхонаи рақамӣ аз ҳисоби даромади хоҷагӣ бунёд гардиданд.

Котиби якуми вақти КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов якчанд бор ба хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Восеъ ташриф оварда, бо кори деҳқонон аз наздик шинос гардид. Ӯ, аз ҷумла ба фаъолияти Абдӣ Авазов баҳои баланд дода, дар яке аз маҷлисҳои фаъолони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иброз намуд, ки таҷрибаи пешқадами ин раиси пухтакор ва деҳқони асилро омӯзанд. Абдӣ Авазов як даъват вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ду даъват вакили маҷлиси вакилони халқи собиқ вилояти Кӯлоб буд.

Ӯ донишу маҳорат, таҷриба ва ҳастиро сарфи кори хоҷагӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ намуда, субҳи барвақт ба кор мебаромаду нисфи шаб ба хона бармегашт. Ҳамеша миёни мардум ё дар майдони пахтазор ё дар фермаи чорводорӣ ва ё дар устохонаи хоҷагӣ буд. Шабҳангом ба қитъаҳои пахтазор рафта, обмониро назорат мекард.

Соли 1975 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия В. М. Дроздов Абдӣ Авазовро ба ҳузураш даъват карда, баъди суҳбати кӯтоҳ гуфт:

- Раис, ман медонам, ки шумо яке аз роҳбарони кордону ботаҷриба ва обрӯманди вилоят ва ҷумҳурӣ ҳастед. Лекин аз КМ дастур шудааст, ки раисони хоҷагӣ бояд маълумоти иқтисодӣ дошта бошанд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

- Рафиқ Василий Митрофанович, дар ин бора фикр мекунам, — гуфту аз утоқи котиби райком баромад.

Сипас, ҳамон сол ба факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Ӯ дар давраи раиси хоҷагӣ будан сидқан ва софдилона фаъолият намуд. Ба моликияти хоҷагӣ сарфакорона муносибат мекард, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамуд. Ҳар сол баъди иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ба 15-16 нафар пешқадамони меҳнат аз номи хоҷагӣ мошинҳои сабукрав туҳфа мекард. Вай на танҳо аз ин ҳисоб барои худ мошин нагирифт, балки хонаю қасри боҳашамат низ насохт. То охири умр дар хонаи аз тарафи хоҷагӣ барои колхозчиён сохташуда хоксорона зиндагӣ кард. Ба моли халқу давлат ҳаргиз хиёнатро раво надид.

Дар давраи нооромиҳо ва ҳодисаҳои номатлуби аввали солҳои 90-уми асри гузашта, гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ ба ғорати молу амволи хоҷагиҳо даст мезаданд. Аз ин рӯ, бо маслиҳати раис ситоду маҷлисҳо шабона нею саҳарии барвақт гузаронида мешуд. Боре ҳангоми гузаронидани ситод силоҳбадастон ба маҷлисгоҳ зада даромаданд ва аз раис талаб карданд, ки ба онҳо 500 литр сӯзишвории дизелӣ диҳад. Ҳозирон тарсида маҷлисгоҳро тарк карданд. Раис танҳо монд ва қотеъонаю бо ҷасорат ба онҳо рӯй оварда, гуфт: «Ин моли халқу давлат аст, моли ман нест. Ман ба давлат хиёнат намекунам. Маро паронед ҳам, талаби шуморо иҷро намешавад». Онҳо иродаи ӯро шикаста натавонистанд. Ба болои сари раис тирҳои зиёде холӣ карданду бо ғазаб баромада рафтанд.

Абдӣ Авазов одами шикастанафсу пок­виҷдон буд. Онҳоеро, ки аз мансабу вазифа суиистифода мекарданд ва хушомадгӯю дурӯя буданд, чашми дидан ­надошт. Ҳақталош буду ҳақиқатро, ростиро ва кушодагӯиро мепазируфт. Бо дурӯғгӯёну фитнагарон оштинопазир буд.

Вақте ки соли 1991 Тоҷикистон соҳибис­тиқлол гардид, ӯ сабку усули роҳбариро ба таври нав ба роҳ монд. «Истиқлолият туҳфаи худодод ва неъмати бебаҳост, ки ба мардуми мо муяссар гардид. Бояд ба қадри он бирасем», — мегуфт ӯ. Аз пешрафту ободиҳо ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол меболид.

Абдӣ Авазов барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар назди халқу Ватан бо 12 мукофоти давлатӣ — ду Ордени Ленин, Ордени Инқилоби Октябр, ду Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени фахрӣ, Ордени дӯстии халқҳо, Медали тиллоии ВДНХ-и ИҶШС ва 8 унвони фахрӣ қадрдонӣ шудааст. Яъне, ба ғайр аз унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳама мукофоту унвонро соҳиб гардида буд.

20 августи соли 2009 риштаи ҳаёти ин марди бузург канда шуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2011, ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Восеъ ба номи Абдӣ Авазов гузошта шуд. Аз ӯ кори неку номи нек боқӣ монд. Ба қавли шоир:

 Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки дар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

 Ҳоло фарзандони Абдӣ Авазов мисли падарашон дар хизмати халқу Ватан мебошанд.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор