Зикри хайр

Равшангари ҷомеа

№96 (4679) 28.07.2023

ОСИМОлимон чун равшангари ҷомеа ҳамеша дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт саҳми арзанда мегузоранд. Миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои донишмандонаш мешинохтанд. Дар ҳама давру замон олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд. Онҳо ҳамеша барои тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори кишварамон дар сатҳи байналмилалӣ кӯшиш менамоянд.

Яке аз чунин шахсон олими маъруфи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ буд, ки 23 сол вазифаи Президенти Академияи ҶШС Тоҷикис­тон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)-ро ба зимма дошт. Роҳи ӯ ба илм баъд аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шахсан дар он иштирок дошт, оғоз гардид. Қаҳрамони матлабро дар давоми чор соли иштирок дар набардҳои хунин фашистони истилогар кушта натавонистанд ва ӯ ҳамчун яке аз қаҳрамонҳои ҷанг ба Ватан баргашт, вале аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳони миллаташ ба қатл расид.

Мавсуф, ки аъзо — корреспонденти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор буд, тӯли ҳаёти пурбаракаташ тавонист барои рушди соҳаҳои гуногуни илм мусоидат намояд ва саҳми арзанда гузорад.

 Ӯ 1-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд)-и вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1937 дар Фабрикаи коргарҷавонони хоҷагии деҳоти шаҳри Ленинобод таҳсил кардааст. Сипас, таҳсилашро дар шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд идома дода, онро дар соли 1941 бомуваффақият хатм намуд.

Фаъолияташро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод оғоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор кард.

Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъият­шиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Соли 1966 нахустин ректори Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) таъин шуда, дар рушду нумӯи ин боргоҳи илм хизмати шоиста кард. Соли 1965 Президенти Академияи ҶШС Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) таъин гардид. Ӯ дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа низ саҳми босазо дорад.

 Дар давоми фаъолияти ҷамъиятиаш вакили Шӯрои Олии ИҶШС, узви КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, раиси Ҷамъияти «Дониш» — и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб» — и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд. Муҳаммад Осимӣ дар авҷи камолоти илмӣ буд ва корҳои нотамоми зиёде дошт. Нақшаҳои созандааш дар соҳаи илму маърифат бояд барои пешрафти кишварамон хизмат мекард, аммо душманони миллат бо анҷом додани амали нангин нагузоштанд, ки орзуҳои ин олими забардаст амалӣ гарданд.

Субҳи 27-уми июли соли 1996 аз ҷониби душманони миллат бераҳмона кушта шуд. Куштани Осимӣ ин қатли илму дониш, нобудсозии маърифату пешрафт буд. Чанд сол пеш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон исбот карданд, ки ин ҷинояти мудҳиш кори дасти террористони наҳзатист. Ба ақидаи мо, қотилони наҳзатӣ бо нобуд кардани ин олими қудратманди тоҷик чанд ҳадаф доштанд:

- мехостанд рушду нумӯи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароӣ роҳ кушоянд;

- террористони наҳзатӣ, ки душмани аслии илму маърифат ҳастанд, умед доштанд, ки мардум, хусусан равшанфикрону озод­андешонро метарсонанд;

- ҷоҳилону худбохтагони наҳзатӣ бо ин роҳ хостанд мардуми тоҷикро ба нестӣ баранд, чунки вақте илму олимро дар ҷомеа беқадру хор месозӣ, худ ба худ ҷомеа нест мешавад.

Аммо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, балки маҳв гардиданд.

Имрӯз дар кишвар ба шарофати сиёсати оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму дониш рушд мекунад, садҳо Осимиҳои нав ба воя расида истодаанд, ки оянда барои пешрафти илми тоҷик саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

 Корнома ва ташаббусҳои Муҳаммад Осимиро олимону равшангарони дигари тоҷик идома медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи олими забардастро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ӯ гузошт. Ҳамин тавр, хотираи неки Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон абадӣ мемонад.

Фаридуни ОРИЁӢ,

коршиноси умури сиёсӣ