Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№123 (3424) 14.09.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 571. Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

Кӯдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кӯдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки хилофи манфиатҳои ӯ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризояти кӯдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таълимии томактабӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва падару модар барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак бояд дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд.

Талабот оид ба озодона изҳор намудани фикри худ аз ҷониби кӯдак ба меъёри Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак мутобиқ гардонида шудааст. Кӯдак ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои дар оила пайдо шуда, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахл дорад, фикри худро озодона баён намояд. Дар қисми якуми моддаи тафсиршаванда ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ ду шакли озодона изҳор кардани фикри кӯдаке, ки ба синни даҳсола расидааст, муқаррар шудааст.

Якум, изҳори фикр дар шакли ба инобат гирифтани фикри кӯдаки аз синни даҳсола боло мебошад. Дар ин маврид қонунгузор имконияти мадди назар намудани фикри кӯдакро дорад, агар он хилофи манфиатҳои ӯ бошад. Масалан, суд баҳси оид ба рафъи монеаи муошират бо кӯдакро (қ. 3 м. 67 КО ҶТ) бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал мекунад.

Манфиати кӯдак талаб мекунад, ки ӯ ҳуқуқ дорад дар оилаи солим дар тарбияи падару модар бошад, бо онҳо ва хешу табори наздик дар муоширати доимӣ ва ғайра бошад. Дар ин маврид кӯдак дар ҳалли масъалаҳои зикргардида озодона изҳори ақида карда метавонад. Фикри кӯдак танҳо дар он маврид ба инобат гирифта мешавад, агар бар хилофи манфиаташ набошад.

Озодона изҳор кардани фикри кӯдак дар мурофиаи судӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Қонунгузор ҳангоми ифодаи фикр, барои кӯдак синни даҳсола болоро пешбинӣ кардааст, ки дар ин маврид ба инобат гирифтани он аз ҷониби суд ва мақомоти дигари давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳамзамон қонунгузор як ҳолати истиснои доир ба инобат нагирифтани фикри кӯдакро муқаррар кардааст, дар мавриде, ки агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.

Дуюм, изҳори фикри кӯдак дар шакли ризоияти ҳатмии кӯдак аз синни даҳcола қабул мегардад. Дар ин маврид қарор танҳо бо ризоияти кӯдак қабул карда мешавад.

Қонунгузор ҳалли масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки онҳо аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд танҳо бо ризояти кӯдаки аз синни даҳсола боло ҳаллу фасл карда мешаванд. Бо риояи талаботи банди 2 қисми 4 моддаи 72 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст. Ҳамчунин суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои падару модарро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ рад намояд, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад. Ё ин ки тибқи талаботи қисми 1 моддаи 132 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандхондӣ намудани кӯдак, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст. Дар ин маврид фикри кӯдак дар ҳалли масъала нақши ҳалкунанда мебозад, чунки бе ризоияти кӯдак фарзандхондии ӯ ғайриимкон аст.

Ҳамчунин дигар кардани ном, фамилия ё номи падари кӯдаки (фарзандхоншудаи) ба синни даҳсолагӣ расида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст (қ. 4 моддаи 134 ва қ. 3 моддаи 143 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Таҷрибаи судӣ низ ҳангоми баррасии парвандаҳо вобаста ба муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак ва баҳсҳо дар бораи тарбияи кӯдак ба изҳори фикри кӯдак эътибор медиҳад.

Дар банди 5 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №16 аз 2 октябри соли 2003 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста бо тарбияи фарзандон» омадааст, ки масъалаи ҷои истиқомати кӯдаки ноболиғро дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар (новобаста аз он, ки дар қайди ақди никоҳ ҳастанд ё не) ҳаллу фасл намуда, бояд дар назар дошт, ки ҷои истиқомати кӯдак дар асоси манфиатҳои ӯ, ҳамчунин бо назардошти фикру хоҳиши ҳатмии кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида муқаррар карда шавад, бо шарте, ки ин бар хилофи манфиатҳои ӯ набошад.

Ғайр аз ин дар банди 20 Қарори зикргардидаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби гирифтани изҳори фикри кӯдак тавзеҳот дода шудааст. Тибқи он агар ҳангоми баррасии баҳси вобаста бо тарбияи фарзандон суд оиди дар мурофиаи судӣ пурсидани ноболиғ, бо мақсади муайян кардани фикри ӯ дар хусуси масъалаи баррасишаванда, ба хулоса ояд, дар ин ҳолат бояд фикри мақомоти васояту парасторӣ оиди он ки оё пурсиши кӯдак дар мурофиаи судӣ ба ӯ таъсири манфӣ мерасонад ё не, пешакӣ муайян карда шавад.

Пурсиш бояд бо назардошти синну сол ва рушду камоли кӯдак бо иштироки педагог, дар вазъияте, ки ба кӯдак таъсир расонидани шахсони манфиатдорро истисно менамояд, гузаронида шавад.

Ҳангоми пурсиши кӯдак суд бояд муайян намояд, ки оё фикри кӯдак бар асари ба ӯ таъсир расонидани кадоме аз падару модар ё шахсони дигари манфиатдор мебошад ё не, оё вай ҳангоми баён намудани ин фикраш манфиатҳои худро дарк менамояд ё не ва онро чӣ тавр асоснок менамояд ва дигар ҳолатҳои ба ин монандро суд бояд равшан созад.

Илова бар он пурсиши ноболиғ ба сифати шоҳид ва ғайра дар мурофиаҳои судии ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, тибқи талаботи моддаи 183 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиши шоҳиди синнаш то ба чордаҳсола нарасида бо иштироки омӯзгор гузаронида мешавад ва бо салоҳдиди раискунандаи маҷлиси судӣ пурсиши шоҳиди синнаш аз чордаҳ то ҳаждаҳсола низ метавонад бо иштироки омӯзгор, ки суд даъват мекунад, анҷом дода шавад. Ҳангоми зарурат инчунин падару модар, фарзандхондагон, васӣ ё парастори шоҳиди ноболиғ даъват карда мешавад.

(Давом дорад)