Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№164 (3465) 03.12.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 77. Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ

1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.

2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, муваққатан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар муҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба суд муроҷиат намояд.

Барои ба таври ҳақиқӣ амалӣ гардонидани ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар мавриди мавҷуд будани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ қонунгузор барои бетаъхир гирифтани кӯдак роҳи маъмурии ҳалли масъаларо муқаррар кардааст. Ин вазифа ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта шудааст ва он иҷрояшро бо баровардани қарор дар бораи бетаъхир гирифтани кӯдак анҷом медиҳад, яъне масъалаи зикргардида фавран иҷро карда мешавад.

Дар мавриди қисми 1 моддаи 77 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбиникарда кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) дигар шахсоне, ки кӯдак таҳти васояташон мебошад ва онҳо кӯдакро бо худ нигоҳ медоранд, бетаъхир гирифта мешавад. Шахси мутасаддии мақомоти васояту парасторӣ дар ҷои истиқомати кӯдак бояд санад оид ба санҷиши шароити зисту зиндагии кӯдакро тартиб диҳад. Дар санади номбурда шароите, ки таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак дорад, сабт карда мешавад. Ин санад асос барои баровардани қарори мақомоти номбурда оид ба бетаъхир гирифтани кӯдак мегардад. Қарори зикргардидаи мақомоти васояту парасторӣ асоси ҳуқуқии бетаъхир гирифтани кӯдакро ташкил медиҳад.

Қисми 2 моддаи 77 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки пас аз бетаъхир гирифтани кӯдак мақомоти васояту парасторӣ барои пай дар пай иҷро кардани якчанд вазифа ваколатдор карда шудааст. Аввал ин ки мақомоти васояту парасторӣ дар ин маврид фавран прокурорро дар бораи бетаъхир гирифтани кӯдак бояд хабар диҳад. Ба доираи ваколати прокурор аз рӯи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудааст. Ғайр аз ин, прокурор дар доираи салоҳияташ нисбати вайронкунандагони қонун татбиқ намудани чораҳои қонун пешбиникарда, ба монанди оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, дастгир намудан ва ба ҳабс гирифтани айбдор, ба суд даъво пешниҳод кардан ва ғайраро дорад. Барои ҳамин ҳам аз нуқтаи назари он ки ҳуқуқи кӯдак дар шакли таҳдиди бевосита ба ҳаёт ва саломатии ӯ поймол мегардад ва бетаъхир гирифтани кӯдак, инчунин ба ҳуқуқҳои падару модар низ таъсир дорад, чунин маълумот ба прокурор барои андешидани чораҳои қонунӣ расонида мешавад.

Дигар вазифаи мақомоти васояту парасторӣ аз муваққатан ҷойгир кардани кӯдаки гирифташуда иборат аст. Яъне, то моҳиятан ҳал шудани масъала кӯдак дар муассисаҳои дахлдори давлатӣ барои нигоҳубини муваққатӣ дода мешавад. Муваққатан ҷойгир кардани кӯдак ба таври фаврӣ раҳо кардани ӯ аз таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак аст. Бо иҷро кардани он ваколати мақомоти васояту парасторӣ анҷом намеёбад. Ваколати ин мақомот то ба таври пурра анҷом ёфтани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак давом меёбад.

Вазифаи сеюми мақомоти васояту парасторӣ тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак мебошад. Бо тайёр кардани ин ҳуҷҷатҳо мақомоти васояту парасторӣ воқеияти ҷой доштани вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро исбот менамояд. Ҳуҷҷатҳо ва дигар далелҳои ҷамъоварда барои даъво пешниҳод кардан ба суд асос мегарданд.

Вазифаи дигари мақомоти васояту парасторӣ, ки аз талаботи қисми 2 моддаи 77 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар муҳлати ҳафт рӯзи баъди тайёр кардани санади санҷиш ва хулоса пешниҳод намудани даъво оид ба маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба суд мебошад. Инчунин дар муддати ҳафт рӯз муносибат ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар муайян карда мешавад.

(Давом дорад)