Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№6 (3486) 13.01.2016

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 

Моддаи 84.   Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯда­коне, ки бе парастории падару модар мондаанд

1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.

2. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.

Кӯдаконе, ки ҳангоми дар ҳаёт будани падару модар (аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудан, кӯдаконро дар таваллудхона мондани падару модар, маҳкум шудани падару модар ба маҳрумӣ аз озодӣ ва ғайра) бепарастор мондаанд, алимент дар асоси тартиби умумии КО Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 81-83) аз ҳисоби падари (модари) кӯдак ситонида шуда, ба васӣ (парастор) пардохта мешавад. Дар ин мавриди қонун муқарраркарда танҳо аз ҳисоби падару модари кӯдаки бепарастормонда алимент рӯёнида мешавад.

Аз рӯи талаботи қисми 2 моддаи 84 КО Ҷумҳурии Тоҷи­кистон алименти рӯёнидашаванда аз падару модар ба кӯда­кони бепарастори падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд ба таври доимӣ қарордошта ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида мешавад. Маблағи алимент дар муассисаҳои номбурда вобаста ба ҳар як кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои номбурда (ба монанди муассисаҳои таълими умумӣ, хонаҳои кӯдакон, мактаб — интернатҳо ва ғайра) ҳуқуқ доранд, ки маблағи алименти кӯдакони таҳти парастории онҳо бударо ба банкҳо ё дигар муассисаҳои кредитӣ гузаронанд. Яъне, гузаронидани чунин амалиёт барои муассисаҳои зикргардида ҳатмӣ набуда, ҳуқуқи онҳо мебошад. Онҳо метавонанд аз ин ҳуқуқ истифода намоянд, метавонанд истифода накунанд. Маблағи алимент дар бонкҳо ё дигар муассисаҳои кредитӣ ба муҳлати дар муассисаҳои тарбиявӣ ва монанди он ҷойгир будани кӯдак гузаронида мешавад. Роҳбарони муассисаҳои кӯдакона аз рӯи талаботи моддаи 38 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба алименти кӯдак ихтиёрдорӣ карда, онро бояд ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитии эътимоднок гузаронанд, чунки ин ҳолат ба манфиати кӯдак вобастагӣ дорад. Дар ин маврид новобаста аз ёдрас кардани қисми 2 моддаи 84 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон тахмин кардан мумкин аст, ки бо ба инобат гирифтани талаботи моддаи 38 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 152 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтори роҳбари муассисаҳои кӯдакона дар ҳалли масъалаи мазкур бо розигӣ ва таҳти назорати мақомати васоят ва парасторӣ анҷом дода мешавад. Ҷой доштани чунин розигӣ ва назорат аз ҷониби мақомати васояту парасторӣ дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ хавфи дар бонкҳо ва муассисаҳои кредитии беэътимод ва шубҳанок гузоштани маблағи алиментро то андозае пешгирӣ мекунад. Дар мавриди аз ҷониби бонк ё муассисаи дигари кредитӣ барнагардонидани маблағи гузошташуда ҳуқуқҳои кӯдак халалдор мегардад. Барои ҳамин аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои кӯдакона иҷро намудани шарти номбурда ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони бепарастормонда равона шудааст.

Маблағи алимент дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои кредитӣ ба ҳисобҳои муассисаҳои кӯдакона ворид мегарданд. Аз он панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти тамоми кӯдакони ин муассисаҳо истифода мешавад. Дар ин маврид панҷоҳ фоизи даромади боқимонда дар якҷоягӣ бо маблағи умумии алимент дар суратҳисоби муассисаи бачагона боқӣ мемонад. Вақте ки кӯдак муассисаи кӯдаконаро тарк мекунад, барои ӯ дар шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби шахсӣ кушода мешавад. Тамоми маблағи ҷамъшудаи алименти дар давраи дар муассисаи кӯдакона тарбия гирифтани кӯдак ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти маблағи воридшудаи алимент ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.

(Давом дорад)