Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Баҳри беҳбудии хизматрасонӣ чора меандешем

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

Вокуниш ба мақолаи рӯзноманигор Темуршоҳи Файзалӣ, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «Гармию сардӣ мушкилоти моро меафзояд» чоп гардида буд.

Дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои муҳим мавриди андешаронӣ қарор гирифтааст. Бояд иқрор шуд, ки толори хониш ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии китобхона зимистон ниҳоят сарду тобистон аз ҳад зиёд гарм мебошад, ки дар он хонандагон имконияти нишастану хондани китобу мақолаҳои чопии дилхоҳашонро надоранд. Ин масъала аз аввали ба истифода додани бинои китобхона (соли 2005) маъмурияти китобхона ва Раёсати фарҳанги минтақаро ба ташвиш оварда буд. Баробари ба истифода додани бино дар толори хизматрасонии китобхона кондисионерҳои иқтидорашон паст, ки ба талаботи ҳуҷраҳои кориву толорҳои хизматрасонии мувофиқ нестанд, васл шуданд.

Илова бар ин, аз тарафи Бахши раёсати фарҳанги минтақа солҳои 2005-2010 барои муътадил гардонидани ҳарорати китобхона як бодбарак ва 5-то печкаҳои гармидиҳӣ ба маблағи умумии 765 сомонӣ харидорӣ гардид. Инчунин, соли 2014 Бахши раёсати фарҳанги минтақа мувофиқи дархости маъмурияти китобхона 4 кондисионер барои толори хониши китобхона харидорӣ намуд.

Вале, бинобар нокифоягии иқтидорашон ин дастгоҳҳо низ аз кор баромаданд. Аввали моҳи август ин дастгоҳҳо ба маблағи 600 сомонӣ таъмир гардида, аз нав ба истифода дода шуданд. Аммо бинобар аз ҳад зиёд гарм будани ҳаво дар соли равон қувваи ин дастгоҳҳо барои муътадил гардонидани ҳавои дохили толори хониш намерасад.

Ба Бахши раёсати фарҳанги минтақа 29 июни соли 2016 ва 5 августи соли 2016 дархости директори китобхона оид ба ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои харидорӣ намудани кондисионерҳои иқтидорашон баландтар пешниҳод шуда, баробари ин хоҳиш карда шуда буд, ки барои таъсири гармии зиёди аз деворҳои шишагӣ ба дохили бино воридшударо кам кардан, бо истифода аз гипсокардон девори муҳофизатӣ бунёд шавад.

Ҳамин тавр, маъмурияти китобхонаи вилоятӣ бо кумаку дастгирии Бахши раёсати фарҳанги минтақа барои беҳтар гардонидани шароити толорҳои хизматрасонии китобхона чораҳои заруриро меандешад.

 С. Обидов, директори Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб