Беларус дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак месозад

№61 (3855) 17.05.2018

DSC_2934Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 15 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикис­тон-Беларус-Афғонистон баргузор гардид, ки дар он соҳибкорони Покистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоя­гузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни ифтитоҳи он иброз дошт, ки лоиҳаву барномаҳои аз лиҳози иқтисодӣ ҷолибро таҳия карда, нияти амалӣ гардонидани онҳоро доранд. Барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзию саноатӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Ин масъала зимни ҷаласаҳои алоҳидаи анҷуман мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ Иззатулло Сатторӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки алҳол дар Тоҷикистон корхонаи муштараки васли техникаи кишоварзии Беларус ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳамчунин, таъсиси корхонаи коркарди гӯшту шир бо дарназардошти таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва минтақавӣ низ шоистаи таҳсин аст. Дар назар аст, ки маҳсулоти корхонаҳои муштарак минбаъд ба Афғонистон ва дигар кишварҳо содир гардад.

- Саъю кӯшишҳои роҳбарияти ду давлати дӯст, ки барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ равона шудааст, боиси баланд рафтани сатҳи некуаҳволии сокинони кишварҳо мегардад, — гуфт Иззатулло Сатторӣ.

Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси ­комиссияи байниҳукуматӣ Леонид Заятс изҳор намуд, ки Беларус бештар ба лоиҳаҳои соҳаи чорводорӣ ва коркарди маҳсулоти чорво, алалхусус ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

- Мо омодаем, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти ширӣ бунёд кунем, — гуфт Леонид Заятс. — Беларус метавонад дар соҳаи саноат бунёди корхонаҳои мошинсозиро пешниҳод намояд. Имконияти бузурги ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз истеҳсоли техникаи кишоварзӣ то мошинҳои калони боркаш мавҷуд аст. Дар бахши ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, коркард ва истеҳсоли дору аз онҳо низ имкониятҳо зиёданд.

Дар анҷуман имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардида, миёни намояндагони бахши хусусии ду кишвар дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд. Ширкаткунандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, мавзӯъҳои «Иқтидори истеҳсолии Тоҷикистону Беларус: заминаҳои умумӣ» ва «Имкониятҳои рушди кишоварзии Тоҷикистону Беларус — сарчашмаи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза»- ро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷом миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, аз ҷумла миёни КВД «Тоҷинвест» бо Палатаи савдою саноати Беларус, ширкати «Агротехсервис» бо ҷамъиятҳои саҳомии «Беларус – 80х», «Бобруйскагромаш» ва ғайра созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ