CASA-1000 -яке аз василаҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

касаПаёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ба бахши энергетика  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст, барномаи муҳим барои дурнамои соҳа  мебошад.

Чунонки маълум аст, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва азнавсозии системаи энергетикии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Паём таъкид шудааст: «Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад, зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад».

Рушди босуръати соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ ба солҳои 2000-ум рост меояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои худ ва бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ дар соҳаи мазкур лоиҳаҳои гуногунро дар ҳаҷми 36 млрд. сомонӣ амалӣ гардонд, ки дар натиҷа иқтидори энергетикии кишвар ба зиёда аз 6300 мВт расид. Солҳои 2000-ум ин нишондиҳанда ба 5000 мВт баробар буд. Мутобиқи стратегияи дарозмуддати қабулшуда, иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 бояд ба 10 000 мВт расонда шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф ва ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил додани Тоҷикистон баробари сохтмони неругоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти камасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Вобаста ба ин дар Паём таъкид шудааст: «Ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми зарурии неруи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад». Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар назди корхонаҳои саноатӣ сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ва марказҳои барқу гармидиҳӣ роҳандозӣ гардад. Ин аз як тараф, сарбории системаи энергетикии кишварро коҳиш  диҳад, аз тарафи дигар, кафолати самаранок истифода бурдани маблағи корхонаҳо низ буда метавонад.

Масъалаи муҳими дигар  пайвастани системаи барқи кишвар ба системаи барқии кишварҳои ҳамсоя мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, моҳи майи соли ҷорӣ сохтмони хати минтақавии интиқоли барқ САSА – 1000 шурӯъ мешавад. Татбиқи ин лоиҳаи бузург барои бунёди хати интиқоли барқ миёни Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Покистон  имкон фароҳам менамояд.  Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо кишвари мо дар мавсими гармо иқтидори содир кардани 5 млрд. кВт соат қувваи барқро дорад, аммо аз сабаби набудани хатҳои интиқоли барқ мо танҳо 1,5 млрд. кВт соат неруи барқ содир мекунем. Тавре Пешвои миллат қайд карданд, агар қувваи барқи зиёдатиро, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ (дар мавсими гармо) мавҷуд аст, содир кунем, ба буҷети кишвар 250 млн. доллари ИМА ворид мегардад. Дар робита ба ин, Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид карданд: «Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии банақшагирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад».

Ин гуфтаҳо аз тадбирҳои боз ҳам бузургтар дар соҳаи энергетика башорат медиҳанд. Мутмаинем, ки дар заминаи ҳидоятҳои Пешвои миллат ояндаи наздик Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳад расид.

 Муҳаммад АМИРХОНОВ,  корманди Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон