«Хуаксин Ғаюр семент» — истеҳсоли як миллиону 100 ҳазор тонна маҳсулот дар соли 2015

№1 (3481) 01.01.2016

Акбар Гуломов1Бо истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари азизамон ҳаёти осоишта ҳукмрон шуда, бунёдкориву созандагӣ авҷ гирифт. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ — дар сектори давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ сохтмони иншооти таъиноти гуногун ривоҷ гирифт. Бунёди  ҳар гуна иншоотро бе истифодаи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тасаввур наметавон кард.

Махсусан тӯли солҳои охир талабот ба семент, бинобар якбора зиёд шудани бунёдкориҳо, хеле афзуд. Камчинии семент эҳсос шуда, нархи он хеле боло рафт. Вазъияти баамаломадаро ба ҳисоб гирифта, соҳибкори баору номус Акбар Ғуломов назди хеш мақсад гузошт, ки бо бунёди корхонаи сементбарорӣ норасоии сементро рафъ  ва мушкилоти ҳамватанонро осон намояд. Ӯ якҷо бо соҳибкорони хитойӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр семент»-ро таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент оғоз  кард.

- Тӯли 18 моҳ мо сохтмони корхонаро ба анҷом расонидем. Дар авҷи сохтмон Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сохтмон ташриф оварда, ба сохтмончиён дастуру ҳидоят ва супоришҳои зарурӣ доданд, — изҳор дошт Акбар Ғуломов ва суханашро идома дод:

- Баъди ташрифи Сарвари давлат, сохтмон дучанд авҷ гирифт. Ниҳоят, 29 августи соли 2013 бо иштироки Сарвари маҳбубамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли семент мавриди истифода қарор дода шуд.

Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхона дар як сол як миллион тонна сементро  ташкил медод. Баъд аз панҷ моҳи фаъолият мо боз иловатан ба маблағи 5 миллион доллари ИМА таҷҳизот  харидорӣ карда, дар корхона насб намудем, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолӣ даҳ фоиз баланд шуд.

Маврид ба зикр аст, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолият маҳсулоти корхона бо сифати баландаш дар байни мизоҷон шуҳрат ёфт. Талабот ба маҳсулоти ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» зиёд шуд. Овардани далели он ки тӯли панҷ моҳи соли 2013 корхона 286938 тонна семент истеҳсол карда, 258432 тоннаи онро фурӯхт, шаҳодат медиҳад, ки мизоҷон кайҳо боз ин гуна маҳсулоти хушсифатро интизор буданд.

Фаъолияти корхона солҳои минбаъда низ хеле ривоҷ гирифт. Соли 2014 корхона 866786 тонна семент истеҳсол намуда, 886309 тонна маҳсулот фурӯхт. Давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 бошад, ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» 1044494 тонна маҳсулот истеҳсол кард, ки 1038327 тоннаи онро корхонаю ташкилотҳои гуногун ва шахсони алоҳида харидорӣ  намуданд.

Соли 2015 барои роҳбарият ва коргарони корхона бобарор буд. Аз як ҷиҳат онҳо марраи якмиллионтоннагии истеҳсоли маҳсулотро фатҳ карда бошанд, аз ҷониби дигар, мавқеи хешро дар бозори ин намуди маҳсулот мустаҳкам намуданд.

- Ҳадафи асосии имсолаи мо мушарраф гардидан ба истеҳсоли солонаи 1100 ҳазор тонна семент аст, — иброз намуданд Акбар Ғуломов. – Мо барои ин ҳама имкониятро дорем. Ифтихор мекунем, ки ҳамаи 250 нафар мутахассисони маҳаллӣ дар паҳлуи 131 нафар мутахассисони хитойӣ тӯли муддати на чандон зиёд соҳибкасб шуданд.

Музди меҳнати моҳонаи коргарону мутахассисон тӯли соли равон 2467 сомониро ташкил дод. ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» давоми соли 2014 ба маблағи 113,8 миллион сомонӣ ва тӯли ёздаҳ моҳи соли 2015 маблағи 127,2 миллион сомонӣ андозҳои гуногунро пардохт намудааст.

Эҳтиёҷоти зиёди сементро дар дохил ва хориҷи кишвар ба назар гирифта, роҳбарияти ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» тасмим гирифт, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамин гуна корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 1100 ҳазор тонна маҳсулот сохта, соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара низ ҳаммонанди корхонаи дар Ёвонбуда коргоҳи сементбарорӣ аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» бунёд карда мешавад.

Фаъолияти пурмаҳсули мутахассисону коргарони ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» боис гардид, ки нархи семент коҳиш дода шавад. Ҳоло нархи як тонна маҳсулоти ин коргоҳ, якҷо бо пардохти андоз аз арзиши илова, 780 сомониро ташкил менамояд.

- Мо аз фароҳам омадани фазои мусоиди сармоягузорӣ ниҳоят миннатдорем, — иброз дошт дар поёни суҳбат Акбар Ғуломов ва афзуд: — Ин ҳама бо дастгирии ғамхоронаи Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Бо истифода аз минбари рӯзномаи «Садои мардум» ҳамватанони азизро бо Соли нави мелодӣ табрик менамоям ва ба хонадони ҳамаи ҳамватанон файзу баракат таманно дорам.

А.  МУРОДОВ, «Садои мардум»