Дар мавзӯи рӯз

Хусусигардонӣ заминаест барои дигаргунсозӣ

№37 (3183) 15.04.2014

Хусусигардонии моликияти давлатӣ аз равандҳое мебошад, ки ба ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лочин Файзуллоев мусоҳиб шудем.

 -Раванди хусусигардонии корхонаву иншооти давлатӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

- Дар натиҷаи татбиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486 тасдиқ гардида буд, хусусигардонии 424 адад корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи 38 адад субъектҳои монополияҳои табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон ба анҷом расонида шуд. Айни замон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 №557 «Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур нисбати зиёда аз 50 ҷамъияти саҳомии кушода ва зиёда аз 80 корхонаи давлатӣ андешидани чораҳои дахлдорро пешбинӣ менамояд.

-Аз корхонаҳои хусусигардида чӣ миқдораш фаъолият мекунад? Баъзе шахсон моликияти давлатиро хусусӣ гардонида, самти фаъолияти онро тағйир медиҳанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби кумита чӣ гуна чораҳо андешида мешавад?

- Дар қонунгузории ҷорӣ дахолати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти корхонаҳои хусусигардида пешбинӣ нашудааст, ба истиснои корхонаҳои дар тендерҳои сармоягузорӣ фурӯхташуда, то анҷоми муҳлати иҷрои уҳдадориҳои харидорон мувофиқи шартномаҳои хариду фурӯш.

Дар доираи талаботи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486 тасдиқ шудааст, дар тендерҳои сармоягузорӣ саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 70 ҷамъияти саҳомии кушода фурӯхта шудааст. Тибқи уҳдадориҳои шартномавӣ дар давраи солҳои 2003-2013 ғолибони тендерҳои сармоягузории 69 ҷамъияти саҳомии кушода ба маблағи 85,5 миллион сомонӣ барои инкишофи иқтидорҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ сармоягузорӣ намуда, 3492 ҷойи нави кор ташкил кардаанд.  Муҳим он аст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати уҳдадориҳои шартномавии онҳо мутаносибан 13 миллион сомонӣ ва 1083 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ корхонаҳои хусусишуда, ки тавассути тендерҳои сармоягузорӣ фурӯхта шудаанд, то ҳолати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ таҳти назорати доимии кумита қарор доранд.

Айни замон, дар натиҷаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ фурӯши иншооти соҳаи иҷтимоӣ, ки ҳамчун моликияти давлатӣ дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида қарор доранд, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, истироҳатгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишии мансуб ба моликияти давлатӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусӣ гардидаанд, тавассути тендерҳои сармоягузорӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи солҳои 2012-2013 дар тендерҳои сармоягузорӣ 27 иншооти соҳаи иҷтимоӣ фурӯхта шуд.

Тибқи уҳдадориҳои шартномавӣ ғолибони тендерҳои сармоягузории 27 иншооти соҳаи иҷтимоӣ бояд ба маблағи 10 196,0 ҳазор сомонӣ ба воситаҳои асосӣ сармоягузорӣ намуда, 410 ҷойи нави корӣ муҳайё намоянд. Айни замон, иҷрои уҳдадориҳои шартномавии иншоотҳои иҷтимоии дар тендерҳои сармоягузорӣ фурӯхташуда таҳти назорати кумита қарор дорад.

-Аз шумораи умумии корхонаҳои фаъолияткунанда чанд фоизаш хусусӣ гардонида шудааст?

-Дар давраи солҳои 1991-2013 дар заминаи моликияти давлатӣ ҳамагӣ 941 адад ҷамъияти саҳомии кушода, аз ҷумла 827 адад мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва 114 адад мансуб ба моликияти коммуналӣ, таъсис шудааст. Айни замон, шумораи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки бастаҳои 100 фоизи саҳмияҳои онҳо ба давлат тааллуқ доранд, 81 адад ва теъдоди ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояҳои оинномавии онҳо саҳми давлат мавҷуд мебошад, 30 ададро ташкил медиҳанд.

-Ҳамасола чӣ қадар корхонаи давлатӣ хусусӣ гардонида мешавад?

-Дар ҷумҳурӣ давоми соли 2010 — 292 адад,    соли 2011 — 252 адад, соли 2012 – 297 адад ва соли 2013 – 295 адад иншооти мансуб ба моликияти давлатӣ хусусӣ гардонида шудааст.

-Аз хусусигардонии моликияти давлатӣ давлат чӣ манфиат мебинад?

-Хусусигардонӣ заминаест, ки раванди дигаргунсозии ҳаматарафа, яъне дигаргунсозиҳои технологӣ, молиявӣ, идоракунӣ, маркетингӣ ва ғайра ба он асос ёфтаанд. Хусусигардонӣ фаъолияте ба шумор меравад,  ки  аз  тарафи  давлат   мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом дода мешавад.

Ҳадафи муҳимтарини ислоҳот, гузаштан аз шакли иқтисодиёти маъмурию фармонфармоӣ ба шакли  нав — иқтисодиёти бозорӣ буда, ба ҷорӣ намудани тарзи босамараи идоракунӣ асос меёбад.

Раванди хусусигардонӣ дар ҷумҳурӣ барои ба мақсадҳои зерин ноил гардидан равона шудааст: баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва мусоидат ба муътадилсозии вазъи молиявии онҳо, таъсиси сохтори истеҳсолии қобили рақобат, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва муътадилгардонии нархҳо, бо молҳои хушсифати ватанӣ ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ ба ҷойҳои корӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба истеҳсолоти кишвар, воридоти сармояи хориҷӣ ба истеҳсолот ва ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи беруна.

-Оё шудааст, ки корхонаи хусусигардонидаеро бинобар фаъолият накарданаш ба тавозуни давлат баргардонида бошанд?

-Тазаккур бояд дод, ки қонунгузории ҷорӣ баргардонидани объектҳои хусусигардидаро, бинобар фаъолият надоштани онҳо ба манфиати давлат, пешбинӣ наменамояд. Ҳамзамон, татбиқ намудани чунин амал ба раванди гузаронидани ислоҳоти иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ расонида, ғайримақсаднок мебошанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»