Барномаи экологӣ чӣ гуна амалӣ мегардад?

№85 (4035) 16.07.2019

Мусоҳиба бо  сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалим Ҷӯраев бобати «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019»

Экология-Барнома, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009  тасдиқ шудааст, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, роҳҳои барқароркунии фазои экологии осебдидаро муайян менамояд. Он тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи истифодаи замин», «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», кодексҳои об, замин, ҷиноӣ ва ҷангал, ҳамчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия шудааст.

Ҷалби ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирии бодхӯрдашавии (эрозия) замин, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғҳо, минтақаҳои сабз ва таблиғоти истифодаи мақсадноки онҳо, васеъ намудани масоҳати минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда, ҷорӣ намудани кишти навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва ба касалиҳо тобовар, истифодаи самараноки об, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии барнома маҳсуб меёбад.

- Дар доираи он кадом корҳо анҷом ёфтанд?

-Ҷиҳати татбиқи барнома, дар маҷмӯъ, 1 млрд. 784 млн. 701 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ гардид. Аз 119 банди нақшаи чорабиниҳо 88 банд пурра иҷро гардида, иҷрои 26 банд то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Чунончӣ, вобаста ба иҷрои банди 5. «Рекултиватсияи заминҳо дар ҳудуди конҳои аз истифода баромада, хоктӯдаҳо, карерҳо ва партовгоҳҳои корхонаҳои саноатӣ», тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли сипаригардида аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100 ҳазор сомонӣ, шаҳри Хуҷанд — 100, шаҳри Бустон – 50 ва раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд 200,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида 5 гектар партовгоҳи Деҳмой бо қабати нейтралии хоку шағали ғафсиаш 0,5 – 1,0 метр пӯшонида шуда, паҳншавии чангҳои радиоактивӣ ва ихроҷи гази радиоактивии радон коҳиш дода шуд.

Барои гузаронидани мониторинги радиоэкологӣ дар партовгоҳҳои радиоактивӣ аз тарафи озмоишгоҳи КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» соли 2016-ум 400 ҳазор сомонӣ, соли 2017 — 500 ва соли 2018  100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин имкон дод, ки дар партовгоҳҳо хок, об ва ҳаво ташхис шуда, ҳудуди паҳншавии маводи радиоактивӣ муайян гардад. Дар баробари ин, аз тарафи Агентии амнияти неруи атомӣ (МАГАТЭ) ба озмоишгоҳи экологии номбурда таҷҳизоти зарурии ченкунандаи муосир, ба монанди алфа — бетта радиометр УМФ – 200, гамма – спектр ва алфа – спектрометр ба маблағи умумии 63 627,00 евро ҳамчун кумаки техникӣ дастрас гардид.

- Таъсири партовҳо ба муҳити зист хеле зиёд аст. Баҳри кам кардани онҳо  ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замини партов чӣ тадбир андешида мешавад?

- Яке аз бандҳои барнома ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замини партов маҳсуб мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 28727 гектар, аз ҷумла 23598 гектар замини партов мавҷуд мебошад. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1800 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Соли 2018 аз 2310 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ воридгардида  аз ҳисоби пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ 2 800 000 сомонӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин равона шуд.

- Барои истифодаи захираҳои об ва беҳтар гардонидани сифати он чӣ тадбир андешида шуд?

- Банди 72-и барнома ба ин масъала бахшида шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла, ноҳия­ҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом ва шаҳри Исфара 8 иншооти обтаъминкунӣ таҷдид, азнавсозӣ ва ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ашт ва шаҳри Исфара обанбори нав сохта, қубурҳои обгузар дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва шаҳрҳои Хуҷанду Исфара иваз карда шуд. Бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар шаҳри Хуҷанд 35450 метр қубурҳои обгузар иваз гардиданд. Илова бар ин, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи «GIZ» иншооти обтозакунии шаҳрак ва шабакаҳои таъминоти оби беморхонаи марказии ноҳия пурра азнавсозӣ гардид. Дар ноҳияи Данғара, аз ҷумла, дар деҳоти «Ҳусейншайх» 12 км, «Корез» — 8, хоҷагии деҳқонии ба номи И. Сомонӣ — 14, Оқсу — 6,1 ва дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Тоҷикистон» 13,7 км қубурҳои обгузар иваз карда шуд. Бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 4 чоҳи иншооти обтаъминкунии Ҷангалбошии шаҳри Кӯлоб таъмир гардида, бо насосҳои баландшиддат ҷиҳозонида шудааст ва дар шаҳр 25,2 км қубурҳои обгузарро иваз намуданд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»