Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асри ХХ 560 шоҳу президенту сарвазир мавриди террор қарор гирифтаанд

№8 (3958) 19.01.2019

Яъне, терроризм зуҳуроти нав нест ва қувваҳои солимфикри сайёраро лозим аст, ки дар мубориза ба он муттаҳид шаванд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори ташвиш карданд.

1479385730-stolica-s-su-SiriyaТерроризм инсониятро дар ҳама давраи таърихӣ таҳдид мекард. Экстремизм (ифротгаройӣ) ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадаанд. Дар асри I пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор, барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60 -70 асри яки милодӣ бошад, гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия — «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз амалҳои террорис­тӣ истифода менамуданд. Истилоҳи «сика» — ханҷари кӯтоҳ маънидод шудааст. Сикориҳо дар рӯзи равшан, одатан дар вақти серодам будани кӯчаю бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн, бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.

Гурӯҳи дигари динию сиёсӣ, ки дар Ғарб бо номи гурӯҳи террористӣ шинохта мешавад, «ҳашшошин» ё «асосин» мебошад, ки решаи он аз калимаи ҳашшин, яъне гашиш аст. Он гурӯҳест бо номи «низория», ки аз ҷониби ҷараёни исмоилия дар асри Х1 зуҳур намудааст. Аъзои он шӯришҳои мусаллаҳонаро бар зидди туркони салчуқии суннимазҳаб дар Шом ва Эрон ба роҳ андохтанд, аммо чун ба қудрати низомии бисёр муҷаҳҳази салчуқиён рӯ ба рӯ шуданд, усули ба фикрашон муносиб-куштани душманони маъруф ва муътабарро дар нуқтаҳои гуногун пеш гирифтанд.

Яке аз коршиносони амрикоӣ Адам Перфей менависад, ки «сионизм аз методҳои террор барои ҳамвор сохтани роҳи худ дар зиндагӣ истифода мекард». Менахем Беген ва Исҳақ Шамир — нахуствазирони Исроил номи худро бо ин машҳур гардониданд, ки истифодаи террорро ба муқобили Британияи Кабир ҳақ мешумориданд. Дар натиҷа, Британияи Кабир аз СММ дархост кард, ки ба ташкили давлати Исроил (дар заминҳои Фаластин) иҷозат диҳад. Ҳамин тариқ, яҳудиён соҳиби 56 дарсади ҳудуди Фаластин шуданд, дар ҳоле ки онҳо аз се як ҳиссаи аҳолии ин минтақаро ташкил медоданд.

Тибқи нишондоди таърих, террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Дар асри ХУII-ум 33, дар асри ҳаждаҳ 144 амали террористӣ ба муқобили ходимони давлатӣ анҷом дода шудааст. Дар асри XX 560 шоҳу президенту сарвазир мавриди террор қарор гирифтаанд. Теъдоди аҳолии осоиштаро, ки қурбони ин амали даҳшатнок гардидаанд, аниқ кардан хеле мушкил аст.

Дар марҳилаҳои таърихӣ террор асосан аз тарафи гӯруҳҳои чапгаро бештар ба мушоҳида мерасид, вале терроризми ростҳо ҳам, ба мисли фаъолияти созмони «куклукс-клан» вуҷуд дошт. Аз солҳои 20- уми асри XX терроризми давлатӣ ё террор аз «боло» (дар давраи ҳукмронии И. Сталин, А. Гитлер ва ғайра) авҷ гирифт.

Имконоти низоъбарангезии терроризм, махсусан аз солҳои 60-уми асри ХХ, вақте ки минтақаҳои васеъ дар ҷаҳон ба минтақаҳои гарми фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои аз нигоҳи тамоюлоти идеологиашон гуногун табдил гашт, афзоиш ёфт. Дар шароити ҳозира созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолиятро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, бо бераҳмии том истифода менамоянд. Аз рӯи тадқиқоти олимон маблағи умумии барои террор дар як сол сарфшуда аз 5 то 20 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз рӯи баъзе маълумот, имрӯз дар ҷаҳон наздик ба 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа 3668 нафар кушта ва 7474 нафар захмӣ гардидааст.

Марказҳои фаъолияти террористӣ дар давоми чанд сол аз Амрикои Лотинӣ ба Ҷопон, Олмон, Туркия, Испания ва Италия кӯчиданд. Ҳамчунин, амалҳои террористӣ аз тарафи созмонҳои террористӣ, ба мисли «Артиши ҷумҳуриявии Ирландия» (Аҷи) дар Британияи Кабир ва Ирландия, созмони «Ватан ва озодӣ» (Эта) дар Испания анҷом дода мешуд.

Баъд аз амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 ва амалиёти дигар, ки бо номи Усома бини Лодан пайваст аст, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд. Аслан зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки бештар таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръа­кс, аз ҷо­ниби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Он натиҷаи шуурест, ки комилан аз ислом дур аст ва нишонаи мавҷуд набудани шуури воқеии исломӣ мебошад. Аз ин хотир, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки терроризм «кӯдаки ғалатӣ» аст, ки ба сари мусалмонон бор кардаанд. Таълимоти исломӣ иҷозат намедиҳад, ки инсон террорист бошад. Мувофиқи шариати ислом, ҳаёт ва озодии инсон муқаддас мебошад. Аз ҳаёт маҳрум кардани инсон гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. Ислом ҳар як шахсро чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон тавр эътироф менамояд.

Қариб ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, аз амалҳои террористии гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо хабару гузориш нашру пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, қотеона маҳкум менамоянд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар сафи террорис­тон шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони гумроҳи тоҷик низ меҷанганд.То ҷое маълум аст, аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан дар Россия гӯё барои пулкоркунӣ ба Сурия рафтаанд. Вале яқин аст, ки онҳо фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо ки «кӯҳи тиллоӣ» ваъда медиҳанд, шудаанд. Бехабар аз он ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки марг интизор аст.

Дар ин иртибот, як ­масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст. Солҳои охир дар кишвари орому осоишта­амон бо роҳ­намоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­ма­лӣ Раҳмон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтанд, то ки ҷавонон ҳар чӣ камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро бо меҳнати ҳалол беҳбуд бахшанд. Яъне, Ҳукумати мамлакат тамоми тад­бирро андешида истодааст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал карда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардорад. Як мисол, танҳо соли 2017 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 125 иншооти нав ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 20 ҳазор нафар дар онҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Соли 2018 ин рақам боз ҳам афзоиш ёфт.

Дигар ҷиҳати нигаронсози масъала он аст, ки иддае аз ҷавонони гумроҳ, бинобар дониши казоӣ надоштан, гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ мегарданд ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрван­до­н озодии дину виҷдонро кафолат додааст. Пас ҷурм дар чист? Дар он аст, ки қисме аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини ислом бехабаранд. «Қуръон»-ро, ки бо иқдоми Сарвари давлат борҳо ба забони дав­латӣ нашр шудааст, намехонанд, аз фармудаҳои Каломи Худо, ҳадисҳои Паёмбар (с) огоҳ нестанд. Вагарна, мефаҳмиданд, ки ҷиҳод ин на даъват ба ҷангу одамкушӣ, балки ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан аст. Дар масҷидҳо ходимони дин бояд ин фаризаҳоро ба ҷавонон талқин кунанд.

Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст. Ин неруи бузурги созанда, ҳамчунин, бояд сипари боэътимоди кишвари шукуфои мо аз ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бошад.

Дар кишвар бо мақсади мубориза алайҳи амалҳои номатлуб қонунҳои зиёде қабул гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ татбиқ гардида истодаанд. Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, мамлакати мо иштирокчии конвенсияҳои дахлдори СММ ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди ифротгаройӣ мебошад. Шаҳодати ин гуфта қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003, «Дар бораи мубориза бар зид­ди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2013 мебошад.

 Имрӯз хатари терроризм ва ифротгаройӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ҳама кишварро таҳдид мекунад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, — боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ин гуфтаро тақвият мебахшанд. Доманаи фаъолияти соз­монҳои террористӣ торафт васеъ шуда истодааст, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвар – Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккаб гардондааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар ҷаҳони имрӯза инсоният аз таъсири терроризм, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам, эмин нест.

Бинобар ин, зарур аст, ки бо восита ва усулҳои таъсирбахш дар самти мубориза бар зидди терроризм дар доираи мин­та­қа ва умумиҷаҳонӣ кор бурда шавад. Барои ин олимон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, пеш аз ҳама, бояд реша ва омилҳоеро, ки терроризмро ба вуҷуд меоранд, муайян намоянд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи дониш, рӯҳияи инсондӯстӣ, тарбияи маънавии одамон, беҳбудбахшии дараҷаи зиндагии шаҳрвандон ва бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ташкили маъракаи оммавӣ бар зидди терроризм низ таъсирбахш хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки: «…бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.».

Бо дарки ин масъала тамоми қувваҳои солимфикри сайёраро лозим аст, ки дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ муттаҳид шаванд.

Шарифхӯҷа Ҳасанов, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара