Ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар доираи қонун ва барномаи давлатӣ амалӣ мегардад

№32 (3178) 01.04.2014

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсия оид ба манъи минаҳои зидди пиёдагард ҷиҳати расонидани кумак ба ҷабрдидагони минаҳо ва дигар боқимондаҳои тарканда  стратегия, нақша ва заминаҳои ҳуқуқии васеътари  миллиро мавриди амал қарор додааст, ки ба масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон, маъюбӣ, тандурустӣ, маориф, шуғл, рушд ва пасткунии сатҳи камбизоатӣ равона шудаанд. Ин тадбирҳо бо уҳдадориҳо оид ба расонидани кумак ба ҷабрдидагони минаҳо, ки дар Нақшаи амали Картахен барои солҳои 2010- 2014 оварда шудаанд, мувофиқат мекунад.

Бо ин мақсад Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муколамаи миллии шарикон оид ба кумак ба ҷабрдидагони минаҳо ва ҳуқуқҳои шахсони маъюб: «Мусоидат ба таъмини ҳуқуқҳои шахсони маъюб тавассути сиёсат, системаҳо ва хадамоти фарогир»- ро дар заминаи қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо аз соли 2012 оид ба дастгирии татбиқи Нақшаи амали Картахен доир намуд. Тоҷикистон яке аз 28 кишвари аъзои Конвенсия оид ба манъи минаҳои зидди пиёдагард аст.

Иштирокчиёни ин вохӯрӣ, ки намояндагони  мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва  коршиносон буданд, доир ба ҳамкориҳои судманд бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиати маъюбон ва шахсони аз мина ва дигар  лавозимоти таркандаи  ҷангӣ зарардида, мубодилаи афкор намуданд.

Мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад зикр намуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 1999 №1360 ва сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари 161 мамлакати дунё, аз 1 апрели соли 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Оттава оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳо мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Конвенсияи Оттава, ташкил кардани иқтидори миллӣ, базаи моддӣ- техникӣ, малакаи банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва сафарбаркунӣ ва мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба поксозии гуманитарӣ, гузаронидани амалиёти безараркунӣ, омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ барои поксозии заминҳо аз минаҳоро дастгирӣ намуда, дар асоси қарори худ аз 3 январи соли 2014 №24 Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо»- ро таъсис дод.

Маркази номбурда дар самти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари он, кумак ба ҷабрдидагони минаҳо ва гузаронидани таблиғот нисбати манъ намудани минаҳои зидди пиёдагард фаъолият менамояд.

Ҳамарӯза дар ҷаҳон аз хатари минаҳо садҳо одамон ҳалок ва маҷрӯҳ мешаванд. Дар ҳолати зоҳир намудани беаҳамиятӣ ба ин навъи аслиҳа раванди безарарсозӣ мушкил ва масоҳати зиёди заминҳо корношоям ва ба рушди ҳамкориҳои наздисарҳадӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод гардида, боиси пешомади проблемаҳои иҷтимоӣ мешавад.

Давоми солҳои 2004- 2013 аз тарафи Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон дар 14 ноҳияи кишвар, инчунин сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои тобеи марказ 161 майдони минадор зери тадқиқоти техникӣ ва поксозӣ қарор дода шуданд. Дар натиҷа, масоҳати зиёда аз 12,5 километри мураббаъ тафтиш ва аз минаҳо тоза карда, 57200 минаи зидди пиёдагард ва зиддитанкӣ, боқимондаҳои  лавозимоти таркандаи ҷангӣ, аз ҷумла муҳимоти хӯшавӣ, 30  килло моддаҳои тарканда ва зиёда аз 32000 тири силоҳи сабук пайдо  ва нобуд карда шуд. Дар қитъаҳои хатарнок зиёда аз 4500 нишонаи аз хатари мина огоҳкунанда гузошта шуд.

Айни замон масоҳати зиёда аз 11,1 километри мураббаъ, ки 159 майдонро дар бар гирифтааст, хатарнок маҳсуб мешавад. Ин майдонҳо дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон, се ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чор ноҳияи водии Рашт ҷойгиранд. Ҳамчунин 110 адад ҳуҷҷати тадқиқнашудаи майдонҳои минаҳо низ боқӣ мондааст.

Ҳадафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз минаҳо озод намудани минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ҳадаф ба таври возеҳ аз ҷониби Сарвари  давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64- уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 23 сентябри соли 2009 ба ин тарз таъкид шуда буд: «Осиёи Марказӣ бояд аз хатари минаҳо  озод бошад ва мо ҷомеаи байналмилалиро барои гузоштани саҳми  муносиб дар татбиқи ин ҳадаф даъват менамоем».

Безараргардонии минаҳо кори басо душвор, гарон ва хавфнок мебошад. Давлатҳое, ки аз ин вабо азият мекашанд, одатан мушкилиро бо роҳу усулҳои муқарраргардида танҳо бо кумаки моддию молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои хайрхоҳ паси сар менамоянд.

Ҳар сол дар дунё аз ҳодисаҳои таркиши  минаҳо ҳазорҳо нафар одамон маҷрӯҳ ва ё ҳалок мегарданд, ки зиёда аз сеяки онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Тибқи иттилооти мавҷуда, аз соли 1975 инҷониб, дар дунё зиёда аз як миллион нафар ҷабрдидагони минаҳо ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки 80 фоизи онҳоро шаҳрвандони мулкӣ ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо, аз соли 1992 то имрӯз дар ҷумҳурӣ аз мина ва муҳимоти таркандаи ҷангӣ 847 нафар таркидаанд, ки дар натиҷа 477 нафар маҷрӯҳ ва 370 нафар ҳалок шудаанд. Бояд гуфт, ки 30 фоизи ин рақамро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Барои дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони дорои имконияти маҳдуд тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (29 декабри соли 2010 №675), Барномаи  давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон барои солҳои 2014- 2015 бо ин мақсад равона шудаанд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»