Шарҳи қонун

Мораторий, яъне чӣ?

№8 (3958) 19.01.2019

15 январи соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018» ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки «мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархӯрдор гардиданд. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019 — 2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд».

Ҳарчанд бархе аз коршиносон ва масъулин, ки тарғибу бозгӯйӣ намудани дилхоҳ ибтикори Ҳукумати кишвар вазифаи ҷониашон аст, доир ба ин масъала «ба даҳон об гирифтаанд», вале далелҳо ҳокианд, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ аз ҷониби Роҳбари мамлакат дар ҷаҳони муосир падидаи камназир, қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ба шарофати «муҳри хомӯшӣ ба лаб задан» — и масъулин шояд на ҳама медонанд, ки манзури Сарвари давлат дар иқтибоси овардашуда моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ки аз моҳи феврали соли гузашта мавриди амал қарор дорад, мебошад.

Тибқи муқаррароти он (манзур моддаи 6 аст), новобаста ба муқаррароти моддаи 7-и қонуни зикршуда, санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз сурат гирифта, агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешуд. Ба ғайр аз ин, агар санҷиш ба муомилоти доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста мебуд, он бо огоҳонидани шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ сурат мегирифт. Аз ин пас ин санҷишҳо низ барҳам дода шуданд.

Доир ба муқаррароти моддаи ҳафтуми қонуни амалкунанда бояд гӯем, ки тибқи он дар давраи татбиқи мораторий амали муқаррароти кодексҳои андоз, ҷангал, гумрук, меҳнат, тандурустӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 қонуни мазкур, боздош­та мешавад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паём бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад. Инчунин, пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Тавре аз муҳтавои қонуни зикршуда бармеояд, мораторий ба санҷишҳо — муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва давраи мораторий ба санҷишҳо — муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, манъ карда шудаанд, маҳсуб мешавад.

Моддаи 5-и қонун, ки «Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ном дорад, муқаррар кардааст, ки «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамояд».

Илова бар ин, қонунгузор муқаррар кардааст, ки «Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ рӯйхати пешниҳодшударо баррасӣ намуда, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарор қабул мекунад».

Муҳимтар аз ҳама, субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда мешавад.

Дар робита ба ин, чанд рӯз қабл Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мамлакат феҳристеро нашр кард, ки тибқи он 1930 субъекти фаъолияти соҳибкорӣ аз мораторияи зикршуда бархӯрдор хоҳанд гашт.

Қисмати аъзами онро корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ — 450 адад ташкил дода, инчунин 307 корхонаи истеҳсоли масолеҳи ғайриметаллӣ, 259 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, 212 корхонаи истихроҷи саноатӣ ва 114 нашриёт шомил мебошанд. Ба ғайр аз ин, 98 коргоҳи коркарди металл (ба истиснои истеҳсоли мошин ва таҷҳизот), 64 корхонаи истеҳсоли кокс ва маҳсулоти нефттозакунанда, 63 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва пластмассӣ, 60 корхонаи истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, газ ва обтаъминкунӣ, 60 коргоҳи истеҳсоли либос, 48 корхонаи истеҳсоли мебел, 41 коргоҳи парвариши чорвои зотӣ, тухмипарварӣ ва кӯчатҳо, 27 корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти бахши энергетика, 23 коргоҳи мошинсозӣ, 16 корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳсулот, 15 коргоҳи саноати металлургӣ, 6 корхонаи коркарди дубораи партобҳои металлӣ, 3 коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти радио ва телевизион, 2 корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра аз имтиёз бархӯрдор хоҳанд буд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»