Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тандурустии пойтахт беҳтар мегардад

№81 (4187) 04.07.2020

DSC_5205Суҳбат бо сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода

- Мавзӯи пешгирию муолиҷаи бемории коронавирус ҳамоно дар сархати хабарҳои  воситаҳои ахбори омма қарор дорад. Бинобар ин, хостем фаҳмем, ки алҳол муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат дар кадом ҳолат қарор доранд ва вазъи гирифторшавӣ ва муолиҷаи COVID-19  дар онҳо чӣ гуна аст?

-Бо қарори раиси шаҳри Душанбе (аз 16 марти соли 2020 таҳти №176) дар назди МИҲД-и шаҳри Душанбе Комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе бо роҳбарии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шуда, фаъолияти муназзами шабонарӯзии беморхонаву марказҳои саломатии шаҳрӣ, 2 маркази ёрии таъҷилии тиббӣ, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дорухонаҳо баҳри эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ ва сокинони пойтахти кишвар бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонида, маслиҳати зарурӣ медиҳанд ва инчунин, бо дорувории ройгон таъмин менамоянд. Инчунин, марказҳои саломатӣ барои навбатдории шабонарӯзӣ ва бо мақсади хизматрасонии саривақтӣ дар шароити хона бо нақлиёти санитарӣ таъмин мебошанд. Ҳар рӯз аз  тарафи марказҳои саломатӣ дар минтақаҳо гардишҳои ҳавлигӣ роҳандозӣ мегардад, ки дар натиҷа, беморони дарёфтгардида сари вақт ба назорат ва табобат фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, маврид ба зикр аст, ки бо иқдомҳои хайрхоҳонаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади таъмини шароити мусоиди фаъолияти корӣ ва зиндагии шоиста, ба кормандони соҳа, ки бевосита ба муоина ва табобати беморони COVID-19 банд мебошанд, мунтазам дастгирии моддию маънавӣ расонида мешавад.

Без имени-1 копияМаҳз аз чунин дастгириҳо, дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Озмоишгоҳи вирусологии ҷавобгӯ ба стандартҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва қоидаву меъёрҳои санитарӣ бо корҳои азнавсозӣ, барқароркунии системаи ҳавоивазкунии мутамарказ ва таъмин бо лавозимоту таҷҳизоти ташхисӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Он бо нақлиёти санитарии нав таъмин буда, фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.

- Корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд?

- Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки яке аз воситаи нисбатан каммасраф ва самарабахш барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ  ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Бинобар ин, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси «Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус COVID-19, якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин роҳандозӣ шудааст. Мутасаддиёни ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими муассисаҳои пешгирию табобатӣ дар байни аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ  мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. То кунун 77408 лексия, 63865 суҳбат, 848 семинар гузаронида, 34 гӯшаи солимӣ таъсис додаанд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Душанбе», дар асоси нақшаи кории соли 2020 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 334 баромад бо иштироки мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои гуногун таҳия гардида, 17500 варақаи иттилоотӣ ба аҳолӣ пешкаш гардидааст. Ҳамчунин, дар шабакаҳои радиоӣ 61 баромад манзури шунавандагон гардида, 31 мақола дар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ карда шудааст.

- Фаъолияти тибби оилавӣ. Оё дар ин бахш мутахассисон пурра мерасанд?

- Дар шаҳри Душанбе 4 муассисаи сатҳи бистаринамоӣ, 15 маркази саломатии шаҳрӣ, 2 маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва 10 амбулаторияи тибби оилавӣ (бо фарогирии 1869 нафар табиб ва 2742 корманди миёнаи тиб) вуҷуд дош­та, фаъолият дар онҳо аз рӯи принсипи тибби оилавӣ ба роҳ монда шудааст ва бо табибону ҳамшираҳои  оилавӣ пурра таъмин мебошанд. Фаъолияти табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аслан дар самти дарёфти саривақтии беморон аз тариқи гардишҳои ҳавлигӣ, пешгирии бемориҳо ба василаи гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, ба қайди назорати пайваста гирифтан ва солимгардонии онҳо равона шудааст.

Ҳангоми вазъияти баамаломада вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №390 аз 23 майи соли 2020 «Доир ба таъмини назорати фаъолияти шабонарӯзии шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ»  ва фармоиши сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти №98 аз 25 майи соли 2020 «Доир ба таъмини назорати фаъолияти шабонарӯзии шабакаҳои муассисаҳои сатҳи КАТС», муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе ба реҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ гузаронида шуданд ва дар онҳо барои робита бо аҳолӣ телефонҳои боварӣ фаъолият менамоянд.

- Таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисон чӣ гуна аст?

- Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе танзим ва идораи сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ва меҳмонони пойтахти кишвар мебошад. Бинобар ин, бо дастгирии пайвастаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маблағгузории соҳа сол то сол зиёд гашта истодааст. Муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти тиббии муосир, аз қабили томографияи магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, маммография, рентгенҳои рақамӣ, дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ–лапороскопҳо ва лавозимоти яккаратаистифодашаванда марҳила ба марҳила муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ин ҳама боис ба баланд шудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ гардид. Ҳамчунин, муассисаҳои табобатию пешгирии зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вобаста ба самти фаъолият бо мутахассисони соҳавӣ ва касбӣ таъмин мебошанд.

- Баҳри баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисон кадом тадбирҳо амалӣ мегарданд?

- Бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе дар доираи амалигардонии «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №600 аз 31 октябри соли 2009 тасдиқ гардидааст, ҳар сол бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахассисони соҳа аз такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин аз бозомӯзии касбӣ мегузаранд, ки ин боис ба баланд гаштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ мегардад. Фаразан, тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ 149 нафар табиб аз такмили ихтисос гузаштанд, аз ҷумла, 4 нафар дар хориҷи кишвар. Ҳамчунин, 196 нафар корманди миёнаи тиб аз такмили ихтисос, 4 нафар табиб ва 60 нафар корманди миёнаи тиб аз бозомӯзии касбӣ гузаштанд. Барои табодули таҷриба нафаре аз роҳбарони муассисаҳои зерсохтор дар семинари омӯзишие берун аз ҷумҳурӣ иштирок намуд. Моҳи январи соли равон дар муассисаҳои тандурустии пойтахт мутахассисонро вобаста ба муайян ва муолиҷа кардани бемории коронавирус ба бозомӯзӣ фаро гирифтем. Зеро аз моҳи декабри соли 2019 авҷгирии он боис ба  нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.

Ҳамин тариқ, айни ҳол дар муассисаҳои тиббии пойтахт як нафар академик, 6 доктори илм ва 96 номзади илми тиб фаъолият намуда, дараҷанокии кормандони соҳа аз 90 (соли 2017) ба 95 фоиз расидааст.

- Чун соли равонро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ «Соли ҳамшира ва момодояҳо» эълон кард, вобаста ба солимии модару кӯдак чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Ва фавти модару кӯдак дар муқоиса ба солҳои пеш чӣ  гуна аст?

- Дар ҳақиқат, соли 2020 бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Нейтингейл, аз тарафи СУТ – «Соли ҳамшира ва момодояҳо» эълон гардидааст. Ин дар ҳолест, ки алҳол дар муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5463 нафар ҳамшира ва момодояҳо фаъолият менамоянд, ки бо боварӣ метавон гуфт, ки пурра аз уҳдаи кор бо сарбаландӣ мебароянд.  Вазъи солимии модару кӯдакон бошад, зери таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Айни ҳол дар кишвар баҳри нигаҳдории саломатии модарон «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №326 аз 22 июни соли 2019 тасдиқ гардидааст, амалӣ мегардад. Инчунин, дар самти нигаҳдории солимии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон «Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №456 аз 28 октябри соли 2016 тасдиқ гардидааст, амалӣ шуда истодааст.  Бақайдгирии занони ҳомила дар марҳилаи то 12 ҳафта, ки яке аз самтҳои муҳими пешгирии аворизи ҳомиладорӣ  ба шумор меравад, 98,5 фоизро ташкил дода, назорати антенаталии занони ҳомиладор то марҳилаи таваллуд ва назорати баъдии он дар асоси стандартҳои тасдиқгардидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба роҳ монда мешавад.

Инчунин, дар таваллудхонаҳо фаъолияти кормандон бо мутахассисони кафедраҳо, олимону профессорон ва дар асоси тибби далелнок ба роҳ монда шуда, қайд кардан бамаврид аст, ки самараи иҷрои барномаҳои соҳавӣ буд, ки  дар даҳ соли охир фавти модару кӯдак дар шаҳри Душанбе 3 маротиба коҳиш ёфт.

- Омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба муоинаи тиббии наваскарон дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Бояд тазаккур дод, ки ҳайати комиссияҳои тиббии комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо ва муттаҳидаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби мутахассисони собиқадору пуртаҷриба, ки дорои дараҷанокии касбии на кам аз якум доранд, ташкил гардида, бо доруворӣ, лавозимоти бандубаст, кимиёвӣ барои ташхиси озмоишгоҳӣ, гурӯҳи хун, фактори резус, ташхиси экспрессии хун, сирояти ВНМО, сабти барқии дил ва фитаҳои флюорографӣ барои гузаронидани муоинаи тиббӣ зимни маъракаи даъватӣ таъмин мегарданд. Мутахассисони соҳаҳои маҳдуд, аз қабили духтурони ҷарроҳ, амрози даруна, чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, асабшинос, равонпизишк, дандон, пӯст ва зуҳравӣ, эндокринолог, бавлияшинос, духтурони ташхиси фаросавтии доплерӣ (дар комиссияи шаҳрӣ), силшиносу осебшинос (дар комиссияи ноҳиявӣ) ва дастгоҳи ташхиси фаросавтии доплерию мошини сайёри аксбардории шушҳо дар комиссияи шаҳрӣ шомил мегарданд.

Пеш аз оғози даъвати мавсимии ҳарбӣ бо ҳайати комиссияҳои тиббии комиссариатҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин бо намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар рафти комиссияи тиббии шаҳрӣ ширкат меварзанд. Он табибоне, ки дар кори комиссияҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбӣ иштирок менамоянд, таҷрибаи гузаронидани ташхиси тиббии  ҳарбӣ дошта, бо талаботи «Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ», дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамалҳои барои ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббӣ шинос шуда, инчунин, оид ба ин масъала барои онҳо мунтазам машғулиятҳои дастурию методӣ гузаронида мешавад.

- Дар бахши ҳифзи иҷтимоии ашхоси имконияташон маҳдуд чӣ корҳо амалӣ мешаванд?

- Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати доимии Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе қарор дошта, маблағгузории самти хизматрасонии тиббӣ ба онҳо сол аз сол зиёд гашта истодааст.

Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои тиббӣ мунтазам аёдати табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба ҷо оварда шуда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии онҳо шахсан роҳбарон бохабар мегарданд ва кумак мерасонанд. Ҳамчунин, ин гуна беморон зери назорати доимӣ қарор дошта, хизматрасонии тиббӣ ба онҳо ройгон расонида мешавад.  Масалан, дар шаш моҳи соли равон бо мақсади дастгирии аҳолии ниёзманд, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор, барои гузоштани дандонҳои сунъӣ, хариди аробачаи маъюбӣ, асобағал, таъмини доруворӣ ва муоинаҳои озмоишию ташхисӣ, дар умум, 2 187 593 сомонӣ харҷ гардидааст.

Мусоҳибон Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»