Боиси хушнудӣ аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ тамоми шароитро муҳайё намудааст. Яъне, ҳар касе, ки имконият ва қобилияти зеҳниву моддӣ дорад, метавонад фаъолияти соҳибкориашро ба роҳ монда, дар баробари таъмин кардани аҳолӣ бо молу маҳсулоти лозима, даҳҳо нафари дигарро соҳиби ҷойи кор намояд. Илова бар ин, соҳибкороне ҳастанд, ки бо ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷи мамлакат рақобати солимро ба вуҷуд меоранд, ки боиси хуб шудани сифат ва рақобатпазирии нархи маҳсулот мегардад.
Тухм ва гӯшти мурғ аз ҷумлаи маҳсулоти ниёзи аввал буда, сифати хуби он асоси солимии ҷомеа аст, вале дар ҳолати аз муҳлати муайяншудаи истеъмолӣ гузаштани гӯшт ва тухм истифодаи онҳо инсонро ба бемории зиёд гирифтор мекунад. Аз ин рӯ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифату аз ҷиҳати экологӣ тоза аз масъулин масъулияти басо бузургро талаб менамояд. Мо бо мақсади муайян кардани муҳлати истифодаи тухм ва гӯшти мурғ ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намудем.
Доир ба масъалаи мазкур сармутахассиси бахши микробиологии маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» Юсуф Гулмаҳмадов гуфт, ки тухм то ҳафт рӯз маҳсулоти парҳезӣ маҳсуб ёфта, дар тамғакоғази истеҳсолиаш бо ранги гулобӣ ишора карда мешавад. Тухме, ки аз 7 то 25 рӯз дар шароити хона нигоҳ дошта мешавад, тухми ошӣ ном дорад ва истеъмоли он безарар аст. Пас аз 25 рӯз тухми мурғ бояд дар яхдон (дар ҳарорати паст, то +2 дараҷа) нигоҳ дошта шавад ва муҳлати нигоҳдориаш 90 рӯзро дар бар мегирад. Пас аз ин давра истеъмоли тухм номумкин буда, онро бояд ба хока табдил дода, дар пухту пази шириниҳо истифода баранд. Гӯшти мурғ бошад, дар шароити яхдон то як сол қобили истифода аст.
Сардори КВД «Саноати паррандапарварӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назаров иттилоъ дод, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 40 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дорад, ки аз он 8-тоаш фаъолияташро барои истеҳсоли гӯшт ба роҳ мондааст.Дар ин корхонаҳо 1 606 ҳазору 334 сар парранда парвариш меёбад.
-Азбаски истеҳсоли тухм дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфт, мо кӯшиш дорем, ки теъдоди корхонаҳои истеҳсоли гӯшти мурғро афзоиш диҳем, — афзуд номбурда.
Айни ҳол дар кооперативи истеҳсолии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара сохтмони заводи зотпарварӣ барои истеҳсоли модармурғи зотӣ идома дошта, дар назар аст, ки соли равон ба фаъолият шуруъ намояд. Ғайр аз ин, дар заминаи фермаҳои чорвопарварии аз фаъолиятмонда ташкили якчанд корхонаи дигари истеҳсоли паррандаи гӯштӣ дар вилояти Хатлон мадди назар аст. Бо ташкили корхонаҳои паррандапарварӣ агар аз як ҷиҳат ҷойҳои нави кор пайдо шавад, аз тарафи дигар аҳолӣ бо гӯшт ва тухми парҳезӣ таъмин мегардад. Масалан, дар 40 корхонае, ки имрӯз фаъолият дорад, зиёда аз 4500 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи мавсуф, соли 2012 истеҳсоли тухм дар ҷумҳурӣ 300 миллион дона, гӯшти парранда 1100 тонаро ташкил кард, аммо талаботи аҳолии Тоҷикистон солона 1 миллиарду 564,8 миллион дона тухм ва 58720 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки давоми солҳои 1965-1985 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 21 фабрикаи паррандапарварӣ бо шумораи умумии 10 миллион сар паррандаҳои навъи гуногун фаъолият дошт, ки солона 550-570 миллион дона тухм ва 17-20 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол мекарданд. Он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи паррандапарварӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз яке аз беҳтаринҳо буд ва ҳар сол ба ин ҷумҳуриҳо барои такрористеҳсолкунӣ 10 миллион дона тухми хушсифати мурғ ва мурғобӣ содирот менамуд. Айни ҳол шумораи фабрикаҳои паррандапарварӣ нисбат ба замони шӯравӣ наздик ба 20 адад зиёд аст. Аммо чаро истеҳсоли тухм ва гӯшт дар сатҳи зарурӣ таъмин намешавад?
Дар посухи ин пурсиш Машокир Назаров гуфт, ки замони шӯравӣ фабрикаҳои паррандапарварӣ бо дотатсияи давлатӣ фаъолият мекарданд ва танқисӣ надоштанд. Имрӯз бошад, тамоми фабрикаҳои ҷумҳурӣ аз нарасидани хӯрокаи серғизо танқисӣ мекашанд. Замони шӯравӣ фабрикаҳои паррандапарварӣ бо мутахассис таъмин буданд, аммо ҳоло аксари фабрикаҳо бидуни заминаи кадрӣ таъсис ёфта, дар тӯли фаъолият бо гузаштани семинарҳои омӯзишӣ аз нозукиҳои соҳа бохабар мешаванд.
Аз соли 2007 инҷониб дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Украина, Олмон, Туркия ва дигар давлатҳо мутахассисонро дар сатҳи зарурӣ омода намудем. Дар натиҷа, мушкилоти кадрӣ ҳалли худро ёфт, аммо норасоии неруи барқ ва кам будани имтиёз ба ин соҳа сабаби дар сатҳи зарурӣ рушд наёфтани соҳаи паррандапарварӣ мебошад. Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, мо кӯшиш мекунем, ки то соли 2015 ҷумҳуриро пурра бо гӯшти паррандаи ватанӣ таъмин намоем.
Имрӯз як кило гӯшти мурғи ватанӣ бо нархи 18 сомонӣ фурӯхта мешавад ва нисбат ба нархи ҳамин намуди маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда қиматтар аст (1 кг гӯшти аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳо воридшаванда дар бозорҳои пойтахт аз 9,5 то 12 сомонӣ нарх дорад). Вобаста ба ин паҳлуи масъала ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ки имрӯз хӯрока, минералҳо, дору ва ваксинаҳо аз кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Федератсияи Россия, Эрон, Покистон, Аргентина, Олмон, Исроил ворид мешаванд, ки хароҷоти калонро талаб мекунанд. Масалан, имрӯз қимати як тонна орди лӯбӣ, ки барои истеъмоли паррандагон пешбинӣ шудааст, то ба фермаҳои паррандапарварӣ дастрас шуданаш 1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин сабаб тамоми хароҷот ба болои нархи маҳсулот зам мегардад, ки дар натиҷа қиматаш низ гарон мешавад. Машокир Назаров ҳамчунон гуфт, ки маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда нисбат ба маҳсулоти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда сифати паст дорад.
Доир ба сифати гӯшт ва тухми мурғи воридотӣ сармутахассиси маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров мегӯяд, ки то имрӯз маҳсулоти ғайристандартии гӯшту тухм ҳангоми воридот ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳолати дар фурӯшгоҳҳо мавҷуд будани тухми мурғ, ки муҳлати истифодааш гузаштааст, ба назар мерасад. Вобаста ба ин ҳолат ду нафар соҳибкор ҳатто ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Бино ба гуфти масъулини соҳаи паррандапарварӣ, имрӯзҳо вилояти Суғд бо тухми ватанӣ пурра таъмин буда, ин намуди маҳсулотро аз хориҷи кишвар ворид намекунад. Дар робита ба ин паҳлуи масъала директори генералии фабрикаи паррандапарварии «Хуҷанд»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Тоҳирҷон Зоиров, ки собиқаи кории чилсола дар ин соҳа дорад, мегӯяд, ки воқеан ҳам соҳаи паррандапарварӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ буда, нисбат ба солҳои гузашта дар ҳолати хеле хуб қарор дорад. Мавсуф илова намуд, ки аз сабаби зиёд будани гӯшт ва тухми воридотӣ аҳолӣ ба гӯшт ва тухми ватанӣ камтар таваҷҷуҳ менамояд, зеро тухму гӯшти воридотӣ нархи арзон дошта, тамоми бозорҳои моро забт намудааст. Ин дар ҳолест, ки тухм бояд пас аз ҳафт рӯз дар яхдон (дар ҳарорати аз +6 то +10 дараҷа) нигоҳ дошта шавад. Тухме, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, муддати зиёд дар роҳ мемонад ва хусусияти фоиданокиаш хеле паст мегардад. Дар баробари ин Тоҳирҷон Зоиров ҳамчунон изҳор дошт, ки то соли гузашта воридоти хӯроки омехта аз андоз озод буд ва тухми истеҳсолкардаи корхона хароҷоташро мепӯшонд. Ҳоло бекор кардани имтиёзи мазкур боис мешавад, ки тухми дар Суғд истеҳсолшударо ба бозорҳои минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ бароранд, чунки тухми ватанӣ аз сабаби қиматтар будани нархаш бо тухми воридотӣ рақобат карда наметавонад. Аз ин рӯ, моҳе пеш 65 фоизи мурғи тухмиро забҳ карданд. Ҳоло зиёда аз 10 тонна гӯшти паррандаи фабрикаи паррандапарварии «Хуҷанд»-ро ба фурӯш бароварда наметавонанд ва агар пеши роҳи воридоти гӯшти мурғро нагиранд, аз эҳтимол дур нест, ки корхонаҳои паррандапарварӣ муфлис шуда, аз фаъолият монанд.
Сардори шуъбаи назорати корҳои бозрасии Хадамоти давлатии назорати байторӣ Тоҷибек Норов изҳор намуд, ки маҳсулоти аз хориҷ воридшаванда дар роҳ вайрон намешавад, зеро овардани маҳсулоти тезвайроншаванда тавассути ҳар гуна мошинҳо манъ аст. Барои кашонидани гӯшт ва тухм низ мошинҳои махсус мавҷуданд, ки дар дохили он имконияти вайроншавии маҳсулот вуҷуд надорад. Маҳсулот, пас аз он ки ба нуқтаҳои савдо тақсим карда мешавад, эҳтимолияти вайроншавиаш бештар ба вуҷуд меояд. Дар масъалаи сифати маҳсулот номбурда чунин гуфт:
-Давлатҳое, ки ба содир кардани гӯшту тухми мурғ машғуланд, на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба 60-70 давлати дигар низ ҳамин намуди маҳсулотро содирот мекунанд. Барои мисол, заводи АЛОНА-и Ҳиндустон ба 64 давлати дунё гӯшт ва тухми мурғ содир менамояд. Агар маҳсулот пастсифат бошад, ҳамаи ин давлатҳо аз харидории он даст мекашанд ва корхона рӯ ба муфлисшавӣ меорад.
Номбурда инчунин афзуд, ки парвариши мурғ дар ҳама давлатҳо қариб, ки якхела аст. Масалан, агар мурғи гӯштиро дар Эрону Ҳиндустон 42-45 рӯз парвариш намоянд, дар Тоҷикистон низ ҳамин муҳлат кифоя аст, ки мурғ то зиёда аз 2 кг вазн гирад. Ғайр аз ин, имрӯз аз чӯҷаи якрӯза то хӯроквориву дорувориҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд. Аз ин сабаб мо наметавонем бо мақсади таблиғи маҳсулоти худӣ маҳсулоти воридшавандаро пастсифат унвон кунем. Модоме тухму гӯшти воридотӣ пастсифат бошад, бо сабабҳои зикршуда гӯшт ва тухми ватанӣ низ сифати хуб дошта наметавонад.
Тоҷибек Норов дар идомаи суҳбат гуфт, ки вақте соҳибкор барои ворид намудани маҳсулот ба Хадамоти назорати давлатии байторӣ ариза медиҳад, безарар будани маҳсулоти воридмекардаашро кафолат дода, ҷавобгарии сифатро пурра бар дӯши худ мегирад. Дар ҳолати ба талаботи байториву санитарӣ ҷавобгӯй набудани маҳсулот хароҷоти несту нобуд кардани он низ ба зиммаи соҳибкор гузошта мешавад. Пас, кадом соҳибкор мехоҳад, ки маҳсулоти пастсифатро ворид намуда, ба ҷойи фоида зарар бинад! Инчунин намояндагии мақомоти назорати давлатии сифати маҳсулот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият доранд, ки ҳуҷҷатгузории молу маҳсулотро барои вориди қаламрави Тоҷикистон гардонидан ба расмият медароранд. Дар ҳолати ҷавобгӯй набудан ба стандарти давлатӣ ва сифат ягон намуди маҳсулот аз сарҳад вориди ҷумҳурӣ намешавад.
Иддаои дигари масъулини соҳаи паррандапарварии мамлакат дар масъалаи манъи воридоти гӯшт ва тухми мурғро сардори Хадамоти назорати давлатии байторӣ Муллоҷон Амирбеков рад намуда, гуфт, ки ин кор хилофи яке аз принсипҳои асосии Созмони Умумиҷаҳонии Савдост, ки гардиши бемамониати молу маҳсулот дар қаламрави давлатҳои аъзоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, мо воридотро беасос манъ карда наметавонем. Оиди дар кадом ҳолат манъ кардани воридоти маҳсулот номбурда афзуд:
- Вақте ки дар давлатҳои содиркунандаи маҳсулот ягон намуди касалӣ пайдо мешавад, муваққатан ворид кардани молу маҳсулоти марбут ба соҳаи гирифтори беморӣ манъ карда мешавад. Мавсуф бар он назар аст, ки молу маҳсулоти ватаниро рақобатпазир кардан лозим аст. Дар ин ҳол воридот кам шуда, таваҷҷуҳи мардум ба маҳсулоти ватанӣ зиёд мешавад.
Соҳаи паррандапарварӣ, дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 451 аз 3 октябри 2006 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» қабул шудааст, ки барои пешрафти ин соҳа нақши назаррас дорад. Масъулини соҳаи паррандапарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, мегӯянд, ки то ба имрӯз баъзе бандҳои муҳими барномаи мазкур иҷро нашудааст. Масалан, ҷудо кардани қарзҳои бонкӣ ба маблағи 40 миллион доллари ИМА барои 18 корхонаи паррандапарварӣ, ки дар барнома омадааст, то ба имрӯз амалӣ нашудааст. Ғайр аз ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №93 аз 2 марти соли 2013 таҷҳизоти технологии вобаста ба соҳаи паррандапарварӣ, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шудааст.
Машокир Назаров мегӯяд: хуб мебуд, агар воридоти хӯрокаро низ ақаллан то соли 2015 аз андоз озод мекарданд, зеро зиёдтар дастрас будани хӯрока барои дар муҳлати муайяншуда парвариш намудани чӯҷаҳои гӯштӣ мусоидат менамояд. Доир ба ташкили корхонаҳои паррандапарварӣ бошад, масъулини КВД «Саноати паррандапарварӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки имрӯз дар ин самт мушкилот вуҷуд надорад. Ҳар касе, ки хоҳиш ва имконияти ба паррандапарварӣ машғул шудан дошта бошаду ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд, ҳатман барои ба мақсад ноил гардиданаш мусоидат карда мешавад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»