Равшангари таърихи милитсия

№137 (4087) 14.11.2019

DSC_4929Доктори илми таърих, профессор Розиқзода  Абдулҳаким  Шералӣ  беш  аз 20 соли умрро барои омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни таърихи кишвар бахшидааст. Бахусус, дар ҷодаи таҳқиқу баррасии таърихи милитсияи тоҷик комёбиҳои назаррас дорад. Ӯ яке аз аввалин муҳаққиқони таърихи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон буда, саҳифаҳои норавшани ин бахшро аз нимаи дуюми асри XIX хеле нозукбинона таҳқиқ кардааст.

Фаъолияти илмӣ – пажӯҳишии муҳаққиқ аз  соли 1986 дар кафед­раи «Таърихи ҲКИШ ва иқтисодӣ-сиёсӣ»-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб  оғоз ёфтааст.

Сипас, Абдулҳаким Розиқзода ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Бо оғози таҳсил марҳилаи нав дар зиндагиву пажӯҳишҳои олим оғоз гардид ва ӯ ба фаъолияти илмӣ ҷиддӣ машғул шуд.

Қаҳрамони матлаб, таҳти роҳбарии профессор М. Бобохонов дар мавзӯи «Истеҳсолоти ҳунармандию косибӣ  дар Бухорои  Шарқӣ дар охири асри XIX — ибтидои асри XX» ба таҳқиқ шурӯъ намуд.

- Он солҳо, — мегӯяд А. Розиқзода,  ба ман сабақҳои зиёд доданд. Аз роҳбарам, профессор М. Бобохонов на танҳо нозукиҳои кори илмӣ ва нигориши таърих, балки дарси одамият ва садоқату фидокориро низ омӯхтам.

Баъди хатми аспирантура ӯро ба кор ба Мактаби милитсияи Тоҷикистон даъват карданд ва минбаъд кори илмиро ба фаъолияти омӯзгорӣ муштарак идома дод.

Моҳи январи соли 1994 рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя намуд. Бояд зикр намуд, ки он таклифу пешгӯиҳое, ки муҳаққиқи ҷавон дар рисолаи илмиаш ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии кишвар пешниҳод намуд, ҳоло бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.

Ҳангоми таълими фанни махсуси «Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ» ӯ дарк намуд, ки ин бахши таърихи кишвар ҳанӯз ба тарзи бояду шояд омӯхта нашудааст. Биноан, аввалин шуда, таҳқиқи таърихи милитсияи тоҷикро бар дӯш гирифт.

Ҳамин тавр, Розиқзода аз соли 1995 ба таҳқиқи ҳаматарафаи таърихи таъсис ва ташаккули милитсияи  Тоҷикистон оғоз кард.

Барои таҳқиқи ҳаматарафаи мавзӯъ ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, матолиби матбуоти даврӣ, адабиёти илмӣ-оммавии мавҷуда талаботи олими нуктасанҷу пухтакорро қонеъ карда натавонистанд. Ин буд, ки олими ҷавон барои ҷустуҷӯйи матолиби илмӣ ва таҳқиқи минбаъдаи онҳо ба бойгониҳои бонуфузи собиқ Давлати Шӯравӣ ба шаҳрҳои Москваю Тошканд сафар намуд. Собиқ вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковник Ҳомиддин Шарифов, ки нисбат ба таърих ва  гузаштаи милитсияи тоҷик таваҷҷуҳи хос дошт, сафарҳои илмӣ-хидматии А. Розиқзодаро берун аз ҷумҳурӣ  дастгирӣ кард.

Он солҳо Абдулҳаким Розиқзода баробари фаъолияти илмӣ ба кори таълиму тарбия низ машғул буд. Дарсҳояшро дар асоси маълумоти бойгонӣ ҳамеша шавқовар мегузаронд.

Моҳи декабри соли 2002 ӯ рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намуд. Ҳайати шӯрои диссертатсионӣ, ки ба он олимони варзида — академикон Р. М. Масов, А. М. Мухторов, Н. Н. Неъматов (рӯҳашон шод бошад) ва Ю. Я. Ёқубов, Н. Б. Ҳотамов ва дигарон шомил буданд, ба як овоз эътироф карданд, ки яке аз беҳтарин рисолаҳои докторӣ дар замони истиқлолият аст.

Ӯ муаллифи беш аз 10 китобу дас­тури таълимӣ ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ – методӣ ва илмӣ – оммавӣ оид ба таърихи милитсия ва ғайра мебошад.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва таҷрибаи доктори илми таърих Абдуҳалим Розиқзодаро ба назар гирифта, ӯро соли 2006 ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъин намуданд. Азбаски ин муассисаи олии касбиро ҳанӯз аз замони шӯравӣ хуб медонист, дар андак муддат корҳои наҷибро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, теъдоди зиёди донишҷӯёнеро, ки танҳо номашон дар журналҳо буду худашон не, боҷуръатона (дар як семестр 711 донишҷӯро) хориҷ намуда, дарсгурезҳоро ба аудитория ҷалб намуд.

Моҳи январи соли 2009 ӯро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намуданд.

Дар давраи роҳбарии генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳаким  дар Академияи ВКД 29 олими дараҷаи унвонҳои илмидошта, аз ҷумла, 4 доктори илм, 25 номзади илм, фаъолият доштанд, ки  нисбат ба солҳои пешин натиҷаи назаррас ба ҳисоб мерафт.

Дар он давра дастовардҳои олимони академия дар самти таъбу нашри китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ низ арзанда буд. Дар панҷ соли роҳбарии Розиқзода Абдулҳаким аз ҷониби олимони академия зиёда аз 40 монография, 20 китоби дарсӣ ва садҳо мақолаи илмӣ таҳия ва нашр шуданд. Олимони академия бо сарварии А. Розиқзода дар омода намудани Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҷумҳурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» ва ғайра фаъолона ширкат намуданд.

Бо мақсади тайёр кардани кадрҳои соҳаи  хизмати давлатӣ Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 августи соли 2013) таъсис дода шуд. Бо дарназардошти таҷрибаи роҳбарӣ доштан Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ сарвари он таъин гардид.

Дар давраи начандон тӯлонии роҳбарии ӯ донишкада дорои заминаи пурқуввати таълимию методӣ ва моддию техникӣ  гардид.

Маҳз ин хислатҳои инсонӣ, сифатҳои касбӣ ва масъулиятшиносиаш буданд, ки баъди таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро роҳбари ин муассисаи бонуфуз таъин шуд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Абдулҳаким Розиқзода тавонист фаъолияти ин муассисаро дар сатҳи хубу сифати баланд  роҳандозӣ намояд.

Заҳматҳои софдилонаи ӯ бо медали «Хизмати шоиста» (2003), унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2011)  ва чандин медалҳои касбии кишварҳои ИДМ қадрдонӣ гардидааст.

Бигзор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, ки машъали дурахшони илму маърифат ва фарҳанги миллӣ ҳастанд, ҳамеша дар зиндагӣ солиму тандуруст ва дар ҷодаи илму роҳбарӣ комёб  бошанд.

Қ. ИСКАНДАРОВ, доктори илмҳои таърих,

Баҳриддин АЛИЗОДА, номзади илмҳои филология, 

Раҷаббой ҶӯРАЕВ, номзади илмҳои фалсафа