Усули нави теракти наҳзатиҳо бо истифода аз COVID-19

№62 (4168) 23.05.2020

Паҳншавии бесобиқаи вируси COVID-19 дар олам ҳамаро нигарон намуда, боис ба тарсу ваҳми мардум гардидааст. Кишварҳои гуногун тамоми таҷрибаи илмиву назариявӣ ва иқтисодиро ҷиҳати бартараф намудани он сафарбар намуда, дунболи раҳоии бармаҳал аз офати хонумонсӯз дар дохил ва хориҷ кумакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ менамоянд.

Аммо дар чунин рӯзҳои вазнин иддае аз «наҳзаттаборҳо»-и бегонапарасту меҳанфурӯш ва бархе аз расонаҳои иғвоангези тобеи он аз ин вазъияти ногувори бар сари мардуми кишвар омада истифода карда, дар он манфиатҳои шахсӣ меҷӯянд. Чун ҳамеша онҳо ба мақсади ноором сохтани вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ наворҳои худсози бардурӯғу бофта, хабарҳои иғвоангезро дар байни шаҳрвандон паҳн намуда, талошу заҳматҳои Ҳукумати кишварро нодида мегиранд. Албатта ин амалҳои зишт ва табиати бегонапарастии онҳо барои ҷомеа амали нав нест, зеро онҳо баъди аз даст додани ҷойгоҳи сиёсӣ дар Тоҷикистон, талош варзида истодаанд, то лоақал аз худ дарак диҳанд. Вале он аҳримантоифаҳо фаромӯш кардаанд, ки таърихи миллати тоҷик онҳоро ҳамчун бегонапарасту меҳанфурӯш бо ранги хун сабти ном кардааст ва ҳеҷ гоҳ кирдорҳои манқуртонаашонро фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки умри пулу ҳадяву меҳмоннавозии хоҷагони хориҷӣ тӯлонӣ нест. Фардои онҳо ба монанди «Суннатуллоҳ К», ки бо иттиҳоми тарҳрезии амали террористӣ чанде пеш дар Аврупо дастгир гардид, анҷом хоҳад ёфт.

Бадбинии ин тоифа то ҷоест, ки яке аз ҳамсангарони наҳзатиҳо бо номи «Баҳҷат Собир» (яке аз аъзои ташкилоти террористии Ихвон-ул-муслимин» дар Британия) аъзои гирифторшуда бо вабо (коронавирус) -ро супориш додааст, то ба идораву корхонаҳои давлатӣ рафта, дар васати онҳо бемории сирояткунандаро бештар паҳн намоянд. Онҳо дарк намекунанд, ки оқибати гирифторӣ ба вирус метавонад ба фавт рӯ ба рӯ гардонад. Шак нест, ки онҳо исломро барои худ чодар мегиранд, ин дар ҳоле ки ҳама кирдори онҳо зидди фармудаҳои ислом мебошад, зеро гуноҳи куштани як инсон аз хароб кардани «Каъбатуллоҳ» бузургтар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки пас аз муддати тӯлонии набудани вирус дар кишвар, маҳз ҳамин тоифа сабаби пайдошавии он дар Тоҷикистон гардида бошанд, маҳз бо дасти ин тоифаи разилу бадхоҳ миллат ҳоло ранҷ мебарад. Вуҷуди Кабирию Истаравшаниву Варқиву Муҳаммадиқбол ва дигар нохалафони бегонапараст барои ҷомеа аз пайдоиши вируси «тоҷдор» дида хатарноктар аст.

Дар асоси охирин омори муассисаҳои исломии Ховари Миёна, танҳо тайи чанд моҳи пайдо шудани «коронавирус» панҷоҳу панҷ дарсади фатвои ташкилотҳои тундгаро ва террористӣ (асосан салафиҳо ва ихвониҳо — наҳзатиҳо) дар атрофи масъалаи интишори вабои COVID-19 чарх мезанад. Онҳо пайдо гардидани ваборо дар байни мардум бо ҳар роҳу васила ба манфиатҳои сиёсӣ анҷом додан мехоҳанд. Талош меварзанд мардумро дар фазои биму тарс қарор диҳанд. Инро ҳар рӯз дар амалҳои роҳбари наҳзатиҳои террорист Муҳиддин Кабирӣ ва чоплусони атрофи ӯ мушоҳида мекунем.

Чуноне медонем, наҳзат яке аз шохаҳои «Ихвон-ул-муслимин» мебошад. Вобаста ба муқобили инсоният эълони ҷанг намудани ин ташкилот вазири ёдгориҳои динии Миср Муҳаммад Мухтор чунин гуфтааст: «Ҳатман ихвониҳо ақли худро аз даст додаанд ва ҷиноятҳои онҳо аз сатҳи тасаввуроти инсоният баланд рафта, хатари онҳо оламгир шудааст…».

Ёдовар мешавем, ки бемории «вабо» дар саҳифаҳои таърихи ислом бисёр дарҷ гардидааст. Машҳуртарини он дар соли 18-и ҳиҷрӣ (639 мелодӣ), дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб бо вабои «Амвос» ёдовар гардидааст. Дар он сол 25 ҳазор нафар фавтид, ки аз ҷумлаи онҳо Абу Убайда ибни Ҷарроҳ, Муоз ибни Ҷабал, Язид ибни Абу Суфён ва Шараҳбил ибни Ҳасан, ки аз саҳобагони Пайғамбари ислом ба шумор мерафтанд, мебошанд. Дар ин бобат Пайғамбари ислом мардумро барои риояи «карантин» даъват намуда, фармудааст: «Агар аз вуҷуди он (вабо) дар шаҳре шунидед, пас ба он шаҳр наравед ва агар дар он шаҳр қарор дошта бошед, пас аз он нагурезед».

Умед дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба дасисаву фитнаи пайравони Кабирӣ дода нашуда, барои оромиву суботи иқтисодии кишвар ҳар чӣ бештар талош меварзанд. Барои аз ин вартаи офат баромадан бояд якҷо ва якдилона амал намуда, ҳар чӣ бештар тибқи роҳнамоии ниҳодҳои расмӣ амал намоем.

Далер УЛУҒЗОДА, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон