Зикри хайр

Вакиле, ки аз меҳнаташ сесад ҳазор зан метавонистанд атласпӯш шаванд

№85 (4035) 16.07.2019

Кахрамон18 июни соли равон Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон дар солҳои 1963 — 1967 Фотима Сӯфихонова дар синни 91 аз дунё гузашт.

Ӯ 6 октябри соли 1928 дар деҳаи  Паткунови ноҳияи Қалъаи хум (ҳоло Дарвоз) таваллуд шудааст. Дар ҳаштсолагӣ падар ӯро ба мактаби ҳафтсолаи деҳа бурд, то соҳиби хату савод гардад. Айёми таҳсил ва наврасии вай дар солҳои  вазнини Ҷанги Бузурги Ватании 1941 — 1945 гузашта, баъди хатм, ки он замон 14 сол дошт, узви колхоз шуд.

Соли 1948 ӯро бо розигии шавҳараш, ки як сол пеш (1947) бо ҳам издивоҷ карданд, чун колхозчидухтари пешқадам, дорандаи нишони «Иштирокчии фронти меҳнатӣ» ба сардори звенои пиллапарварии колхоз пешбарӣ карданд. Нахустин бор соли 1948- ум 198 кг пиллаи аълосифатро ба давлат супорид.

Таҷрибаи пешқадами кирмакпарварони навоҳиии  вилоятро омӯхт. Қоидаҳои агротехника оид ба пиллапарвариро риоя карда, муҳлати таниши кирмакро аз 35 — 40 рӯз то ба 20 — 22 рӯз расонид. Дар натиҷа, ҳосилнокии ҳар як қуттӣ тухми кирмак ба 110 — 140 кг пиллаи хушсифат расид.

Минбаъд касби асосии ӯ пиллапарварӣ гардид ва сол то сол нақшаро барзиёд иҷро мекард.

Фотима беш аз 40 сол ба кирмакпарварӣ машғул шуда, устоди касб гардид. Таҷрибаи андӯхтаи ӯ солҳои сол мавриди омӯзиши ҳамкасбон гашт.

Бо кумаки рӯзноманигор Ҷӯрахӯҷа Назриев (рӯҳаш шод бод) тавонистем, ки нақшаи пилласупории Фотима Сӯфихоноваро тайи солҳои 1949 то 1988 тартиб диҳем.

Солҳои 1949 — 213 кг, 1950 — 224, 1951 — 229, 1951 — 229, 1952 — 260, 1953 — 265, 1954 — 280, 1955 — 268, 1956 — 288, 1957 — 295, 1958 — 356, 1959 — 365, 1960 — 373, 1961 — 389, 1962 — 368, 1963 — 367, 1964 — 385, 1965 — 365, 1966 — 330,  1967 — 386, 1968 — 345, 1969 — 360, 1970 — 365, 1971 — 380, 1972 — 386, 1973 — 405, 1974 — 365 кг, 1975 — 387, 1976 — 408, 1977 — 442, 1978 — 400, 1979 — 408, 1980 — 405, 1981 — 442, 1982 — 450, 1983 — 430, 1984 — 444, 1985 — 450, 1986 — 470, 1987 — 436, 1988 — 330 кг.

Дар маҷмӯъ, ҳар сол аз ҳар қуттии тухми кирмак беш аз 400 килограмм пилла ба даст меовард. Масалан, бахшида ба парвози аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Ю. Гагарин соли 1961 — 389 кг, 50 — солагии ташкилёбии РСС Тоҷикистон соли 1964 — 385, 40 — солагии ВАБК соли 1965 — 365, 50 — солагии Ғалабаи Инқилоби Октябр — соли 1967 — 386, 100 — солагии зодрӯзи В. И. Ленин соли 1970 — 365, 50 — солагии ВМКБ — соли 1975 — 387, 40- солагии Ғалаба бар фашизми Германия соли 1985- 450 кг пилла ба даст овард.

ӯ се даъват депутати Совети қишлоқи Паткуноб, ду даъват депутати Совети депутатҳои халқи ноҳияи Қалъаи хум, ду даъват депутати Совети  депутатҳои меҳнаткашони ВАБК интихоб шуда, ҳамдиёронаш ӯро аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи хум, №289, ноҳияи Ванҷи ВАБК, солҳои 1963 — 1967 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб карданд.

Пиллапарвари номдор соли 1989 ба саволи мухбири радиои вилоятӣ чунин ҷавоб додааст:

«… Ҳоло нафақахӯр ва маҷрӯҳи гурӯҳи  II мебошам, вале ба маъюбии худ нигоҳ накарда, баҳри иҷрои нақшаҳои давлатӣ самаранок  кор карда истодаам. Нақшаи панҷсолаи даҳум оид ба пилласупориро дар зарфи 2- 4 моҳ иҷро карда, ба ҷойи 900 кг, 2142 кг пилла ба даст оварда, нақшаи  панҷсолаи даҳумро сарбаландона иҷро кардам. Оид ба иҷрои нақшаи панҷсолаи  ёздаҳум бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки дар се соли ин панҷсола ба ҷойи 840 кг пилла 1343 кг пилла ба даст овардам».

Дар баробари меҳнати пурсамар ва софдилона Фотима ва шавҳараш Шодӣ Зарипов 10 фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия карданд. Духтараш Зайтуна касби модарро пеша кард, то ба нафақа баромадан ба пиллапарварӣ машғул буд. Розибек омӯзгори фанни математика ва Ғозибек омӯзгори химияи мактаби миёнаи №5 — и ноҳияи Давроз, Фозилбек меъмори дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Дарвоз, Олимбек — корманди «Тоҷикматлубот», духтаронаш Ҷаннатӣ, Дурбибӣ, Садбарг, Қимат ва Сарвар дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ кор мекунанд.

Меҳнати ӯро бо ордени Ленин ва унвонҳои олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамонмодар, медалҳои «Барои меҳнати шуҷотнок», «Ба ифтихори 100 — солагии В. И. Ленин», «40 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941- 1945», медалҳои нуқра ва тиллои Намоишгоҳи комёбиҳои ҳоҷагии халқи СССР ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Сураташ он солҳо лавҳаи фахрии НКХХ — и шаҳри Москва, рӯзномаву маҷаллаҳои Иттифоқи Советӣ ва Тоҷикистонро зеб медод. Дар борааш очерку мақолаҳо ба табъ мерасиданд. Дар яке аз шумораҳои соли 1981- и рӯзномаи «Бадахшони советӣ» мақолаи «Ситораи Фотима» (муаллиф Н. Бобоев) чоп шудаст, ки далелҳои аҷоиб дорад:

«… Яке аз ҳисобчиёни совхоз ҳисоб кардааст, ки дар зарфи сӣ сол Фотима Сӯфихонова зиёда аз 12 тонна пиллаи аълосифат тайёр карда, ба давлат супоридааст. Аз ин миқдор пилла қариб як миллион метр матои абрешим бофта шудааст, ки он барои дӯхтани куртаи атлас барои сесад ҳазор зан басанда аст».

Кору номи неки ӯ то абад зинда хоҳад монд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»