Камобӣ ё вақте ки содирот аз воридот зиёд аст

№8 (4270) 21.01.2021

11111111 (1)Гузориш аз НБО-и «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев

Дар дилхоҳ соҳа, вақте ки таносуб вайрон мешавад, ҳатман мушкил ба вуҷуд меояд. Дар соҳаи энергетика, ки 90 дарсади барқ тавассути об истеҳсол мегардад, камбудию тавозун дар воридоту содироти об таносубро халалдор месозад.

Аз 5 январи соли равон дар кишвар (ғайр аз хонаҳои баланд­ошёна) аз соати 23 то 6-и саҳар интиқоли неруи барқ қатъ шуд. Шашуми январ Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, сабаби ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли неруи барқро кам шудани об дар дарёи Вахш арзёбӣ кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар то аввали моҳи декабр рӯзона низ барқ хомӯш мешуду масъулин онро ба ҷараён доштани таъмир рабт дода буданд. Як моҳ нагузашта ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли неруи барқ боис шуд, ки қисме аз аҳолӣ ба воқеияти сабабҳои эълоннамудаи масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» шубҳа карданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки аз НБО «Норак» дидан намоем.

Зимни суҳбат директори НБО «Норак» ба номи Т. Ӯлҷабоев, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Шоиддинов иттилоъ дод, ки 17 январи соли 2020 сатҳи болоии обанбор дар нуқтаи 885,22 метр қарор дошт, ки нисбат ба ҳамин санаи соли пеш (888,73 метр) 3,51 метр кам мебошад. Воридоти об дар ин рӯз 182 метри кубӣ дар сония, содироти об ба воситаи агрегатҳо бошад, 470 метри кубӣ дар сонияро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо соли 2020 мутаносибан 219 ва 642 мет­ри кубӣ дар сонияро ташкил медоданд.

- Ҳаҷми воридоти солонаи об ба обанбор соли 2020-ум 17 миллиарду 188 миллиону 134 ҳазору 400 метри кубиро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019 ба миқдори 4 миллиарду 318 миллиону 617 ҳазору 600 метри кубӣ кам мебошад. Дар 17 рӯзи моҳи январи соли ҷорӣ ба обанбор 286 миллиону 416 ҳазор метри кубӣ об ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин рӯзи як соли пеш 51 миллиону 408 ҳазор метри кубӣ кам аст. Бо ин ҳаҷми об метавон 29 миллиону 376 ҳазор кВт.соат неруи барқ истеҳсол кард, — изҳор дошт номбурда.

Фазлиддин Шоиддинов 42 сол боз дар НБО «Норак» фаъолият дорад ва таҳаввулоти бавуҷуд­омадаро хуб медонад. Ӯ изҳор дошт, ки то ба ин сатҳ кам шудани оби дарёи Вахш дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

- Соли гузашта яке аз солҳои камобӣ барои неругоҳ ба ҳисоб меравад. Аз моҳи июни соли 2020 воридоти об тадриҷан кам гардида, чунин ҳаҷми воридоти об солҳои 1986 ва 1989 ба қайд гирифта шуд, — таъкид кард ҳамсуҳбатам.

Бино ба гуфти номбурда, пас аз ҷорӣ намудани маҳдудият шабонарӯз то 25 миллион кВт.соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Агар истеҳсол дар сатҳи то 25,1 миллион кВт.соат нигоҳ дошта шавад, захираи об то 31 марти соли ҷорӣ мерасад. Дар сурати зиёд кардани истеҳсол то 33 миллион кВт.соат захираи об танҳо барои 56 рӯз, яъне то 14 март кифоя аст.

Чун сарбанди НБО «Норак» 300 метрро ташкил медиҳад, шояд қисме аз ҳамватанон гумон кунанд, ки барои истеҳсоли неруи барқ ҳамаи оби обанбор истифода мешавад. Баъзе аз нафароне ҳастанд, ки ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз пур будани об «шаҳодат» медиҳанд. Аммо воқеият чунин нест. Тибқи талабот, барои фаъолияти самарабахши НБО «Норак» 53 метри обро истифода кардан мумкин аст. Аз ин сатҳ поён рафтан ба кори неругоҳ таъсири манфӣ мерасонад. Бино ба иттилои масъулини неругоҳ, то 17 январи соли равон сатҳи обанбор 25 метр паст шудааст.

- Айни замон дар як сония 288 метри кубӣ об аз обанбор истифода шуда истодааст. Агар сарфа накунем, имкони бе барқ мондан вуҷуд дорад.

Мувофиқи таҳлил ва мушоҳидаҳо, давраи зиёд шудани об дар ҳавзаи дарёи Вахш ба охири моҳи май рост меояд, вақте ки ҳарорати шабонарӯзии ҳаво дар баландкӯҳҳо аз 0 боло мешавад. Агар барф бисёр бошад, моҳи март воридоти об аз ҳисоби барфу борони паҳлуии ҳавзаи дарё зиёд мешавад, ки он барои истеҳсоли барқ мерасад, — изҳор дошт Фазлиддин Шоиддинов.

Бино ба гуфти ӯ, дуюми сентябри соли гузашта обанбор то сатҳи ниҳоӣ аз об пур шуд. Аммо рӯз то рӯз кам шудани воридоти об боис гардид, ки аз 10 октябри соли 2020 барои дар сатҳи зарурӣ истеҳсол кардани қувваи барқ содироти об тавассути агрегатҳо зиёд карда шавад. Дар санаи зикршуда ба обанбор дар як сония 278 метри кубӣ об ворид ва 387 метри кубӣ содирот шудааст.

Ҳамсуҳбатам зикр кард, ки 7 агрегати НБО «Норак» дар ҳолати корӣ қарор ­дошта, 4 агрегат кор карда истодааст. Агрегати рақами 1 дар марҳилаи таҷдид қарор ­дошта, таъмири агрегати рақами 7 босуръат идома дорад.

Фазлиддин Шоиддинов дар фарҷоми суҳбат таъкид кард, ки шаҳрвандон бояд вазъи бавуҷудомадаро хуб дарк намуда, қувваи барқро сарфа кунанд.

Ташвиши масъулинро аз камобии имсола дарк кардан мумкин аст. Зеро 90 дарсади барқи кишвар тавассути неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад, ки қисми асосии ин миқдор низ ба силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш рост меояд. НБО «Қайроққум», ки дорои обанбори бузург аст, бо иқтидори 126 МВт тахминан 15 дарсади эҳтиёҷоти вилояти Суғдро бо барқ таъмин менамояд. Ҳиссаи силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш дар самти истеҳсоли неруи барқро мутахассисон 80 дарсад ҳисоб намудаанд. Ҳамватанонро мебояд, ки таъкиди масъулинро дар самти сарфакорона истифода намудани неруи барқ ҷиддӣ қабул намуда, бо ин амал дар таъмини гармиву рӯшноӣ саҳм гузоранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Душанбе — Норак – Душанбе