«Карон калсид» доираи фаъолиятро васеъ мекунад

№102 (4522) 17.08.2022

50243144833_1d7b079e67_oКорхонаи «Карон калсид», воқеъ дар мавзеи Вишхарви ноҳияи Дарвоз барои ширкатҳои сохтмонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Ҳисор маҳсулот — хокаи санги мармар истеҳсол менамояд.

Ин корхона ду сол муқаддам бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Сарвари он Кишвар Кабиров гуфт, ки соли нахустини мавриди истифода қарор гирифтан бинобар норасоии мутахассисон, дар он коргарон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кор мекарданд. Онҳо усулҳои корро ба ҷавонони таҳҷоӣ омӯзониданд. Имрӯз дар корхона 20 сокини маҳаллӣ фаъолияти пурсамар дошта, бо маоши хуб таъминанд.

Корхона дар як шабонарӯз 10 тонна ва дар як моҳ 300 тонна маҳсулот истеҳсол менамояд.

- Бо таъмини техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб мо ният дорем, ки истеҳсолотро дар корхона афзоиш дода, содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монем, — афзуд Кишвар Кабиров.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»