Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

М. Раҷабзода: кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар иҷрои нақшаҳо собитқадаманд

№167(3468) 07.12.2015

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 2 феврали соли 2016 аз ташкил гардиданаш расо 20 сол пур мешавад, соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти кишоварзӣ маҳсуб мегардад. Заминҳои корами обии ноҳия 3516 гектарро ташкил медиҳанд ва қариб 70 фоизи ин майдонҳо барои кишти картошка ва ғалладонагиҳо истифода мешаванд.

- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23- юми январи соли 2015 омадааст, ки нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаи саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

- Аз ин рӯ, кишоварзони ноҳия тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ пурсамар фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво чораҳои зарурӣ андешида, аз ҳар як ваҷаб замини корам самараноку оқилона истифода менамоянд ва нақшаҳои дар наздашон гузоштаро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Кишоварзони ноҳия соли равон нақшаи кишти баҳории зироат, аз ҷумла ғалладонагиҳоро 100 фоиз, сабзавотро 125 фоиз, бунёди боғҳои навро 170 фоиз иҷро намуданд.

Майдони кишти картошка дар ноҳия васеъ гардида, ҳосилнокии он давра ба давра афзоиш меёбад. Масалан, соли 2000 майдони кишти картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ 602 гектарро дар бар мегирифт. Соли 2008 бошад, он ба 1276 гектар расонида шуд. Соли 2014 дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ кишти картошка дар майдони 1512 гектар гузаронида шуда, картошкапарварон 56000 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Соли 2015 кишти картошка ба 1916 гектар расид. Картошкапарварони ноҳия аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ, зиёда аз 65 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданд, ки аз ҳар гектар 365 сентнериро ташкил медиҳад.

Соли 2015 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия тибқи дурнамо дар майдони 100 гектар кишти гандуми тирамоҳӣ гузаронида, иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин намуданд.

Дар доираи амалӣ намудани дурнамо оид ба бунёди боғҳои нав дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 гектар, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонии Камодон дар майдони 0,50 гектар, Виткон як гектар, Ревомутк як гектар, Истиқлол 0,50 гектар, Давроқов 1,5 гектар, Холмаҳмад Шоев 0,50 гектар, Шариф Ҳасанов як гектар, хоҷагии ҷангали ноҳия чор гектар ва хоҷагиҳои инфиродӣ дар майдони 8,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 24,1 гектар, аз ҷумла дар хоҷагии деҳқонии ба номи Б. Ғафуров дар майдони ду гектар, дар хоҷагии деҳқонии Табушн дар майдони ҳашт гектар ва дар хоҷагии деҳқонии ба номи Сафар Наврӯзов дар майдони 14 гектар кишти гандуми баҳорӣ гузарониданд.

Имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама шароиту имконияти зиёд кардани майдони кишти картошка ва афзоиш додани ҳосилнокии он мавҷуд мебошад, вале мушкилоти асосии соҳа нарасидани тухмии аълосифат аст. Агар масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳа имконияти дастрас намудани тухмии аълосифат ва ба иқлими ин мавзеъ мувофиқро таъмин намоянд, тавсеаи фаъолияти кишоварзон имконпазир мегардад, — мегӯяд раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Бино ба гуфти номбурда, соҳаи дигари афзалиятнок дар ноҳияи  Кӯҳистони Мастчоҳ парвариши оилаҳои занбӯри асал ба шумор меравад. Соли 2014 асалпарварони ноҳия аз 320 оила ҳафт тонна маҳсулоти аълосифат гирифтаанд. Имсол бошад, бо дарназардошти даромаднокии соҳа, асалпарварон шумораи оилаҳои занбӯри асалро ба зиёда аз 790 қуттӣ расонида, тахминан 15 тонна  асал гирифтанианд.

- Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Суғд, ки аз 18-ум то 21-уми октябр сурат гирифт, мардуми мо ғамхории навбатии Сарвари давлат барои суръатбахшии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мешуморанд. Чуноне ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, Президенти мамлакат тайи ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Ғончӣ, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд дар маросимҳои ботантанаи баистифодадиҳии иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ иштирок карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолони вилояти Суғд суҳбатҳо доир намуданд.

Ҳама хуб дарк карданд, ки мақсади асосӣ аз ин иқдомот таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишварамон мебошад.

- Мақсади асосии мо иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ривоҷу равнақ додани соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ ва ба ин васила саҳми муносиб гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, — гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»